logo

сиёсат

РОҲИ ТАЙКАРДАИ МО ҲАМВОРУ ОСОНГУЗАР НАБУД

Миллати шарофатманди тоҷик 9 - уми сентябри соли равон 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирад. Ин ҷашн дар шароите таҷлил мегардад, ки мафҳуму ормонҳои истиқлол, озодӣ, демократия барои нухбагони сиёсӣ, зиёиён ва тамоми мардуми Ватани азизамон равшантар ва масири расидан ба ин ҳадафу ормонҳо мушаххастар шудааст.  Ҳаракату талошҳои ҳамагонию пурнишот барои пешрафти кишвар дар тамоми заминаҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангӣ ва афзудан ба дастовардҳои беназире, ки давлат ва мардуми мо дар тӯли чаҳоряк қарн ба он ноил гаштаанд, идома дорад. Ва дар ин замина нақши сиёсати хориҷӣ ва дастгоҳи дипломатӣ бисёр калидӣ аст. Бинобар ин, суҳбатамонро бо мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, номзади илмҳои фалсафа, докторанти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Зафар Шералӣ Сайидзода аз ҳамин мавзӯъ, яъне заминаҳои таърихиву маънавӣ ва дастовардҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оғоз бахшидем:

- Муҳтарам Зафар Сайидзода, ба андешаи Шумо, таърихи дипломатияи тоҷик аз кадом замон оғоз меёбад?
- Хотиррасон кардани ин ҳақиқат, ки расидан ба истиқлоли миллӣ дар охирин даҳаи садаи бист барои миллати тоҷик на оғози давлатдорӣ, балки бозгашт ба саҳнаи сиёсати ҷаҳонӣ аст, хеле муҳим мебошад. Тоҷикистони имрӯза ҳамчун давлати соҳибистиқлол шакли эҳёшудаи Давлати Сомониён аст, ки ба иллати ҳаводиси таърих зиёда аз як ҳазору сад сол пеш аз арсаи сиёсати ҷаҳонӣ фурӯ афтод. Давлати Сомониён, дар навбати худ, шакли идомаёфтаи Давлати Сосониён буд, ки низ замоне бар пояи усули давлатдории Империяи Ҳахоманишӣ бунёд гашта буд.
Мо, тоҷикон, бозмондагони ориёиён, мероси муқаддаси ниёгонамонро бо корбурди ҳушу хираду фитрати фарҳангофаринӣ ва давлатофаринӣ, ки аз ниёгонамон ба мерос гирифтаем, дар роҳи расондан ба ояндаи бузург қадам мезанем. Он ояндаи бузурге, ки оғозаш  9 сентябри соли 1991 гузошта шудааст. 

- Дастовардҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар равшан сохтани ҳадафҳои асосӣ, самтҳои афзалиятнок ва усулҳои он чӣ гуна арзёбӣ менамоед? 
- 9 сентябри соли 1991 дар таърихи миллати тоҷик рӯйдоди бузургу хуҷастае ба вуқӯъ пайваст. Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлоли худро эълом кард ва ҳамчун давлати мустақил вориди саҳнаи сиёсии ҷаҳон гардид. Акнун роҳбарони ҷумҳурӣ ва нухбагони сиёсиро лозим буд, ки бо истифодаи комил аз ин фурсати мусоиди таърихӣ пояҳои давлати навбунёди худро устувор сохта, барои баровардани ниёзу ормонҳои мардум самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии давлатро, бар асоси анъанаю суннатҳои дерини давлатдории миллии хеш, тарҳрезӣ намоянд ва Тоҷикистонро дар масири рушду тавсеа пеш баранд.
Тоҷикон бо бархӯрдорӣ аз мероси бузурги фарҳанги давлатдорӣ, ки аҷдоди хирадмандашон якчанд давлатҳои бузурги дорои дастгоҳҳои муназзамро  поягузорӣ кардаанд ва бо хиради азалӣ ва тафаккури созанда ҳамаи имконро доштанд, ки дар кӯтоҳтарин муддат дар роҳи табдил додани Тоҷикистон ба кишвари воқеан соҳибистиқлол, бо тамоми мушаххасоти давлати демокративу ҳуқуқбунёду дунявӣ, муваффақ шаванд. Аммо ҷанги шаҳрвандӣ, ки бо иғвою фитнаи бегонагон дар хоки муқаддаси Тоҷикистон даргирифт, ҳаллу фасли ин масъалаҳои муҳимро ба таъхир андохт. Танҳо пас аз баргузории Иҷлосияи сарнавиштсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба сари қудрати сиёсӣ омадани Эмомалӣ Раҳмон бунёду устувор сохтани пояҳои давлатдории навин аз сар гирифта шуд.     
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар моҳи ноябри соли 1992 ба марҳалаи гардиши куллӣ дар таърихи навини Тоҷикистон - даврони поягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол оғоз бахшид. Ин марҳала дар таърихи навини Тоҷикистон ҳамчун марҳалаи талошҳои ҷиддӣ дар роҳи хотима бахшидан ба ҷанги бародаркушӣ, сарҷамъ намудани миллати тоҷик ва фароҳам овардани заминаҳои ваҳдати миллӣ, поя гузоштан ба низоми сифатан нави давлатдорӣ дорои аҳамияти бузург аст. Дар ҳамин давра буд, ки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун муҳимтарин ҳавзаи ҳаёти сиёсӣ, ба шакл гирифтан оғоз кард.
Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар равшан сохтани ҳадафҳои асосӣ ва усулҳои сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи миллии Тоҷикистон бисёр муассир ва корсоз аст. Вижагии сурату сират гирифтани сиёсати хориҷии Тоҷикистони навин ин аст, ки заминаи назариявии ин бахши муҳими ҳаёти давлатӣ на дар доираи коршиносон ва назарияпардозон, балки раҳораҳ, ҳангоми анҷоми фаъолиятҳои пурталошу пӯёи дипломатии Сарвари муаззами кишвар эҷод шудааст.
Дар он шароити печидаву ҳассоси солҳои нахустини пас аз барқарории ҳукумати қонунӣ, ба тақозои вазъият ва ногузирии ҳарчи зудтар хотима бахшидан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, раҳо кардани кишвар аз буҳрони сиёсию иҷтимоию иқтисодӣ Сарвари давлатро лозим меомад, ки барои эҷоди ҳамкориҳои Тоҷикистон бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, Созмони Милали Муттаҳид, мамолики минтақа ва ҷаҳон, ба манзури дарёфти кумак ва ҷалби пуштибонии онҳо барои ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами ҳаёти давлатӣ сафарҳои зиёде анҷом диҳад. Бардоштҳо ва хулосаҳои Сарвари давлат аз ин сафарҳо асоси нахустин назарияи сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи миллиро ташкил намуданд, ки онро Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 28 декабри соли 1993 аз минбари Иҷлосияи XVIII Шӯрои Олӣ эълом дошт.
Бо вуҷуди ин ки дар солҳои баъд таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санадҳои муайянсозанда ва танзимкунандаи усулҳои асосӣ, ҳадафу вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвар таҳия гардидаву ба тасвиб расиданд, ин ғояҳои бунёдии консепсияи сиёсати хориҷӣ аҳамияту арзиши вижаи худро то ҳол ҳифз намудаанд:
«Дар вақти таҳия сохтани консепсияи сиёсати берунии кишварамон мо бояд ба назар бигирем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи маҳали ҷуғрофӣ, мавқеи геосиёсӣ ва манофеи иқтисодиаш ба панҷ ҳавзаи сиёсӣ дохил мешавад.
Ҳавзаи якум  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аст, ки, бо вуҷуди душвориҳои солҳои аввали ташаккулаш, ба сӯи таҳкими равобити ҳамаҷиҳата тамоили ботинӣ дорад.
Ҳавзаи дувум  Осиёи Марказист, ки кунун рӯ ба ваҳдати иқтисодию сиёсӣ қарор дорад.
Ҳавзаи савум  фазои зисту амали давлатҳои ҳамсояи форсизабон аст, ки ҳанӯз ба ягон иттиҳоди муштараки сиёсӣ ё иқтисодӣ нарасида бошанд ҳам, онҳоро на фақат ҳамбастагии таърихӣ ва мазҳабию фарҳангӣ, балки дурнамои воқеии рушди миллӣ ба ҳам ҷалб мекунанд.
Ҳавзаи чаҳорум  доираи нуфузи давлатҳои мусулмоннишини Шарқ аст, ки онҳоро на фақат ягонагии дину оин ва суннатҳои рӯҳонӣ, балки имконот ва эҳтиёҷоти рушди миллӣ низ ба ҳам мепайванданд.
Ниҳоят, ҳавзаи панҷум  ҷомеаи байналмилалист, ки ҳамбастагии зоҳириву ботиниаш беш аз пеш қувват мегирад ва ҳам оҳиставу пайваста ба сӯи тамаддуни воҳиди умумибашарӣ роҳ мепаймояд.
Ҳамагон медонанд, ки ҳар гуна сиёсати давлат дар ниҳояти кор дифоъ аз манофеи миллист. Пас, ҳадди ҳунари сиёсатмадорӣ дар арсаи ҷаҳон дарёфтани баланси оқилона ва одилонаи манофеи мухталифи давлатҳост.
Тоҷикистони тозаистиқлол, ки ҳамагӣ ду сол боз ба майдони муносиботи ҷаҳонӣ ворид шудааст, дар бахши фаъолияти байналхалқӣ, чи сиёсату чи тиҷорат, таҷрибаи кофӣ надорад. Бинобар ин, ҳангоми муайян намудани самтҳои асосии сиёсати хориҷиамон, хусусан аввалияти ину он тадбир ё ташаббуси байналхалқӣ, моро зарур аст, ки манфиат ё ниёзҳое, ки дар ҳавзаҳои мазкур дорем ва ё хоҳем дошт, ба ҳам муқобил нагузорем. Албатта, чун мо ба ҳавзаҳое низ дохил мешавем, ки сурату сирати минтақавӣ доранд, моро зарур аст, ки сиёсати минтақавӣ (чунончи, дар ҳудуди Осиёи Марказӣ) ҳам дошта бошем, вале набояд ба минтақагароӣ роҳ дод, ки он фақат ба ҷудоию тафриқаҷӯиҳои нохуши сиёсӣ оварда метавонаду бас».
Дипломатияи тоҷик дар тӯли давроне пас аз иҷлосияи XVIII Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ин нуктаҳои бунёдии сиёсати хориҷӣ баён гардида буданд, ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст ва тибқи сиёсати усулии «дарҳои кушода» равобит ва ҳамкориҳои густурда ва мутақобилан судмандро бо ҳамаи кишварҳои ҳавзаҳои мазкур ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон ба роҳ мондааст. Натиҷаи чунин сиёсати ҳамгироӣ ва мутавозин аст, ки имрӯз Тоҷикистон узви созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва байналмилалӣ буда, бо зиёда аз 130 мамлакати дунё ҳамкориҳои иқтисодиву технологиву фарҳангиро ба роҳ мондааст.

- Роҳи пурифтихори тайкардаи кишвари азизи мо ва дипломатияи тоҷик тайи замоне камтар аз чаҳоряк аср таҳти роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамвору осонгузар набуд.  Дар ин роҳ чӣ иқдом пиёда гардид, то симои воқеии тоҷикон, ҳамчун миллати бофарҳангу сулҳхоҳ, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардад?
- Дар охири соли 1992, вақте ҳукумати қонунӣ сари кор омад, ба сабаби вазъи ошуфтаи сиёсию низомӣ, ки аз баҳори он сол ба амал омада буд, Тоҷикистон ҳамчун кишвари ҷангзада ба тамоми ҷаҳон муаррифӣ гардид ва бисёре аз кишварҳои дунё аз барқарории равобит бо кишвари мо худдорӣ мекарданд. Ва он шумори хеле ками намояндагиҳои дипломатии баъзе аз давлатҳо, ки дар Душанбе ба кор оғоз карда буданд, низ ба мулоҳизаи амният бисоташонро барчиданд. Илова бар ин, ба муҷиби таблиғоти мухолифин, Тоҷикистон он вақт дар зеҳни ҷаҳониён «ҷазираи коммунистӣ» - е буд, ки «роҳбаронаш мардумро дар панҷаи оҳании идеологияи коммунистӣ нигоҳ дошта, онҳоро аз ҳар гуна озодиҳои демократию  мазҳабӣ маҳрум кардаанд». Аз ин рӯ, созмонҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба роҳбарияти ҷумҳурии мо бо як навъ шубҳа менигаристанд. Дар чунин вазъият роҳбарияти ҷумҳуриро лозим буд, ки барои муаррифӣ кардани симои воқеии тоҷикон, ҳамчун миллати бофарҳангу сулҳхоҳ, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ чораҳои ҷиддӣ андешад.
Хиради сиёсии Эмомалӣ Раҳмон дар он зоҳир мегардад, ки ӯ бо Созмони Милали Муттаҳид ва бевосита бо роҳбари он, Муншии умумии созмон, робитаи кории мустақим пайдо намуд ва минбари ин маркази бонуфузи ҳамоҳангсози масъалаҳои умумисайёравиро ҳамчун пойгоҳи шиносондани Тоҷикистон ташхис дода, тавассути он ҷаҳониёнро аз вазъияти воқеии кишвар, равандҳои умдаи сиёсиву иҷтимоӣ ва роҳи ҳалли мусолиҳатомез, ки роҳбарияти мамлакат бо иродаи халқи худ пеш гирифта буд, огоҳ менамуд. Аҳли маҳфили сиёсии ҷаҳон ва роҳбарияти СММ, ки аз соле ба соле Сарвари сиёсии Тоҷикистон дар наздашон аз иқдомҳои баамаловардаи роҳбарияти ҷумҳурӣ баҳри расидан ба сулҳи пойдор ва марбут ба дигар масоили ҳалталаби ҳаёти сиёсии мамлакат сухан мегуфт, ба самимияти ӯ, ки дар корҳои амалии анҷомдодааш таҷассум ёфта буд, итминони қавӣ пайдо намуданд. Ба ин сабаб буд, ки Тоҷикистон ва раванди ҳаллу фасли масоили он дар маркази таваҷҷуҳи мақомоти роҳбарӣ, махсусан Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид қарор гирифт. Бисёре аз роҳбарону сиёсатмадорони давлатҳо ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мавқеъ ва сиёсати дурусти пешгирифтаи давлати моро ба таври воқеӣ арзёбӣ намуданд. Дере нагузашт, ки Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон намояндагии худро боз намуд ва фиристодаи махсуси Муншии умумии СММ ба Душанбе омад. 
Ба даст овардани сулҳу ризоят муҳимтарин дастоварди роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон гардид. Рисолати сулҳоварии Эмомалӣ Раҳмон махсусан дар ҷараёни музокироти тоҷикон барои сулҳу ризоят боз ҳам равшантар аён гашт. Дар ҷараёни музокираҳо, ки 40 моҳ  идома ёфтанд ва тарафҳо 21 маротиба сари мизи музокира нишастанд, 40 ҳуҷҷати барои давлат ва миллати тоҷик муҳим ба имзо расид. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳассостарин марҳалаи гуфтушунид вориди музокирот шуда, ин ҷараёнро суръат бахшид. Вай баҳри дарёфти сулҳ омодагии худро иброз дошта, изҳор намуд, ки дар ҳар куҷое ҷониби мухолифин даъват кунад, ба ҳамон ҷо хоҳад рафт. Мисли ин ки барои имтиҳон бошад, нахустин мулоқоташро бо роҳбарони мухолифини тоҷик дар кишвари ҷангзадаи Афғонистон таъйин намуд. Ва Эмомалӣ Раҳмон, бидуни тааммул, озими мазҳари ҷанг шуд, то ҷавҳари сулҳ ба даст биёрад. Ин рафтори ҷавонмардона ва ҷасорати инсониву таваккали сиёсиаш аз назарҳо нопадид намонд ва бисёре аз он неруҳое, ки берун аз Тоҷикистон иттилои нодуруст доштанд, аз самимияти мақсаду ниятҳои роҳбарияти кишвари мо воқиф гашта, тамоили худро тағйир медоданд. Барои худи мухолифин низ кӯшишҳои Роҳбари ҷумҳурӣ мавриди писанд қарор гирифт ва ҳар мулоқоти Президент ва сарвари мухолифин Тоҷикистонро торафт ба сулҳи деринтизор наздик овард.
 27 июни соли 1997 дар таърихи навини тоҷикон ҳамчун рӯзи ғалабаи хирад, рӯзи пирӯзии ғояҳои ватандӯстӣ ва иттиҳоди миллӣ боқӣ мемонад. Дар ин рӯз дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон имзо гардид, ки ба ихтилофи байни тоҷикон хотима гузошт. Барқарории сулҳ ва ризояти миллӣ дар кишвар эътибору нуфузи мамлакати мо ва обрӯи Сарвари давлати тоҷиконро боз ҳам зиёд намуд. Ин рӯйдоди бузург ҳамчунин собит кард, ки зимоми қудрати Тоҷикистон дар дасти шахсиятест, ки ӯ на танҳо қодир аст ҳадафҳои волои миллӣ, масъалаҳои печидаи сиёсӣ, равандҳои аслии ҷаҳони муосирро дарк ва ташхис намояд, балки тавоноии онро низ дорад, то даст ба иқдомҳои ҷасурона бизанад ва зафар ёбад.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун бунёдгузори сулҳу ваҳдат, аҳамияти фавқулода бузургу таърихии имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистонро тавсиф намуда, онро дар як радиф бо Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта, иброз доштааст, ки «агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт». 
Имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ марҳалаи наверо дар ташаккули давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва рушду такомули соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа оғоз бахшид. Ин давраро инчунин метавон ҳамчун марҳалаи муҳиме дар эҳё ва густариши сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор овард. Зеро барқарор шудани сулҳу оромӣ ва таҳкими суботи сиёсӣ дар кишвар ба Ҳукумати мамлакат имкон дод, то ҳамкориҳои бештару густурдатареро бо кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ роҳандозӣ намояд.

- Яке аз пояҳои муҳими давлатдорӣ ҳамеша фаҳми сиёсати берун аз марзҳо будааст. Давлатмардони бузурги таърих онҳое будаанд, ки миёни воқеияти дохили марзҳо ва таҳаввулоти берун тавозуну таодул эҷод кардаанд. Ҳоло ин масъала  беш аз ҳар даврони таърихии дигар мубрам аст. Зеро дар шароити дунёи пур аз хатару чолишҳои имрӯз ҳеҷ кишваре, новобаста аз густурдагии ҳудуд, қудрат, нуфуз ё дигар вижагиҳояш, наметавонад ба танҳоӣ суботу амнияти худро таъмин намояд. Ба назари Шумо, вижагиҳои барҷастаи ин даврон аз чӣ иборат мебошанд?
- Пеш аз ҳама, ҳамбастагӣ ва ҳамкорӣ. Агар давлатҳои ҷаҳон ба масобаи сохтаҳои алоҳидаи як муҷтамеи воҳид тасаввур шаванд, чолишҳои замони муосир, монанди терроризми байналмилалӣ, ифротгароии сиёсӣ ва мазҳабӣ, қочоқи маводи мухаддир, буҳронҳои иқтисодӣ ва бисёре аз шароити дигар, бар масали тӯфони фоҷиаборанд. Дар баробари ин фарояндҳои харобиовар давлатҳо метавонанд фақат дар ҳамбастагӣ истодагӣ кунанд ва ҷомеаҳоро аз хатару мушкилот эмин доранд. Бо таваҷҷуҳ бар ин вижагии замони муосир, Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали омадани худ ба сари қудрат равобити зич бо созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамёрӣ бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳонро на танҳо омили муассири пешрафтҳои иқтисодии Тоҷикистон, балки ҳамчун заминаи муҳими таъмини амният ва суботи кишвар муайян намуд.
Истеъдоди сиёсии Эмомалӣ Раҳмон дар ин воқеият низ зоҳир гардидааст, ки ӯ аз ибтидо суботи сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон ва суботи кишварҳои ҳамсоя, минтақа ва умуман ҷаҳонро дарк намуд. Бар асоси ин фалсафа, ки моҳиятан диалектикаи тавсеаи давлат мебошад, Сарвари давлати тоҷикон аз нахустин рӯзҳои ба сари қудрат расидан, равобити ҳамаҷониба, зич ва дӯстона бо ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравии пешинро аз муҳимтарин ва афзалиятноктарин самти сиёсати хориҷии Тоҷикистон муайян намуд. Зеро бо диди амиқи сиёсӣ дарк менамуд, ки иҷрои вазифаҳои душвору печидаи бунёд ва таҳкими Тоҷикистони соҳибистиқлол ва эҷоди қудрати иқтисодии он бидуни ҳамкории сиёсию иқтисодии густурда бо кишварҳои пасошӯравӣ, ки то дирӯз дар фазои ягонаи иқтисодӣ қарор доштанд ва бо ҳазорон риштаҳои дар тӯли даҳсолаҳо шаклгирифта ба ҳамдигар пайваст мебошанд, имконнопазир аст.
Яке аз вижагиҳои мумтози сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои кушода»-и эъломнамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Сиёсати хориҷии шаффоф ва усули «дарҳои кушода» мусоидат ба он намуданд, ки Тоҷикистон узви шоистаи созмонҳои байналмилалӣ гардад ва равобити сиёсӣ ва ҳамкориҳои судмандро бо аксари давлатҳои ҷаҳон ба роҳ андозад. Тоҷикистон имрӯз дар арсаи сиёсати ҷаҳон симои хоси хешро дорад ва ҳамчун узви соҳибэътибори ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст.
Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирию пуштибонӣ шудани ибтикорҳои Тоҷикистон дар шахси Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, бавижа дар ҳаллу фасли масъалаҳои обу энергетика, мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, аз байн бурдани мушкилоти Афғонистон баёнгари мавқеи вижаи Тоҷикистон дар низоми равобити байналмилалӣ ва обрӯи баланди Роҳбари кишвари мо дар назди маҳофили сиёсии ҷаҳон аст.

Додоҷон РӮЗИЕВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.05.2016    №: 103    Мутолиа карданд: 520

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед