logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

Ӯ ХАЛОС ШУДУ…
Саидалӣ Вализода бо раиси Миралӣ дӯсти наздик буд ва ҳар гоҳ эҳтиёҷе пеш меомадаш, назди ӯ мерафт. Лекин аз сахтии раис гоҳ – гоҳе менолид ва мегуфт: «Худо кай моро аз муҳтоҷии раис халос мекарда бошад?».
Ниҳоят аз дунё гузашт Вализода. Ашӯр Сафар раисро ин тавр ба ҷаноза хабар кард:
- Раис – бобо, Вализода аз муҳтоҷии ту халос шуд.
- Э, бай – байе! – афсӯс мехӯрад раиси Миралӣ. – Ӯ халос шуду ту мондӣ.

ҲАМОНЕРО МЕШИНОСАМ, КИ…
Дар вохӯрии гурӯҳе аз адибон, ки бо меҳнаткашони ноҳияи Данғара мегузашт, Ашӯр Сафар баранда буд. Барандагии ӯ ба мухлисони шеъру ханда писанд меафтад. Баъди анҷоми вохӯрӣ яке аз сомеон давида бо шоир саломуалейк мекунаду мегӯяд.
- Муаллим, бисёр барандагии зӯр кардед, мо ҳама кайф кардем, - ва чун мебинад, ки Ашӯр Сафар «ташаккур» гуфта, ӯро намешиносад, илова мекунад. – Муаллим, маро нашинохтед магар? О, чандин бор хонаи шумо рафтаам – ку?!
- Хонаи ман ранги ту бисёриҳо рафтаанд, ҳозирҷавобӣ мекунад шоир. – Ман ҳамонеро мешиносам, ки худам хонаи ӯ рафта бошам.
Гурез САФАР

 

Дейл КАРНЕГӢ
 ТАРС ТАШВИШРО МЕЗОЯД
(Идома аз "Шоми шанбе" - и гузашта)
Табибони машҳур, бародарон Мэйо, иброз дошта буданд, ки зиёда аз нисфи катҳои бемористони кишварро маризоне банд кардаанд, ки ба касалии асаб гирифторанд. Вақте ки риштаи асаби чанд ҷасадро зери микроскоп аз назар гузарондем, маълум гашт, ки онҳо ҳанӯз пурқувватанд ва сабаби беморӣ заминаи физиологӣ надошта, аз таъсири ҳиссиётҳои ноумедӣ, рӯҳафтодагӣ, нооромӣ, ташвишу изтироб будааст. Платон гуфтааст, ки хатои калони табибон дар он аст, ки ҷисми одамро табобат мекунанду ба рӯҳаш эътибор намедиҳанд. Ҳол он ки тану ҷон як воҳиди том буда, аз ҳам ҷудо буда наметавонанд.
Психоматика як шохаи илми тиб аст, ки дар як вақт ҳам ҷисму ҳам рӯҳро табобат мекунад. Вале ҳанӯз ҳам қудрат надорад, ки ба бемориҳои рӯҳӣ ва ҳиссиётӣ, ки барангезандаи онҳо микробу бактерияҳо неву ҳаяҷон, изтироб, ҳузн, тарс, бахилӣ, маъюсӣ, ташвиш, ғаму андуҳ ва дигар ҳолатҳост, ғолиб ояд.  Аз ин рӯ, гирифторони бемории шиддати ҳаяҷон босуръат меафзояд.
Касалии рӯҳӣ чӣ гуна пайдо мешавад? Ба ин суол касе ҷавоби пурраву аниқ надодааст. Аммо метавон гуфт, ки дар бисёр мавридҳо тарсу изтироб, ҳаяҷон, ғаму андуҳ, ташвиши нозарур метавонанд боиси пайдоиши он гарданд. Эдвард Подолский дар асараш «Ташвиш бас, ором бизиҳ» овардааст: «Барои оромии дил, фишори муътадили хун ором бош, ташвиш накаш, ба ҳаяҷону изтироб нао. Ташвиш касро ба бемориҳои тарбод, захми меъда, зуком, ғадудҳои сипаршакл, қанд ва дилу асаб мепечонад». 
(Идома дорад)
Тарҷумаи Нозирҷон ЁДГОРӢ

 

САДБАРГ ТАНҲО БАРОИ БӮЙИДАН НЕСТ
Шоирони тоҷику форс он қадар гули садбаргро дар ашъорашон тавсифу ситоиш кардаанд, ки баробари хондани он абёт на танҳо ин гули зебо дар пеши назар бо тамоми назокаташ ҷилвагар мешавад, балки накҳати форамаш гӯё ҳама ҷойро фаро мегирад.
Агар аз гули садбарг мураббо омода намоед, лаззату хушбӯйии он ҳеҷ гоҳ аз хотиратон намеравад. Барои тайёр кардани мураббои гули садбарг 500 грамм гулбарг, як килограмм шакар, як литр об ва як қошуқи чой ҷавҳари лимӯ лозим аст. Субҳи барвақт гулҳои шукуфта ва навшукуфтаи садбаргро ҷамъоварӣ  намуда, гулбаргҳоро ҷудо менамоянд. Онҳоро шустан мумкин нест, зеро баъди шабнам тозаанд ва дар ҳолати шустан баргҳо бӯяшонро гум мекунанд. Беҳтараш шабона ба гулҳо об пошида, субҳгоҳон онҳоро ҷамъоварӣ намоем. Агар зарурати шустан ба миён ояд, гулбаргҳоро на дар оби ҷорӣ, балкӣ дар оби сокит тавассути дуршлаг боэҳтиёт шустан лозим аст то онҳо зарб наёбанд. Шакару обро ҷӯшонда, ба он гулбаргҳоро илова менамоем ва зуд -  зуд омезиш медиҳем. Мураббо ба худ ранги сабзро мегирад. Сипас, баъди даҳ дақиқа ранги он зард мешавад. Боз  баъди  10 -  12 дақиқа ранги тираи мисиро мегирад ва гулбаргҳо қариб шаффоф мегарданд.  Ҳамин тавр, боз баъди даҳ дақиқа мураббо ранги гулобии тираро ба худ мегирад ва баргҳо шаффоф мегарданд. Сипас мурабборо аз оташ гирифта, ба он як чумча ҷавҳари лимӯ илова менамоем. Онро бо гулбаргҳояш истеъмол менамоянд. Агар  мурабборо бо чой нӯшед, гулбаргҳо кушода шуда, хеле зебо ба назар мерасанд ва шамидани роиҳаи хуши гули садбарг ба кас ҳаловат мебахшад.
Мунаввари САФАР

 

ЙОГА БА ЧӢ ҚОДИР АСТ?
Дар ҷаҳон машғулияте, ки дӯстдорони зиёд пайдо кардааст, машқи йога мебошад. Мақсади он ноил шудан ба таъодул ва иттиҳод байни олами ботинӣ ва ҷисмонии инсон аст. Бо нафаси оромбахш ва азхудкунии фаъолияти мушакҳои бадан тавассути зиёд кардани қобилияти ҳискунӣ шахс метавонад бадани худро идора кунад ва аз ҳама муҳим тавозуни равониро нигоҳ дорад.
Дар бисёр кишварҳои пешрафта барои такмили неруи зеҳнӣ ва ҷисмии инсон ҷамъиятҳои фарҳангии йогӣ ва бахшҳои йогатерапия таъсис ёфтаанд. Йогатерапия барои рафъи хастагӣ, табобати бемориҳои равонӣ ва узвҳои дарунӣ ниҳоят муфид аст. Ҳаракатҳои орому пуртаъсир  гардиши хунро беҳтар мегардонад, рӯй, пӯст ва баданро неруи тоза мебахшад. Маҳз ба ин хотир бештар бонувон ин машғулиятро ба худ касб кардаанд. Иҷрои мунтазами машқҳо бонувонро аз фарбеҳшавӣ низ эмин нигоҳ медорад.
Феълан барои солимии ҷомеа кишварҳои тараққикарда йогаро ҳамчун системаи ҳатмӣ дар барномаҳои таълимӣ ва тарбияи ҷисмонии неруҳои ҳарбӣ, пиёдагардони баҳрӣ ва ҳавонавардон ворид намудаанд, масалан, дар артиши Амрико таҷрибаи йогаро дар машқҳои пагоҳирӯзӣ самаранок истифода мебаранд.
Агар ба таърих назар афканем, йога дар Ҳиндустон тақрибан 5 ҳазор сол пеш ба вуҷуд омадааст. Вале археологҳо бар он ақидаанд, ки йога на танҳо дар ин кишвар, балки миёни тамаддунҳои қадимаи лотиноамрикоӣ низ маъмул будааст.
О. ГУЛБЕРДИЕВА

 


ТАВЛИДИ АКБАР - ПАҲЛАВОН ДАР ИНДОНЕЗИЯ
Сокини ин кишвар Ани Руссидин кӯдаке таваллуд кард, ки 8,7 килограмм вазн дорад.
Тавре хабар дода мешавад, ин фарзанди сеюми зан аст. Дар оғози ҳамл дар модар духтурон бемории қандро дарёфта, саломатияшро зери назорати доимӣ гирифтанд. Хушбахтона, тифл на танҳо солим, балки паҳлавон ба дунё омад. Меҳмони навро Акбар ном гузоштанд, ки ба забони мадурӣ бузург аст.
Зимнан, калонтарин кӯдак дар дунё дар шаҳри Синсяни Чин бо вазни 17,04 килограмм таваллуд шудааст.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД

 

Артистони халқии СССР
ХОРЕОГРАФ АЗ ВОМАР
Хореограф, оҳангсоз ва навозандаи шинохтаи тоҷик Ғуломҳайдар Ғуломалиев зода ва парвардаи деҳаи зебоманзари Вомари ноҳияи Рӯшон мебошад. Ӯ маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, соли 1933 дар назди клуби ноҳияи Рӯшон дастаи ҳаваскорони санъатро ташкил мекунад.
Ҳунар ва маҳорати нотакрори ӯро дида, ба Душанбе даъваташ менамоянд. Солҳои 1940 - 1941 ба ҳайси артисти Ансамбли тарона ва рақси Помири Филармонияи давлатии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунад.
Ғуломҳайдар Ғуломалиев дар ҷамъоварӣ, такмил ва саҳнавӣ гардондани мусиқӣ, тарона ва рақсҳои бадахшӣ хизмати шоиста намудааст. Ин хидмати ӯро ба назар гирифта сарварии Ансамбли тарона ва рақси Помирро ба зиммааш мегузоранд. То охири умр ӯ тарғибгари ҳунари мусиқии Бадахшон буда, роҳбарии ҳамин ансамблро ба уҳда дошт. 
Беҳтарин оҳангҳои эҷодкардаи ӯ бар ашъори халқӣ ва шоирони тоҷик «Нола кунам», «Салом аз Бадахшон», «Пахтакорон», «Маҳбуба», «Бадеҳа», «Суруди меҳнат», «Баҳори Бадахшон», «Суруд дар васфи Москва» мебошанд.
Ғуломҳайдар Ғуломалиев иштирокчии Даҳаи санъати тоҷик ва Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Москва (1941, 1957) буд. Соли 1957 бо унвони олии Артисти халқии СССР мушарраф гардонда шудааст.
Таҳияи Умар АЛӢ

 

ШИКОЯТ БАДИРО МЕАФЗОЯД
Бузургӣ  фарқ намудани хубӣ аз бадист.
***
Касе, ки мехоҳад роҳи ҳалли мушкилотро меёбад, касе, ки намехоҳад баҳона меҷӯяд.
***
Ҳар шахсият офтобро мемонад, танҳо ба ӯ имконият диҳед, ки рӯшноӣ намояд. 
***                                                                                                                
Табиат ба мо ду гӯш, ду чашм, як забон додааст. Барои бештар дидану шунидану кам гуфтан.
Суқрот
***
Шикоят кардан аз кори ношуд ин дучанд кардани бадӣ аст, ба ҳолаш хандидан бошад, ин нобуд сохтани он.
Конфутсий
***
Ҳеҷ чиз  моро он гуна фиреб намедиҳад, ҷуз фикри худи мо.
Леонардо да Винчи

Гирдоваранда С. АЛИМОВА

 

 


КУШКИ НОЙШВАНШТАЙН – ДУРДОНАИ ОЛМОН
Яке аз қалъаҳои пур аз шукӯҳу шаҳомати  Аврупо, ки таърихи басе аҷиб дорад, бо номи Кушки Нойшванштайн дар шаҳри Бавария, дар кӯҳҳои Алп, қомат афрохтааст. Он бевосита бо ибтикори шоҳ Людвиги II бунёд гаштааст ва таърихнигорон сабаби эъмори қасрро ба мардумгурезии шоҳ нисбат додаанд.
Людвиги II барои кашидани тарҳи кушк меъмори барҷаста Эдуард Ридел ва яке аз рассомони машҳури театрӣ Кристиан Янкро даъват менамояд. Ба ҷуз онҳо, ба хотири  бунёди кушки беҳамто, шоҳ ба сохтмон садҳо меъморон, рассомон ва ҳунармандони чирадастро ҷалб менамояд. Санги асос 5-уми сентябри 1869 гузошта мешавад. Чунон ки муаррихон менигоранд, ҳангоми сохтмони қалъа аз технологияи пешрафтатарини вақт истифода бурда шудааст. Масалан, барои осонии интиқоли масолеҳи бинокорӣ махсус крани буғӣ сохта шуда буд.
Тибқи маълумот дар бунёди Кушки Нойшванштайн 9300 сентнер мармар, 91000 сентнер регсанг, 400 ҳазор хишт, 3600 метри мукааб рег, 12000 сентнер семент, 1000 сентнер ангишти чӯбӣ ва 2050 метри мукааб тахта сарф мешавад, ки маблағи он 6 миллион маркаи тиллоиро ташкил медиҳад.
Заҳмати шабонарӯзии шоҳ, меъморон, рассомон ва бинокорон бар абас нарафт. Ба гуфтаи коршиносон, дар силсилакӯҳҳои Алп кушке қомат афрохтааст, ки дар олам камназир аст. Кушки Нойшванштайн аз асри XIX боз ба макони сайёҳӣ табдил ёфта, ҳар сол наздики 1,5 миллион нафар   барои тамошо меояд.
Ҳукумати Олмон ба ин дурдонаву шоҳкории миллӣ таваҷҷуҳи беандоза дорад ва ба хотири таъмиру таҷдиди кушк аз буҷети давлатӣ 11 миллион евро равона кардааст. Воқеан, азнавсозиҳо то ба ҳол ҷараён доранд, вале ин ҳаргиз пеши роҳи сайёҳонро нагирифтааст ва теъдоди онҳо сол ба сол меафзояд.
Ш. ШОКИР

 

ШАВҚРО ОҒОЗ ҲАСТ, АНҶОМ НЕ…
Шаҳрванди Маскав Моисей Фейгин ҳамчун калонсолтарин рассоми олам шомили китоби рекордҳои Гиннес гардидааст. Фейгин соли 1904 таваллуд шуда, 104 сол умр дидааст. Охирин намоиши асарҳои ӯ аз 27 апрел то 10 майи соли 2007 дар Хонаи рассомони шаҳри Маскав баргузор гардид, ки он замон Фейгин 103 сол дошт.
*  *  *
Ҷавонтарин наққоши олам Аэлита Андре, шаҳрванди Австралия, ба шумор меравад. Ҳанӯз аз синни 9 - моҳагӣ қобилиятҳои фавқулодаи ин духтарча ҳамагонро ба ҳайрат овард. Айни ҳол ин духтарак 4 - сола буда, аллакай намоиши маҳсули дастонаш дар Италия ва Амрико мавриди таваҷҷуҳи тамошобинон қарор гирифтааст. Яке аз мусаввараҳои Аэлитаро дар намоишгоҳ ба маблағи 30 ҳазор доллари амрикоӣ харидаанд. Аэлита Андре узви Ассотсиатсияи миллии фарҳанги Австралия мебошад.
Гулнисои САЪДОНШО

 

ҲУНАРМАНДЕ, КИ АЗ ҲАМА БЕШТАР МАБЛАҒ БА ДАСТ МЕОРАД
Роберт Дауни, ҳунарманди Голливуд, дар қатори аввалин панҷгонаи ҳунармандоне эътироф шуд, ки барои офаридани нақш аз ҳама бештар маблағ ба даст меорад. Даромади солонаи Роберт 75 миллион долларро ташкил дод.
Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ

 

Назари дигар
САРВАТ ОДАТҲОИ МУАЙЯН ДОРАД
Таҳқиқоти  гузарондаи иқтисоддони амрикоӣ Томас Корли, ки натиҷаҳои онро Business Insider интишор намудааст, одати махсуси бизнесменҳоеро, ки мустақилона, бе ёрии ғайр, сарвати калон ба даст овардаанд, муайян сохт.
Томас Корли давоми панҷ сол тарзи зиндагии пулдоронро омӯхта, ба хулоса меояд, ки яке аз муваффақиятҳои бузурги онҳо маҳорати фикрронӣ мебошад.
«Фикрронии ҳадафнок калиди муваффақият аст», - иброз доштааст мутахассис.
Т. Корли мегӯяд, ки бештари вақт сарватмандон ба худ саволҳои зерин медиҳанд: «Ман чӣ кор карда метавонам, ки маблағи кофӣ ба даст орам?», «Касбам маро хушҳол месозад?», «Магар ман дӯстони хуб дорам?», «Ба кадом корҳо бояд вақти бештар сарф намоям ва аз кадомашон даст кашам?».
Ҳамин тавр, вай таъкид медорад, ки камолоти маънавӣ мақсади асосии одамони сарватманд буда, роҳи ҳалли мушкилоти мавҷударо дар андешаронии солим мебинанд, на чизи дигар.
Ш. ҚУРБОН

 

27 ҲАЗОР ДОЛЛАР БАРОИ ЯК ХАРБУЗА
Дар бозори марказии шаҳри Саппорои Ҷопон ду харбузаи навъи машҳури «юбари» бо қимати рекордии 27 ҳазор доллар ба савдо рафт.
Дар Диёри тулӯи хуршед пайваста музоядаи меваю сабзавоти гаронқимати навъҳои  шоҳона доир мегардад. Аз ин қабл дар музояда дигар навъи шоҳонаи харбузаро 22,7 ҳазор доллар фурӯхта буданд.
Харбузаи «юбари» шакли гирду пӯсти сабзи нақшин дорад.  Мағзи норанҷии ширадори «юбари» барои таъми латиф ва накҳати хоси ширин зинати асосии дастархони ҷопонҳои доро шудааст.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД

 

ОСИЁ.
САРВАТМАНДТАРИН КЛУБҲОИ ФУТБОЛ
Ширкати Deloitte дар охири ҳар мавсим рейтинги сарватмандтарин клубҳои футболи  ҷаҳонро интишор менамояд. Маъмулан дар ин самт зинаҳои болотаринро клубҳои Аврупо ишғол мекунанд, вале дар Осиё ҳам чунин дастаҳо мавҷуданд:

«Гуанҷу Эвергранд» - клуби футболи чинӣ аз шаҳри  Гуанҷу (аҳолиаш 14 миллион) мебошад ва дар Супер лигаи кишвари Чин ҳунарнамоӣ мекунад. Бо буҷети 55 миллион евро клуби мазкур аз лиҳози маблағ дар Осиё дар сафи аввал аст. Майдони хонагии он варзишгоҳи «Тянхэ» буда, 58600 ҷойи нишаст дорад.

Клуби ҷопонӣ бо номи «Урава Ред Даймондс» аз шаҳри Сайтама (аҳолиаш 1,3 миллион) бо маблағи 53 миллион евро    дар ҷои дуюм қарор дорад. Ин даста аввалин клуби ҷопониест, ки соли 2007 дар Чемпионати  клубҳои дунё ширкат намуда, ба гирифтани мақоми сеюм мушарраф гаштааст. Варзишгоҳаш «Сайтама 2002» ном дорад, ки  дорои 63700 ҷои нишаст мебошад.

«Касима Антлерс» клуби  шаҳри Касима (аҳолиаш 624 ҳазор) буда, дороиаш 42 миллион евроро  ташкил медиҳад ва маъруфтарин дастаи  футболи Ҷопон ба ҳисоб меравад. Он соли 1947 бо номи «Сумитомо Киндзоку» таъсис дода шуда буд. Бо сарварии мураббии бразилиягӣ Зико ин клуб ба яке аз дастаҳои  маъруфи  футболи Ҷопон мубаддал гашт. Хизматҳои шоистаи ин мураббиро  ба назар гирифта дар даромадгоҳи варзишгоҳ пайкараи биринҷии ӯро гузоштанд. «Касима Соккер Стэдиум» номи варзишгоҳи  клуби мазкур буда, дорои 40728 ҷои нишаст аст.

 

«EMOTIV EEG» - ҲАМФИКРИ ИНСОН
Олимони Амрико кулоҳеро ихтироъ намуданд, ки ҳангоми баёни фикр ба одам кумак  мерасонад.
Аслан ин ҷиҳоз барои он нафароне, ки дар баён кардани фикру андеша мушкилӣ мекашанд, ва ё ҳангоми суҳбат ба эҳсосот дода мешаванд, пешниҳод гардидааст.
Кулоҳи мазкур аз тарафи олимон, муҳандисон ва табибони Калифорнияи ИМА мавриди санҷиш қарор гирифта, барои истифода тавсия дода шудааст. Ҳатто барои беморони системаи асаб низ фоидаовар аст.
Ихтироъкорон ин кулоҳи электронии хизматрасонро «Emotiv EEG» ном гузоштаанд.
Р. КАРИМОВ

 

Аз хазинаи таърих
ЧӢ ТАВР СЕРВАНТЕС ДАР ҶАНГИ ЗИДДИ ТУРКҲО МАҶРӮҲ ШУД?
7 октябри соли 1571, дар вақти набардҳо барои Кипр, ҷанги баҳрие ба вуқӯъ пайваст, ки бо номи «муҳорибаи назди Лепанто» ба таърих ворид шудааст.  Мароқовараш дар он аст, ки дар ин ҷанг якбора панҷ ҳодиса рӯй дод. Якум, муҳориба бо торумори пурраи флоти баҳрии туркҳо анҷом ёфт. Дуюм, ин ҷанги охирин дар баҳри Миёназамин бо киштиҳои белдор буд. Сеюм, нисбат ба дигар ҷангҳои баҳрӣ аз ҳама хунинтарин буд. Чорум, ҳарчанд дар ин муҳориба артиши баҳрии туркҳо пурра шикаст хӯрд, он ба рафти ҷанги байни Туркия бо Италияю Испания таъсире нарасонд. Панҷум, дар ин ҷанг ба взводи аскарони испанӣ Мигел Сервантес, муаллифи асари оламшумули «Дон Кихот», сардорӣ кард ва се маротиба маҷрӯҳ шуд.
Соли 1570 султони турк Салими II барои ғасби Кипр лашкар кашид ва ин ҷанг се сол идома ёфт. Бо ибтикори папаи Рим Пия V иттиҳоди зиддитуркии Италияю Испания ташкил гардид. Ба флоти баҳрии иттифоқчиён Хуан Австрийский, ба урдуи баҳрии туркҳо Муаззинзода Алӣ ё худ Алиподшоҳ фармондеҳ буданд.
7 октябри соли 1571 дар димоғаи Скроф ҷанги баҳрӣ сар зад. Дар муҳориба 250 киштии гуногунҳаҷми иттифоқчиён ва 275 киштии туркҳо иштирок дошт. Дар рафти ҷанг 224 киштии туркҳо ғарқ ва ғанимат гирифта шуд, талафоти ҷонӣ 30 ҳазор аскарро ташкил дод. Иттифоқчиён ҳамагӣ 15 киштиро аз даст доданд, талафоташон низ камтар буд – 7000 маллоҳу сипоҳӣ.
Воқеан, дар ин ҷанг муаллифи ояндаи «Дон Кихот», афсари ҷавон Мигел Сервантес шуҷоати бемисл нишон дода, се маротиба тир хӯрда бошад ҳам, ҷабҳаро тарк накард ва дар ғалабаи иттифоқчиён саҳми арзанда гузошт. Вай охири апрели соли 1572 аз беморхона баромад, вале дасти чапаш дигар кор намекард. Адиби мумтоз мегуфт: «Барои шуҳратёбии кори рост чап аз худ гузашт».
Ғалаба дар ин муҳориба ба иттифоқчиён фоидае наовард. Воқеаи аз ақл берун рӯй дод. Испанҳову итолиёвиҳо ба ҷои вусъат бахшидан ба ғалаба бо ҳам як моҳ баҳс карданду баъд ба ватанҳояшон баргаштанд. Туркҳо аз фурсат истифода бурда 220 киштӣ сохтанд ва соли 1572 дар баҳри Миёназамин фармонравоии хешро аз нав барқарор намуданд. Венетсия бо Туркия созишнома ба имзо расонд, ки мутобиқи он туркҳо ба Кипр соҳиб шуданд.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.05.2016    №: 102    Мутолиа карданд: 646

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед