logo

фарҳанг

НАВИДҲОИ ТЕАТРӢ

«Найрангҳои Скапен»
Дар Театри мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа нахустнамоиши «Найрангҳои Скапен» баргузор гардид. Асари мазкурро аз рӯйи асари ҳамноми драматурги машҳури Фаронса - Жан Батист Поклен Молйер саркоргардони театр Парвиз Раҷабов таҳия намудааст.
Намоиши мазҳакавии мазкур дар бораи ду ошиқи ҷавон – Леандр ва Октав ҳикоят мекунад, ки ба Зербинетта ва Гиатсинта ном духтарон ошиқ мешаванд. Барои ба мақсади худ расидан онҳо ба хизматгори айёр ва найрангбози худ Скапен муроҷиат менамоянд. Ва мусаллам аст, ки бо кумаки Скапени корчаллон онҳо ба мақсади худ мерасанд.
Намоиш аз саҳнаҳои хандаовар ва шӯхиҳои намакине иборат аст, ки таҷассумкорӣ ва бадеҳакориро тақозо менамоянд. Ҳунармандони дар намоиш бандбуда аз иҷрои ин ду вазифаи муҳим ба хубӣ баромадаанд. Дар он нақшҳои Скапен ва Неринаро ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Алоуддин Абдуллоев ва Меҳринисо Ҳоҷибоева, Леандр, Октав, Зербинетта, Гиатсинта, Жеронт, Аргант ва Силвестрро бошад, ҳунарпешаҳо Отахон Саидов, Кароматулло Сафаров, Бибинисо Боқиева, Ҷамила Юсуфова, Қурбонмуҳаммад Шукуров, Муҳаммад Шомуддинов ва Суҳроб Шарифов офаридаанд.
Оҳангҳои намоишро мутриб ва композитори ҷавон Хуршед Аксакалов офарида, ороиши саҳнаро рассом Хайрулло Давлатов иҷро кардааст. Тарҳи либосҳо ба тарроҳ Ганҷина Сафаралиева тааллуқ дорад.

«Субҳи умед»
Чунин ном дорад намоише, ки ҳунарпешаҳои Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ – драмавии ноҳияи Данғара манзури тамошобинон гардониданд. Драмаи мазкур ба 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида шуда, ба қалами Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллои Рӯдакӣ – Муҳаммад Ғоиб тааллуқ дорад. Онро Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Мирзоватан Миров рӯи саҳна овардааст.
Драма аз давраҳои мушкили таърихи кишварамон – ҷанги шаҳрвандӣ ҳикоят мекунад. Дар он симои ҷавонмардони сарсупурдаи миллат офарида шудааст, ки тавассути ақлу заковат ва дурандешии онҳо мо тавонистем оташи ҷангро хомӯш намуда ба сулҳу субот бирасем.
Қаҳрамонҳои офаридаи Ҳ. Муҳиддинов (Ҳалим), М. Рашидова (Солеҳа),   С. Алимов (Ҳимоятгар), Н. Исматов (Адвокат), П. Атоев (Мӯйсафед), Ф. Давлатова (Зайнаб), Н. Маҷидов (Гунг) ва Ш. Мусулмонов (Девона) ба мушкилоти давраи ҷанг нигоҳ накарда, меҳру муҳаббат ва садоқатро нисбат ба ватану наздиконашон гум намекунанд. Нияту ормонҳои неки онҳо нақшаҳои тафриқаомези кашидаи Зиё ва Сафо (ҳунарпешаҳо М. Махсумов ва Р. Мутаиллоев) барин  бадхоҳони миллат ва аз рӯзҳои сиёҳи он низ манфиатҷӯёнро барбод дода, дар роҳи расидан ба сулҳу субот ҷонбозӣ менамоянд. 
Асар ҷанбаи муҳими тарбиявӣ дошта, дар тарғиби ғояи сулҳгароӣ ва тамаддунофарии Пешвои миллат рӯи саҳна омадааст.

Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.05.2016    №: 103    Мутолиа карданд: 396

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед