logo

иқтисод

ДИЗАЙН. ЧАРО АЗ ОН САМАРАНОК ИСТИФОДА НАБАРЕМ?!

Дизайнер, яъне тарроҳ тавассути санъати тасвирӣ ва хаёлоти рангин идеяи худро ифода менамояд. Бо маҳорат ва тавонмандии тартиби нусхаи муайяни тарҳрезии дизайнер ба оянда назар кардан мумкин аст. Ба андешаи Зиёратшо Довудов, устоди Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн,   санъати дизайн бо болоравии дараҷаи зисту зиндагӣ ва афзоиши талаботи инсон ба муҳити зебову бароҳат афзалияти бештар пайдо кардааст. Рушди босуръати саноат ва илму техника ба ташаккулёбӣ ва пешрафти дизайн такони ҷиддӣ бахшида, онро ба яке аз навъҳои сердаромад ва ояндадори фаъолияти бадеӣ табдил дод. Дар ҷаҳон дизайн бештар дар самтҳои мебелсозӣ, интерйер, графика, реклама, либос ва матоъ, меъмории манзаравӣ,  Web - дизайн ва графикаи компютерӣ (барномасозӣ), ҳамчунин тармими асарҳои санъати ороишӣ – амалӣ ва санъати муҷассамавӣ – ороишӣ рушд кардааст. Ба дизайни робитавӣ дар соҳаи истеҳсолот ва хизматрасонӣ, махсусан рассоми театр, кино ва телевизион таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Дар кишвари мо низ вақтҳои охир ба рушди дизайн ва истифодаи самараноки он дар соҳаҳои барои иқтисодиёти мамлакат афзалиятнок диққати ҷиддӣ медиҳанд. Азбаски талаботи ҷаҳони пешрафта ба ҳунарҳои аслии дастӣ босуръат меафзояд, дар ҷумҳурӣ санъати ороиши амалӣ ва ҳунарҳои миллӣ, аз қабили заргарӣ, наққошӣ ва кандакорӣ рӯ ба тараққӣ ниҳодааст. Мушкилоти асосии соҳа омодасозии кадрҳои бахшҳои дизайнӣ мебошад. Барои беҳтар намудани малакаи дизайнерони оянда дар макотиби олӣ таълим бо таҳқиқот ва амалия бояд тавъам бошад. Махсусан, мавҷуд будани дониши назариявӣ ва қобилияти хуби ҳамкорӣ, масалан бо корхонаҳои истеҳсолӣ ҷиҳати омӯзиши бозори истеъмолӣ ва ба истеъмолкунандагон пешниҳод кардани маҳсулоти мувофиқи табъу завқ, албатта бо усули хоси дизайнӣ  ба манфиати ҳар ду ҷониб мебошад. Мутаассифона, мутахассисони соҳа ба кор дар корхонаҳо ва муассисаҳо ҷалб нагардида, моҳият ва муҳимияти асосии дизайн аз ҳар ду ҷониб хуб дарк нашудааст. Бо вуҷуди омодасозии мутахассисон дар таълимгоҳҳои ҳунарии фарҳанг, санъат ва хореографии ҷумҳурӣ талаботи дар назари аввал ночизи соҳа бо мутахассисони соҳибкасб таъмин нест. Масалан, дар соҳаи театр ороиши саҳна дар баробари намоиши театрӣ нақши муҳим дошта, аз бахшҳои муҳими театр маҳсуб меёбад. Боиси таассуф аст, ки солҳои охир театрҳои ҷумҳурӣ аз нарасидани мутахассисони касбӣ дар ин ҷода камбудиҳои зиёд доранд. Ё ин ки дар самти истеҳсолот ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯй набудани банду басти маҳсулоти ватанӣ,  барои рақобатпазир гардондани маҳсулот монеа пеш мегузорад. - Итминони комил аст, ки Донишкадаи навтаъсиси санъати тасвирӣ ва дизайн бо факултаҳои “Санъати тасвирӣ”, кафедраҳои “Мусаввараи дастгоҳӣ”, “Графикаи дастгоҳӣ” ва “Дизайн”, ”Санъати муҷассамавӣ ва ороишӣ – амалӣ”, “Тарҳрезии бадеӣ ва муҳити меъморӣ ва устохонаҳои гуногуни тахассусӣ дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва рушди соҳаи дизайн дар кишвар нақши бориз хоҳад гузошт, - мегӯяд Зиёратшо Довудов.
О. ВАФОБЕКЗОДА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.05.2016    №: 101    Мутолиа карданд: 631

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед