logo

ҳуқуқ

ТАВСИЯҲОИ ВАКОЛАТДОР ВАЗЪИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР ХОҲАНД КАРД

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маърӯзаи солонаи худ ба манзури боз ҳам беҳтар намудани вазъи риояи ҳуқуқ ба озодии ақида, дастрасӣ ба иттилоот, ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахсӣ, озодӣ аз шиканҷа, ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, таъмини ҳуқуқҳои занону кӯдакон, ҳифзи ҳуқуқи маъюбон тавсияҳо додааст.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Зариф Ализода, роҳбари ин ниҳод, иқтидори мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони таъсис то ба имрӯз марҳала ба марҳала таҳким ёфтааст. Стратегияи фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои солҳои 2011-2015 ҷамъбаст гардида, стратегияи нав барои солҳои 2016-2020 таҳия ва тасдиқ шудааст, ки интизор меравад, ба дунболи он дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд пешрафтҳои чашмрастаре ба миён оянд.
Зимни муаррифии «Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои соли 2015», ки 24 май иттифоқ афтод, зикр гардид, ки соли 2015 мизони арзу шикояти шаҳрвандон ба ин мақомот бештар шудааст. Аз ҷумла, 3474  муроҷиат сабт шудааст, ки  аз ин 605 адад хаттӣ ва 2869 шифоҳӣ мебошад.
Дар ин миён, арзу шикояти мардум бештар перомуни фаъолияти судҳои ҷумҳурӣ будааст. Бар пояи гузоришҳои дар маърӯза мавҷудбуда, шикояти шаҳрвандон аз прокуратура ва мақомоти корҳои дохилӣ низ нисбат ба як соли пеш рӯ ба афзоиш ниҳодааст.
Соли 2015 ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар бораи эҳтимолияти истифодаи шиканҷа 5 муроҷиат ворид гардидааст. Муроҷиаткунандагон асосан аз амалҳои кормандони мақомоти таҳқиқ шикоят намуда, арз доштаанд, ки гӯё наздикони онҳоро ғайриқонунӣ дастгир карда, нисбаташон зӯроварӣ ва дигар воситаҳои ғайриқонуниро истифода бурдаанд. Шикоятҳо ҷиҳати санҷиши ваҷҳҳои муроҷиаткунандагон ба Прокуратураи генералӣ ирсол шуда,  муайян гаштааст, ки  дар ҳақиқат далелҳои зӯроварӣ ҷой доранд ва барои бартараф намудани ҳолатҳои шиканҷа ба сохторҳои марбута тавсияҳои зарурӣ пешниҳод гардидааст.
Дар маърӯза таъкид мешавад, ки ҷуброни кофии зарар ба ҷабрдидагони шиканҷа ва тавонбахшии онҳо ҷузъи муҳими ҳифзи ҷабрдидагони шиканҷа мебошад. Гарчанде дар ҷумҳурӣ таҷрибаи ҷуброни зарар ба роҳ монда шуда бошад ҳам, вале андозаи ҷуброни зарари таъйиншуда ба андешаи ҳимоятгарони ҳуқуқи инсон то кунун кофӣ нест.
- Ҳуқуқ ба озодии ибрози ақида ба ҳар шахс, қатъи назар аз тобеияти шаҳрвандӣ, мансубияти динӣ ва миллию вазъи иҷтимоӣ аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад,- таъкид шудааст дар маърӯза. Дар идомаи матлаб гуфта мешавад, ки дар ҷумҳурӣ барои ҷустуҷӯ, дастрас ва паҳн намудани дилхоҳ иттилоот, ба истиснои иттилооти дастрасиаш маҳдуд, тамоми шароит ва заминаҳои ҳуқуқӣ муҳайё шудаанд. Новобаста аз буҳрони молиявии ҷаҳонӣ дар ду соли охир бақайдгирии рӯзномаву маҷаллаҳо, бахусус нашрияҳои ғайридавлатӣ афзоиш ёфтааст. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муайян намудааст, ки то ҳол аз ҷониби баъзе мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор вобаста ба иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» беаҳамиятӣ зоҳир шуда, бо сабабҳои номаълум дар баъзе мавридҳо пешниҳод намудани иттилоъро рад ё барои пешниҳоди он гирифтани иҷозати мақомоти болоиро талаб менамоянд.
Ниҳоди мазкур бо изҳори нигаронӣ аз фаъолияти камранги сомонаҳои интернетии мақомоти давлатӣ, аз ҷумла таъкид менамояд, ки кам будани иттилои расмӣ аз рафти мурофиаҳои судӣ, ки боиси афкори манфии ҷомеа мешаванд, ба чашм мерасад. Хуб мешуд, ки ҳам мақомоти судӣ ва ҳам мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар чунин ҳолатҳо бештар маълумот диҳанд, то ки ҳар гуна овозаҳои беасос дар ҷомеа камтар шаванд. Гузашта аз ин, баъзе воситаҳои ахбори омма ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти касбии худ ба камбудиҳое, назири паст задани шаъну шараф ва риоя накардани меъёрҳои ҳуқуқиву ахлоқӣ роҳ медиҳанд, ки баҳсҳои судиро ба вуҷуд меоранд.
Вақтҳои охир истифодаи рӯзафзун ва фаъолонаи шаҳрвандон аз интернет мушоҳида шуда, ҳолатҳои суистифода аз он низ ба чашм мерасанд. Дар бисёр ҳолатҳо бо истифода аз ҳуқуқ ба озодии сухан баъзе истифодабарандагон ва гурӯҳҳои муайяни манфиатдор шахсони мансабдор ва ё шаҳрвандони мушаххасро мавриди танқиду таҳқири беасос ва дур аз воқеият қарор медиҳанд, ки боиси дахолати мақомоти танзимкунандаи соҳа мегардад. Ташвишовар аз ҳама, соли 2015 як қатор сомонаҳои мақомоти давлатӣ ва хабарӣ мавриди ҳамлаҳои рахнагарон (хакерӣ) қарор гирифтанд, ки қисми зиёди онҳо ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ алоқамандӣ доранд.
Ҳамин тавр, дар маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон самтҳои асосии фаъолияти он, вазъи риоя ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон дар кишвар, масоили дигаре чун ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ ва ҳуқуқҳои шахс ҳангоми даъват ба хизмати ҳарбӣ, ҳуқуқи гурезаҳо, ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқи маъюбон мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, бо мисолу далелҳои мушаххас асоснок шудаанд. Дар он бори аввал масъалаҳои вобаста ба санҷишу мониторингҳои гузарондашуда на ҳамчун зерқисми алоҳида, балки ба ҳайси маводи тақвиятдиҳанда дар таҳлили ҳуқуқҳои алоҳидаи инсон истифода шудаанд.
Зариф Ализода, изҳори итминон кард, ки маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015, ки шакли пурраи он дар сомонаи ин ниҳод таҳти нишонии www.ombudsman.tj қобили дастрасист, мавриди баррасии мақомоти давлатӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҳар як фарди ҷомеа қарор гирифта, ба пешрафти минбаъдаи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.05.2016    №: 101    Мутолиа карданд: 491

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед