logo

иҷтимоиёт

ШАҲРИСТОН БА ШАҲРАКИ ЗАМОНАВӢ ТАБДИЛ МЕЁБАД

Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар остонаи таҷлили ҷашни бошукӯҳ 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорад. Баҳри сазовор пешвоз гирифтани ин санаи таърихӣ мардуми меҳнатқарини ноҳияи Шаҳристон корҳои ободониву созандагиро вусъат дода истодаанд.

Аз ҷумла, дар доираи 500 - рӯзи меҳнати зарбдор, ки дар вилояти Суғд роҳандозӣ шудааст, сохта ба истифода додани ёздаҳ иншооти иҷтимоиву хизматрасонӣ дар назар аст. Тибқи иттилои мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи Шаҳристон Анвар Тоҳиров дар мавзеи Хуррамдара аз ҷониби ҶДММ «Элита-Шаҳристон» сохтмони корхонаи истеҳсоли  афшураҳои мевагӣ ва нӯшокиҳои ташнашикан идома дорад, ки баъди ба истифода додани он 30-35 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.
Имрӯзҳо дар ноҳия ба соҳаи варзиш таваҷҷуҳ бештар гардидааст. Дар деҳаи Ободӣ бо ташаббуси соҳибкор Маъруф Сувонқулов варзишгоҳ барои 2000 ҷойи нишаст, дар деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Бунҷикат бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия сохтмони мактаби варзишии кӯдакону наврасон барои 120 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шуда, бунёди ин иншоот босуръат идома дорад. Ҳамзамон, сохтмони маҷмааи хизматрасонии техникӣ дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд бо ташаббуси соҳибкор Ҳамза Раҷабов ва бунёди маркази хизматрасонӣ ва дорухона дар маркази ноҳия, бо ташаббуси соҳибкор Умед Ҳоҷимамадов, дар нақша аст.
Ҳоло бо ташаббус ва дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия иншооти иловагии ҷашнии таъйиноти гуногун, аз ҷумла сохтмони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 16 дар деҳаи Истиқлол, барои 240 хонанда, бинои хобгоҳи парваришгоҳи наздимактабии ба номи Додоxон Бойматов барои 50 тарбиятгиранда, шуъбаи эҳё ва ҷарроҳии беморхонаи марказии ноҳия барои 50 кат бо дастгирии соҳибкорону саховатпешагон идома дорад. Ин иншоот низ дар арафаи 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода хоҳанд шуд.
Аз рафти босуръати корҳои сохтмонӣ чунин хулоса кардан мумкин аст, ки ноҳияи Шаҳристон дар оянда ба як шаҳраки наву замонавӣ табдил хоҳад ёфт.

Мастона КАРИМОВА,
 сармуҳаррири рӯзномаи  «Чашмаи Шаҳристон»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.05.2016    №: 101    Мутолиа карданд: 503

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед