logo

фарҳанг

КАРОН ЁФТ ШУД, БУБАСЕН ДАР КУҶОСТ?

Сарнавишти тоҷикон, ки яке аз қавмҳои калидии Ориёӣ мебошанд, саҳифаҳои  рангину ибратбахши таърихӣ дорад, вале роҳи таърихии онҳо яксону ҳамвор нест. Дар тӯли таърих онҳо дар баробари ноил шудан пешрафт, илму фарҳанги ҷаҳонгир, забони бою рангин ва марказҳои  бузурги тамаддунӣ қарнҳои зиёд зери куштори сартосарӣ ва талаю тороҷи истилогарон, зиндагии орому осоишта надоштаанд.

Аз ҷумла шаҳрҳои як замон ободу сераҳолии тоҷикон Бохтар (Бактрапойтахти давлати Бохтар), Чанд (дар соҳили дарёи Сир), Бубасен, Ҳулбук, Мунк, Саксанохур (Фархор), Тахти Сангин, Қубодиён, Қайқубодшоҳ, Леваканд (дар Хатлон), Карон (дар Бадахшон), Вахшгир, Шумон (дар водии Ҳисор), садҳо  шаҳру қасабаҳои тоҷикон дар ҳудуди имрӯзаи ҳамсояқишлоқҳо аз ҷумлаи шаҳрҳои гумгашта» - и тоҷиконанд.
Бубасен (Бурдон) дар маъхазҳои таърихӣ яке аз шаҳрҳои ободу зебои давлати Юнону Бохтар (асрҳои II – I пеш аз милод) номбар карда мешавад, дар  радифи ин шаҳрҳост, ки то ҳол тадқиқу аниқ карда нашудааст.
Шаҳри Бубасенро таърихнигорону бостоншиносон дар  наздикии Кӯлоб тахмин кардаанд. Доктори илми таърих Юсуфшоҳи Яқубшоҳ, ки аксар шаҳрҳои қадимаи  Хатлону Бадахшонро таҳқиқу муайян намудааст, қайд  менамояд, ки «дар топоними Кӯлоби имрӯза ду деҳа – Балҷувон ва Бунёдро ба Бубасен як донистан мумкин аст. Таҳқиқи қалъаи Балҷувон нишон дод, ки дар қабатҳои он замони ҳуҷуми Искандар ва баъди он нестанд. Аммо дар деҳаи Булёни поён (ноҳияи Данғара) ёдгориҳои асрҳои VI – I пеш аз милод ва I – XI милод зиёданд. Як тангаи замони  Юнону Бохтар ҳам пайдо  шудааст.  Аз ҳамин сабаб Бубасену Бурдон – Булёни Данғара аст. Таҳлили сарчашмаҳои таърихӣ собит месозад, ки вожаи  Бурдон ҳамин аст. («Данғара – маркази тамаддуни Бохтар». «Ҷумҳурият»», 16 марти соли 2010)
Баъди вафоти Искандари Мақдунӣ давлати  беканори истилокардаи ӯ ба се қисм – Миср, Македония ва Сурия  (Селевкиҳо) тақсим шуд. Давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҳайати  давлати Селевкиён (пойтахташ Бобулистон) монданд. Порт, Бохтар ва Суғд ба ҳайати он дохил мешуданд. Баъдтар Порт ва Бохтар аз ҳайати он ҷудо шуданд. Дар асри II пеш аз милод Бохтар  давлати алоҳида гашт ва номи Юнону Бохтарро гирифт.
Сабаби Юнону Бохтар ном гирифтани давлат он буд, ки дар Бохтар юнониёни зиёд – ҳарбиён, ҳокимон, ғуломон, косибону савдогарон, меъмору ҳунармандон боқӣ монда буданд ва сохти  идоракунии давлат низ ба сохти идораи Юнон монанд буд.
Искандари Мақдунӣ гарчӣ истилогар буд, аммо нишон додан барои қудрату ҳимати худу юнониҳо дар мулкҳои истилокардааш замина (нуқтаҳои такягоҳии ҳарбӣ) шаҳру қасабаҳои нав месохт. Бунёди Искандарияи Миср, чанд шаҳр дар Эрон, 8 – 12 шаҳр дар Суғду Бохтар аз ҳамин хотир буданд, ки қариб ҳама «Искандария» ном гирифта, ба он фақат номи мавзеи ҷойгириашон илова мешуданд. Дар сохтмони ин шаҳрҳо бештар санъату  маданияти меъмории Юнон мушоҳида мешуд.
Шаҳри Бубасен (Бурдон) агар чӣ таърихи аз замони  истилои Искандар пештар дорад, вале бозёфтҳои  бостонии он шаҳодат медиҳанд, ки дар солҳои  лашкаркашии Юнониён низ аз нав сохта шуда, дар асрҳои минбаъдаи мелодӣ хароб карда шудааст, ки осори он аз деҳаи  Булёни поён ёфт шудаанд.
Деҳаи Булёни поён солҳои дароз диққати муаррихонро ҷалб месозад. Солҳои 1958 – 1960 муаррихони машҳури шӯравӣ А. П. Окладников ва В. А. Ранов дар ин ҷо корҳои тадқиқотӣ бурда, исбот кардаанд, ки дар ин мавзеъ одамон аз давраи  маданияти неолит,  ки он камтар аз се ҳазор сол давом кардааст (ҳазораҳои VI – III пеш аз милод), зиста, ба шикору чорводорӣ машғул будаанд. Дар илми муосир онро «Маданияти Ҳисор» меноманд ва ёдгориҳои ин давра аз Тутқавул (деҳае зери обанбори Норак монда), Булёни поён ва Теппаи Ғозиёни Ҳисор кашф шудаанд. Ҳангоми кофтукови археологӣ аз деҳаи Булёни поён олотҳои сангини хоҷагию шикорӣ, аз ҷумла табари сангин, корду пайконҳо  ва ғайра ёфт шудаанд.
Макони ҷойгузини Бубасен будани Булёни поён ҷойи баҳс ҳам нест. Деҳа ба тамоми мавқеи ҷуғрофию табиияш ба талаботи шаҳрсозӣ мувофиқ аст. Деҳа дорои ду ёдгории калони таърихӣ – Тоҷикқалъа  ва Кофирқалъа аст. Кофирқалъа нисбат ба қалъаи дуюм масоҳати калонтарро дар бар гирифта, қисман аз хишти пухта бино ёфта, ҳоло дар зери хок аст. Дуртар аз қалъа дар байни дашт иншооти баланди муҳофизатӣ – дидбонгоҳҳо сохта шудаанд, ки имрӯз ҳам сунъӣ сохта шудани онҳо маълум аст. Муарриху бостоншиноси тоҷик Ҷонибеки  Асрориён талу теппаҳои худсохти маҳалҳои Хатлонро хуб омӯхта, қайд менамояд, ки   онҳо  баромади тиббӣ надоранд, балки вайронаҳои қария, қасаба, шаҳру истонҳои пешиниёнанд, ки бесоҳибии садсолаҳо бад – ин дастурашон карда». (Данғара – «Данғарам» аст?». «Бозаргон», 17 – 18 октябри соли 2002). Тақдири қалъаи дуюми деҳа – Тоҷикқалъа низ фоҷиабор аст. Дар шаҳристони он солҳои 60 – уми асри гузашта обанбор сохтаанд, болои қисмати боқимонда хонаҳои истиқоматӣ. Хушбахтона, қисми марказии қалъа ҳанӯз побарҷост, ки бояд муҳофизат шавад. Тоҷикқалъа ёдгории асрҳои IX – XII Хатлон аст.
Нишони дигари ба шаҳрсозӣ мувофиқи деҳа мазористони куҳнаи он аст. Деҳа калон, зиёда аз 500 хоҷагӣ дорад, аммо масоҳати мазористони куҳна аз ҳудуди деҳа калонтар буда, ними он дар зери хонаҳои истиқоматӣ буда, қисми дигар ба чарогоҳу майдони кишт табдил ёфтааст.
Афсӯс, мазористони кӯҳнаи деҳа то имрӯз омӯхтаю таҳқиқ нашудааст.
Дар натиҷаи корҳои сохтмонӣ ва азхудкунии заминҳо аз ҳудуди деҳа ёдгориҳои бисёре ёфт  мешаванд. Хусусан,  зерсутунҳои устокорона сохташудаи сангӣ, тахтасангҳои калони сохтмонӣ, қолаби гаҷии рӯйи ҳайкали сангвори юнонӣ, кӯзаҳои калони ғунҷоишашон аз 100 литр ҳам зиёд, косаю табақҳои сафолин, тангаҳо, оташхонаи маъбадҳо ба бозёфтҳои  Тахти Сангин, Саксанохур, Ойхонуми Афғонистон монанд буда, дар баробари  фарҳангу тамаддуни Бохтари қадим, инчунин аз фарҳанги эллинӣ далолат мекунанд. Ба- вижа зерсутунҳои биноҳо зебо сохта шуда, қисми поён чоркунҷа ва қисми болоӣ даврашакл мебошанд. Онҳо айнан зерсутунҳои даврони эллинӣ буда, дар бунёди қасру кушкҳои ва маъбадҳо  истифода мешуданд, ки назир надоранд. Аз харобаҳои шаҳристони куҳна сафопораҳои асри биринҷ, ёдгориҳои замони ҳахоманишиҳо, сиккаҳои давлати Юнону Бохтар ва олоту анҷоми асрҳои IX – XII  ёфт шудаанд.
Аз саҳифаҳои таърих аён аст, ки Хатлон баъди  истилои арабҳо дар тохтутози турку муғулон, хусусан авлодони онҳо – қарахониён, астархониён, шайбониён ва дигарон монда, дар охири асри XVI Абдуллохони Шайбонӣ охирин касабаҳои онро ба хок яксон намуд. Бубасен, Ҳулбук, Мунк, Леваканд, Қубодиён ва шаҳрҳои дигари Хатлон талаю тороҷ гаштанд. Хушбахтона, дар чанд соли охир бо талошу заҳмати бостоншиносону муаррихони тоҷик шаҳри Карон (дар ноҳияи Дарвоз) ва ёдгориҳои дигари гузаштагони мо кашф шуданд. Бубасен низ бояд омӯхтаю пайдо гардад ва дар саҳифаҳои таърихи тоҷикон саҳифаи тозае зам намояд.

Азим ҲАСАН,
ноҳияи Данғара
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.05.2016    №: 101    Мутолиа карданд: 705

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед