logo

иҷтимоиёт

БОХТАР. ДАВРИ АВВАЛИ МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ НАТИҶАГИРӢ ШУД

Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бохтар даври аввали Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни деҳаю маҳали беҳтарин ва хонаю оилаи намунавӣ натиҷагирӣ шуд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ Қосим Роҳбар, раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти ҷумҳурӣ, Қурбон Ҳакимзода, муовини аввали раиси вилояти Хатлон ва роҳбарони ташкилоту идораҳо, раисони ҷамоатҳо ширкат варзиданд.
Чун сазовори ҷойи аввал дар деҳаву маҳал ва хонаву оила зиёд буданд, комиссияи озмун дар асоси шиносоӣ, ҷамъоварии мавод ва баррасии нишондиҳандаҳо дутоӣ ҷойи аввал  муайян кард.
Ҳамин тавр, деҳаҳои 20 - солагии Истиқлолияти Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол ва Пахтакори Ҷамоати деҳоти Заргар соҳиби ҷои аввал гаштанд. Соҳиби ҷои  аввал бо Вимпел, шаҳодатнома бо навиштаҷоти Ғолиби мусобиқаи ноҳиявӣ ба муносибати 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1500 сомонӣ мукофотонида шуда, ба соҳиби ҷои дуюм  шаҳодатнома дода  шуд.
Ҷойҳои дуюму сеюмро деҳаҳои Хурсандӣ - 1- и Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод ва Малик Гиёеви Ҷамоати деҳоти Ориён ишғол намуданд.
Маҳаллаҳои Абуалӣ ибни Синои шаҳраки Исмоили Сомонӣ ва Баҳори  Ҷамоати деҳоти  Бӯстонқалъа аз ҷониби  комиссияи озмун беҳтарин маҳал дониста шуданд. Маҳаллаҳои Душанбеи Ҷамоати шаҳраки Бохтариён ва Бахтиёр Иброҳимови Ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонӣ  ҷойҳои дуюму сеюмро гирифтанд.
Аз хонаи намунавӣ ҷойи аввалро хонаи Раҳматов Шералӣ, истиқоматкунандаи деҳаи Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод ба даст оварду соҳиби Вимпел, шаҳодатнома ва 1000 сомонӣ гардид. Инчунин, хонаи Амонулло Ашӯрзода, сокини деҳаи Чорсӯи  Ҷамоати деҳоти Навбаҳор, ҷойи аввалро гирифт.
Оилаи Сафаралӣ Ҳалимов, сокини шаҳраки Исмоили Сомонӣ, чун оилаи намунавӣ соҳиби Вимпел, шаҳодатнома ва 1000 сомонӣ гашт. Ҷойҳои боқимонда ба оилаҳои Файзиддин Раҳматов, сокини деҳаи Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод, Абдукарим Абдураҳимов, истиқоматкунандаи деҳаи Заргари Ҷамоати деҳоти Заргар, дода шуд.
Даври дуюми мусобиқа дар вилоят моҳи июн баргузор гашта, дар он ғолибони мусобиқаи ноҳиявӣ Бохтарро намояндагӣ хоҳанд кард. 
Фарҳод МАҲМУДОВ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.05.2016    №: 103    Мутолиа карданд: 508

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед