logo

иқтисод

АЗ ПАРДОХТИ МАБЛАҒҲОИ НАҚДӢ КӢ НАФЪ МЕБИНАД? - 2

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар аксар нуқтаҳои хӯроки умумии шаҳр кормандон бе шартнома ба кор қабул карда шуда, ба ивази 15 – 18 сомонӣ (ва каму беш аз он) аз соати 6 то 17-18 бетанаффус ва рӯзи истироҳат заҳмат мекашанд. На дар ҳама муассисаҳои хӯроки умумӣ  шароити кори кормандон ҷавобгӯи талабот ва қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ мебошад. Ба хотири сарфаи маблағ косаю табақшӯён бо оби гарму дастпӯшак, маводи безараркунандаи микробҳо таъмин карда намешаванд. Корфармоён  онҳоро барои соате ба кор дер кардан аз кор пеш мекунанду парво надоранд, ки то ёфтани ҷойи нави фаъолият аз кадом ҳисоб рӯзи худу фарзандонашро мегузаронанд? Дар масъалаи барқарор кардан ба ҷойи кор кам одамон ба доди онҳо мерасанд, зеро онҳо ба кор ғайриқонунӣ  қабул шудаанду ҳуқуқи худро ҳифз карда наметавонанд.
Бахусус вазъи ошхонаҳои атрофи бозори «Корвон» нигаронкунанда аст. Бо гарм шудани ҳаво камбудиҳо афзуда, хатари сар задани бемориҳои сирояткунанда ҷой дорад. Ин камбудиҳо ва гаронии нархи  хӯрокҳоро дида, қисми зиёди савдогарони бозор ва муштариён аз маҳсули дасти ошпазҳои хонакор истифода мебаранд, ки ин ҳам хилофи қоидаҳои санитарӣ – гигиенӣ буда, бар зарари шаҳрвандон мебошад.
Вориди ошхонаи миллии ҶДММ «Ҷаҳонгир» шудем. Дар ин ҷо барои хӯроки нисфирӯзии мизоҷон палав, шӯрбо, самбусаю пирожки ва ғайра омода мекарданд. Аммо дар тани кормандони он либоси тозаю бейҷик ва дар симоашон муомилаи хушро мушоҳида накардем. Аз дидани мизу курсиҳои ифлос ва косаю табақи ноғундошта, албатта, иштиҳои мизоҷон мегардаду хоҳиши ба ин ошхона даромадан намекунанд. Сарвари ҶДММ «Ҷаҳонгир»  ҳангоми ба кор қабул кардани кормандон бо онҳо шартнома намебастааст. Мавриди зикр аст, ки камбуди ба кор қабул кардану аз кор ҷавоб додани кормандонро  ба  Ғаффору Фатҳиддин, Маҳмад Каримову Бобо Назаров,  Дилором Пирова ва дигар мудирони ошхонаю қаҳвахонаҳо бор карданӣ нестем. Зеро ин камбуди кул аст. Вақте аз мақомоти дахлдори шаҳр ва ноҳияҳо  роҳбарони муассисаҳои хӯроки умумиро барои  риоя накардани қонуни меҳнат муҷозот намекунанд,  онҳо аз рӯйи зарбулмасали «То омадани табар кунда меосояд» фаъолият мебаранд.
Мавриди зикр аст, ки муайян кардани миқдори нуқтаи хӯроки умумӣ – ошхона, қаҳвахона ва тарабхонаҳо дар шаҳри Душанбе, ки кормандонро ғайриқонунӣ ба кор қабул намуда, аз кор пеш мекунанд, вазифаи кормандони рӯзнома нест. Мо танҳо диққати масъулонро ба ин масъала ҷалб намуданием.  Онро бояд кормандони мақомоти андоз, прокуратура, иттифоқҳои касаба ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ мавриди назар қарор диҳанд. Зеро дар аксари муассисаҳои хӯроки умумӣ аз 3 – 5 то 50 нафар фаъолият доранду бештари кормандон ҳар бегоҳ музди корашонро нақд гирифта, аз он пайсае чун андоз ба буҷети мамлакат намесупоранд. Ин вазъ то кай давом мекарда бошад? Оё дар ягон мақомот дар ин фикр ҳастанд?!
Мирзои ФИРӮЗ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.05.2016    №: 101    Мутолиа карданд: 567

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед