logo

ҳуқуқ

«ЧОР СОЛ БОЗ ИНТИЗОРАМ»

Навиштаи сокини деҳаи Охҷари ноҳияи Ёвон Раҳмонов Мирзоалӣ бо номи «Чор сол боз интизорам», ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият»,  9 майи соли 2016, № 89 (22 911) нашр гардидааст, аз тарафи кумитаи идораи замини ноҳияи Ёвон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Шаҳрванд зикр намудааст, ки кормандони Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳ. Ҳусейнов бе огоҳӣ ва ризоияти мо барои гирифтани 1, 40 гектар замин, ки айни ҳол дар он аз тарафи шаҳрвандон хонаҳои истиқоматӣ сохта шудааст, протокол тартиб додаанд ва соли 2012 кормандони кумитаи идораи замини ноҳияи Ёвон омада, ба ман гуфтанд, ки замини шумо чун қитъаҳои наздиҳавлигӣ тақсим шудааст, лекин то ҳол ба ман ягон ҳуҷҷати тасдиқкунанда надода, инчунин аз тарафи мақомоти дахлдор муроҷиати ман ҳалли худро наёфтааст.
Оид ба моҳияти кор ҳаминро зикр карданием, ки дар асоси протоколи маҷлиси умумии аъзоёни хоҷагии деҳқонии «Ҷойлов» дар хусуси додани розигӣ барои ҷудо намудани замин бо мақсади сохтмони манзили истиқоматӣ дар масоҳати 1,40 гектар замини корами лалмӣ бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2009, № 13/5 – 17 парвандаи заминсозӣ тибқи тартиби муқарраргардида таҳия карда шуда, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2010, № 704 «Дар бораи гирифтан ва ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон додани қитъаҳои замин» масоҳати 222,93 гектар замин барои замини маҳалҳои аҳолинишин дода шудааст, ки аз ин миқдор замин масоҳати 1,40 гектар замини корами лалмӣ аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии «Ҷойлов» мебошад.
Баъд аз мавриди амал қарор додани қарори мазкур заминистифодабарандаи мазкур огоҳ карда шуда, қитъаи замин тибқи тартиби муқарраргардида ва хулосаи комиссияи ҷамъиятии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ба оилаҳои эҳтиёҷманд тақсим карда, дода шудааст.
Вобаста ба ин дар ҳисоботи давлатии заминҳои ноҳия тағйирот ворид карда шуда, майдони мазкур аз ҳисоби майдони умумии хоҷагӣ бароварда шудааст. Аз тарафи прокуратураи ноҳияи Ёвон, прокуратураи вилояти Хатлон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиати шаҳрванд Раҳмонов Мирзоалӣ дар иштироки худи ӯ мавриди санҷиш қарор дода шуда, ҷавоби хатӣ дода шудааст. Ғайр аз ин ба номбурда аз тарафи кумитаи идораи замин ва Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳ. Ҳусейнов бар ивази заминҳои гирифташуда қитъаи замини баробарарзиш пешниҳод карда шуд, ки номбурда аз гирифтани он даст кашид.
М. ЗАРИФОВ,
раиси кумитаи идораи замини ноҳияи Ёвон

Аз идора: агар чунин аст, шаҳрванд Мирзоалӣ Раҳмонов наменавишт: «Охир чор сол боз на ба додам мерасанд, на ҳуҷҷати тасдиқкунандае медиҳанд ва на аз супурдани андоз…озодам мекунанд».
Аз ин бармеояд, ки мавзӯи мавриди баҳс таҳқиқи журналистӣ мехоҳад. Идораи рӯзнома онро пайгирӣ хоҳад кард.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.05.2016    №: 101    Мутолиа карданд: 565

23.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед