logo

иҷтимоиёт

АСРОРИ ЯК ҲАҚИҚАТИ БЕБАҲС

Бархе аз инсонҳои наҷиб, самимӣ, ки барои зиндагӣ ва иҷрои рисолату вазифаҳои бузург фурсати кам, балки бисёр кам доранд, дар андак муддат корҳои азимеро ба фарҷом мерасонанд, зуд шуҳрат меёбанд. Агар ҳам марги ҷисмонияшон фаро мерасад, он ин неру, ин қудратро надорад, ки ному кори некашонро аз сафҳаи ҳастӣ барои умре маҳв созад. Баръакс, дар ин ҳол марг зиндагии дигару зебояшон мебахшад.
Мӯсо Мавлавӣ, собиқ муовини аввали сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият», аз ҳамин зумраи шахсон маҳсуб меёбад.

Марги муфоҷо ӯро дар 47 – солагӣ аз миёни мо рабуд. Зодаи кӯҳ буд ва  дар миёни кӯҳсорон ҷони гиромӣ супурд. Дар баҳор омад ва дар хазон рафт. Дарахтон барг мерехт, барги зард мерехт, ки хабари маргаш расид ва зуд паҳн гардид. 17 – уми октябри соли 1993 буд. Замини гарму нарми ноҳияи Ҳисор фарзанди дӯстдору нозпарварашро дар синаи худ ҷой дод.
Мо андуҳгин будем, аз он ки як дӯст, як бародар, як ҳамкори азизу гиромиро аз даст додем. Аммо ӯ аз суратҳо рӯ ба рӯи мо механдид ва мехост боварамон намояд, ки намурдааст, зинда аст. Чаро мо ин ҳақиқатро на он рӯз, балки имрӯз дарк мекунем? Мисли ин аст, ки сари сухани худ ҳам намеандешидем. Охир на худ мегуфтем, ки ӯ дар роҳ, дар фаҳмиш, дар кору истеъдод аз мо пештар аст? Мегуфтем.
Ӯ аз худ хеле барвақт, ҳанӯз замони донишҷӯи соли аввали факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буданаш башорат дод. Чун дар сурати башорат ва хушҳолӣ ба чашму гӯш расид ва дар пай барои худ шуҳрат дошт, онро нафаҳмиданд, балки дарк накарданд. Беҳтар он аст, ки ба навиштаҳои устоди шодравон, шинохтатарин шахсияти давр дар он рӯзгор Мирзо Турсунзода, ки дар маҷаллаи овозадори «Садои Шарқ» ба табъ расонда буд, рӯй биёрем: «Дар яке аз рӯзҳои моҳи ноябри соли гузашта дар Дорулфунуни давлатӣ шабнишинии шоирони навқалам барпо гардид ва ба он шабнишинӣ маро ҳам даъват карда буданд. Диққати маро рӯзномаи девории маҳфили адибони ҷавон «Овози ҷавонӣ» ба худ ҷалб намуд, ки дар он як қатор шеърҳои ҷавонон дарҷ ёфтаанд. Ман як рубоиро, ки бо обу ранги шоирона навишта шуда ва муаллифи он шоири ҷавон Мӯсо Мавлавӣ мебошад, ба дафтари худ иқтибос намудам. Лекин агар ба ҷои «кӯдаки сангам» «зодаи сангам» мегуфт, илло беҳтар буд. Инак, он рубоӣ:
Ман кӯдаки сангам, зи сари кӯҳи баландам,
Дар синаи ман шаршараи сели баҳор аст.
Сел аст хурӯшандаву гирдоб надорад,
Чун навсафаре ҳамсафари рӯди Ҳисор аст».
Албатта, ин баҳо, ин амали пурифтихори устоди забардасту шуҳратёр барои як донишҷӯ барои умре ва ҳам баъд аз он кофист.
Воқеан, ин зодаи сангу аз сари кӯҳи баланд дар синаи худ шаршараи сели баҳорро дошт. Хурӯшандагиву гирдоб надоштанашро мо шоҳидем, бо чашми худ дидем. Бо ин ҳама чун ҳавои баъди борон дили софу беғубор дошт. Дар замири дилҳо донаи меҳр, донаи ишқ кошт. Дар пайи ободии оламу одам мекӯшид. Суҳбаташ ҷонпарвару ҳидояташ дурусту маслиҳаташ судбахш буд.
Пас  аз хатми коллеҷи  фарҳанги ҷумҳуриявии Тоҷикистон ба номи П. Бӯйдоқов (соли 1966) ва факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (соли 1971) фаъолиятро дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» оғоз бахшид ва то ба вазифаи муовини аввали сармуҳаррири он расид. Бисту ду сол софдилона, содиқона, бе ҳеҷ хастагию дилмондагӣ хидмат кард, заҳмат кашид. Аз накуиҳо, диловариҳо, ростӣ, садоқату муҳаббату амнияту ободию созандагӣ менавишт. Мушкилоти ҷомеаро хуб медонист ва барои рафъи он саъю кӯшиш ба харҷ медод.
Зиндагии ӯ, кори ӯ ва марги ӯ ин ҳақиқати зеборо барои мо бори дигар таъкид менамояду ҳидоятамон месозад, ки аз ҳар лаҳзаи умр барои нафъи ҷомеа пурсамар истифода бикунем. Дигар чи асроре дорад ин ҳақиқати бебаҳс ва аз худ чи гуна номи неку гузоштану ҷовидон мондану зистан?
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.05.2016    №: 103    Мутолиа карданд: 361

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед