logo

фарҳанг

ҚАЛЪАИ ҲИСОР. РИВОЯТ ВА ВОҚЕИЯТ

Перомуни пайдоиши қалъаи Ҳисор ақидаҳо мухталифанд. Баъзеҳо ривоят мекунанд, ки онро Таҳмураси Девбанд бунёд гузоштааст.  Таҳмурас дар тали ғозиён як гӯшаи ҷаннатро дида моту маҳбут гардид. Ҷойи қалъаро ба нақша гирифту бо сарлашкарон ва аҳли шаҳри Шоҳа машварат орост. Сухани Таҳмурасро пазируфтанд ва ба девон амр карданд, ки ба бунёди қалъа шурӯъ намоянд. Девон ба сохтмони қалъа камар бастанд.

Ба ин кор лашкариён ва мардуми таҳҷоӣ низ шарик шуданд. Ҳашарчиён шабу рӯз меҳнат мекарданд. Онҳо чанд сол заҳмат кашида, бо машаққат масолеҳ меоварданд. Он замон қалъаро “диж” ё “диз” мегуфтанд. Баъдан қалъаи калон “куҳандиз” ном гирифт.
Мегӯянд, ки Таҳмурас дар диз 30 сол подшоҳӣ кард. Дар аҳди ӯ дар сарзамини Ҳомоварон (Ҳисори ҳозира) адлу инсоф, ҳақиқат тантана дошт. Ҳатто миёни девону одамон робитаи дӯстӣ вуҷуд дошт. Мамлакат ободу зебо ва мардуми он шоду хуррам буданд...
Муаррихони аҳди бостон бошанд, ҳикоят мекунанд, ки подшоҳи Аҷам Қубод ба хотири шифо ёфтани писараш дар шоҳигарии Ҳомоварон қалъаи куҳнаро вайрон карда, ба ҷояш қалъаи нав сохт.
Барои наздиктар шудани масофаи байни Ҳомоварон ва мулки худ Қубод ҷойи ҳозираи Қубодиёнро, ки тобеи Балх буд, интихоб карда, тахту нишемангоҳ сохт. Ва то охири умр дар Қубодиён зисту ҳукмронӣ кард.
Чун Қубод даргузашт, ба ҷойи ӯ писари дувумаш Ковус ба тахт нишаст, пойтахтро ба Эрон кӯчонд ва ба духтари шоҳи Ҳомоварон Судоба издивоҷ кард.
Баъди падари Судоба дар сарзамини Ҳомоварон киҳо ҳукмрон буданд, дар ҳеҷ ҷой маълумоти дақиқ нест. Баъд аз забт шудани қалъа аз ҷониби артиши Мақдунӣ қарнҳои зиёде дар он аҷнабиён ҳукм ронданд ва он номи яке аз охирин шоҳони мақдунӣ, писари Евкратиди бузург Гелиоклро гирифт. Дар аҳди Гелиокл аз дарёи Чангоб ба воситаи лӯлаҳои сафолин ба қалъа об гузаронда фаввора сохтанд.
Тибқи ривоятҳо, то истилои араб ҳокими қалъа Қаҳқаҳаи Ҷоду буд.        Баъди истилои арабҳо чун қалъа фатҳ гардид, ба куҳандиз “Ҳисор” ном доданд, ки маънояш қалъаи баланд, муҳосирашуда ва девори даври қалъа мебошад.
Дар асрҳои XV - XVI  дар наздикии қалъа шаҳре бо номи Ҳисори Шодмон бунёд гардид. Қалъаи Ҳисор пайваста ҳадафи ҳуҷуми истилогарон мегардид. Афсари армияи подшоҳи рус Д. Н. Логофет дар мақолааш “В горах и на равнинах Бухары” (соли 1913), аз ҷумла менависад: “Осори гулӯлаҳои тӯп, ки деворҳоро хароб кардаанд ва дар табақҳои ғафси дарвоза сӯрохиҳои калонро гузоштаанд, баёнгари безабони онанд, ки қалъаи Ҳисор чандин маротиба дучори муҳосираю ҳуҷум гашта”.
Қалъаи Ҳисор ёдгории археологӣ ва фортификатсионии (илми таҳкимот ва истеҳкомот) мансуб ба асри 3  то мелод мебошад. Қалъа дар болои теппа ҷойгир шуда, масоҳаташ 17 гектар аст. Он девори мустаҳкам, бурҷҳою таркишҳо ва дарвоза дорад ва аз се қисм  - куҳандиз, уштурхона, қӯрғони кӯлоба иборат аст. Куҳандиз (дарозиаш 200 метр, бараш 150 метр)  дар тарафи шарқии қалъа ҷойгир шудааст. Он охирҳои асри XIX ва ибтидои асри XX қароргоҳи беки Ҳисор буд. Ҷанубу ғарбтари куҳандиз уштурхона ном дошта дар он хешу ақрабои бек зиндагӣ мекарданд. Қӯрғони кӯлоба дар шимолу ғарбтари куҳандиз ҷой гирифтааст. Дар ин қисм чашмаҳо мавҷуд буданд ва   асосан мардуми одӣ дар он сукунат дошт. Дарвоза дар тарафи ҷанубии қалъа воқеъ гардида, аз ду тараф бурҷҳо дорад.
Дар ҳудуди қӯрғони кӯлоба бостоншиносони Институти таърихи Академияи илмҳо бо роҳбарии Е. В. Зеймал ҳафриёт гузаронда, се давраи ҳаётро ошкор намуданд. Давраи якум ба охири даврони Кушониён (нимаи дуюми асри 4) тааллуқ дорад. Давраи дуюм ба ибтидои замони Кушониён (асрҳои 1- 3 мелодӣ), давраи сеюм ба замони Юнонию Бохтар (асрҳои 3 - 2 то мелод) мансуб аст. Баъди суқути  давлати Кушониён ҳаёт дар қалъа то охири асрҳои миёна барҳам хӯрдааст. Танҳо асрҳои XVIII - XX, баъди ба вуҷуд омадани бекигарии Ҳисор ба қароргоҳи ӯ табдил ёфт. Аз қалъаи Ҳисор тангаҳои шоҳони кушонӣ, зарфҳою ҳайкалчаҳои гуногуни сафолӣ ёфт шудаанд, ки ҳар яки он саҳифаи наверо дар омӯзиши ин макон боз мекунад.
Абдураҳими АБДУЛЛОҲ,
профессори Донишгоҳи
технологии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.05.2016    №: 103    Мутолиа карданд: 666

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед