logo

иқтисод

САРВАТИ БЕҲАМТОИ ТАБИАТ

ОНРО БОЯД ТОЗА НИГОҲ ДОРЕМ
Яке аз мушкилоти асосии ҷаҳони имрӯза таъминот бо оби тоза мебошад. Сокинони беш аз 80 давлати дунё дар масъалаи дастрасӣ ба оби тоза дучори мушкилотанд ва аз ин неъмати бебаҳо танқисӣ мекашанд. Баъзе мамлакатҳо маҷбуранд, ки оби тозаро аз дигар давлатҳо харид намоянд.  Тоҷикистон кишвари сероб буда, бо табиати зебои худ ном баровардааст.
Дар кишвари мо Сир, Панҷ, Зарафшон, Сурхоб, Хингоб, Варзоб, Кофарниҳон ва даҳҳо рӯдҳои сероби  дигар аз пиряхҳои куҳан ва чашмасорони мусаффо сарчашма гирифта, заминҳоро сарсабз, одамон ва ҳайвоноту набототро бо оби ҳаётбахш таъмин менамоянд. Дарёҳои калонтарини Тоҷикистон – Сир ва Аму то ба баҳри Арал рафта мерезанд.
Дар диёри зебоманзарамон кӯлҳои дилфиреби Искандаркӯл, Морон, Ҳафткӯл, Сарез, Аловиддин, Қарокӯл ва ғайра мавҷуданд, ки ҷойи тамошо ва истироҳати мардум, хусусан сайёҳони хориҷӣ мебошанд. Обҳои гарму шифобахши Чилучорчашма (Шаҳритуз), Ҳавотоғ (Истаравшан), Шоҳамбарӣ (Ҳисор), Обигарм (Роғун), Гармчашма (Ишкошим), Хоҷа Обигарм (Варзоб), ки ҳатто аз обҳои шифобахши Қафқоз бартарӣ доранд, берун аз Тоҷикистон ҳам машҳуранд. Ин обҳо ҳар сол ба дарди ҳазорҳо дардмандон даво мегарданд. Беҳуда нест, ки оби истеҳсоли корхонаи «Оби зулол»-и Истаравшан чанде пеш дар намоишгоҳи байналхалқии Амрико ҷойи аввалро гирифт ва соҳиби медали тилло шуд.
Тоҷикистон дорои захираи фаровони об буда, дар миқёси ИДМ баъд аз Федератсияи Русия дар ҷойи дуюм меистад. Ба ҳисоби миёна 60 дарсади обҳои Осиёи Марказӣ аз диёри мо сарчашма мегиранд, ки дар як сол 64 километри мукаабро ташкил медиҳанд.
Нодуруст истифода бурдани об, тоза накардани ҷӯю заҳбурҳо, таъмирталаб шудани иншоот, ба об партофтани партовҳо, нодуруст обёрӣ намудани заминҳо сабаби баландшавии обҳои зеризаминӣ ва шӯршавии киштзор, камшавии ҳосил ва хушк гардидани дарахтон мегардад. Дар натиҷаи нарасидани оби тозаи нӯшиданӣ ва ё ифлос будани он одамон ба маризиҳои гуногун гирифтор мешаванд.
Ҳар яки мо бояд табиату оби ҷойи зисти худро тоза нигоҳ дорем, оид ба ҳифзи табиат ва тозагии об чораандешӣ намоем. Бо мақсади ҳифзи табиат, тоза нигоҳ доштани об ва парвариши ниҳолҳою буттаҳо гурӯҳҳои табиатдӯстону ҷангалпарваронро созмон додан ба мақсад мувофиқ аст.

Суҳроб БОБОКАЛОНОВ,
омӯзгори коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.05.2016    №: 101    Мутолиа карданд: 1626

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед