logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН ВА АРАБИСТОНИ САУДӢ БА МАСИРИ НАВИ РУШДИ ҲАМКОРИҲО ВОРИД МЕШАВАНД

25 май Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх, Раиси Маҷлиси Шӯрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, мулоқот намуд.

Ба иттилои котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов, зимни суҳбати судманду самимӣ Шукурҷон Зуҳуров изҳори умед кард, ки ҳамкорӣ дар сатҳи парлумонҳои ҳарду кишвар тавсеа ёфта, табодул ва ҳамоҳангсозии афкор дар раванди қонунгузорӣ ба рушди робитаҳо миёни ҳарду маҷлис сабаб мегардад.
- Мо иқдоми ҷониби Арабистони Саудиро дар мавриди таҳким ва тавсеа бахшидани ҳамкорӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷомеаи давлатҳои арабӣ мусбат ва зарурӣ арзёбӣ мекунем. Соли гузашта ҳаҷми мубодилаи мол байни ду кишвар ба 588 ҳазор доллар  расид. Албатта, ҳаҷми гардиши мол байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба имконияту иқтидорҳои мавҷудаи ду давлат ҷавобгӯ буда наметавонад, - иброз дошт Шукурҷон Зуҳуров.
Зикр гардид, ки бахши  гидроэнергетика ва сармоягузории соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон аз соҳаҳои ҷолиб ва умедбахш ба шумор мераванд. Ҷониби Саудӣ метавонад дар татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, аз ҷумла сохтмони неругоҳҳои барқи обии хурду миёна ва сохтмони хатҳои интиқоли барқ иштирок намояд.
Раиси Маҷлиси намояндагон афзуд, ки айни замон заминаи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои мо аз 9 санад иборат аст ва дар баррасии ду тараф лоиҳаи чанд созишнома қарор дорад. Мавсуф изҳори умедворӣ намуд, ки ин санадҳо бо кӯшишҳои ҳарду тараф дар наздиктарин фурсат ва шароити муносиб имзо хоҳанд шуд.
Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни  Иброҳим оли Шайх, Раиси Маҷлиси Шӯрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, аз пазироии самимонаи Раиси Маҷлиси намояндагон арзи сипос намуда, омодагии мамлакати худро барои тақвияти равобит бо Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон дошт. Бино ба иттилои ӯ,  дар Маҷлиси Шӯрои Шоҳигарӣ 150 вакил фаъолият доранд, ки аз он 30 нафараш зан аст. Ин меҳмони олимақом таъкид намуд, ки робитаи дӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малики Арабистони Саудӣ намунаи ибрат аст. Иброз дошт, ки кишвараш талош хоҳад кард, ки дар оянда муносибатҳои иқтисодиву кишоварзии Тоҷикистону Саудиро тақвият бахшад, зеро дар сиёсати  Арабистони Саудӣ роҷеъ ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тағйироти ҷиддӣ сурат гирифтааст.  Ӯ бо таваҷҷуҳ аз рушди бахши сайёҳӣ дар Тоҷикистон гуфт, ки солҳои охир шумораи бештари шаҳрвандони Арабистони Саудӣ хоҳиши боздид аз Тоҷикистонро дошта, ҳамзамон ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар ин бахш ҳавасманданд.
Назар ба гуфтаи Раиси Маҷлиси Шӯрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, истеҳсоли навъҳои тар ва хушки меваҳо дар Тоҷикистон барои бахши хусусии Саудӣ мароқангез мебошад. Аз нигоҳи соҳибкорони  Саудӣ, масъалаи занбӯриасалпарварӣ ё боғдорӣ дар Тоҷикистон маблағгузории чандон калонро тақозо намекунад ва дар ҳолати омода будани соҳибкорони тоҷик ҷониби Саудӣ метавонад дар рушди ин соҳаҳо иқдом намояд.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.05.2016    №: 101    Мутолиа карданд: 410

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед