logo

иҷтимоиёт

НАШЪАМАНДӢ. БЕМОРИИ МАРГОВАРЕ, КИ МОЯИ НИГАРОНӢ БОҚӢ МЕМОНАД

Гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар баробари таҳдидҳои хатарбори ҷаҳони муосир ҳамоно аз масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ ва мояи нигаронӣ боқӣ мемонад. Мусаллам аст, ки дар сурати ба роҳ намондани муборизаи беамон алайҳи ин раванди номатлуб теъдоди нашъамандон дар миёни аҳли башар рӯ ба афзоиш оварда, ҳаёти миллионҳо нафарро зери хатар қарор медиҳад.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи се моҳи аввали соли ҷорӣ дар мамлакат 7204 нафар нашъаманд ба қайд гирифта шудааст. Ин нишондод дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфта, 120 нафар кам гаштааст. Аз теъдоди умумии нашъамандони сабтшуда 181 зан ва 7023 нафарро мардон ташкил медиҳанд. Шумораи аз ҳама бештари беморони нашъаманд дар шаҳри Душанбе (2692 нафар)  ва вилояти Хатлон (1435) ба қайд гирифта шудаанд.  Дар ҳамин ҳол, суоли матраҳ ин аст, ки шаҳрвандон аз кадом роҳ гирифтори нашъамандӣ мешаванд, ин беморӣ табобатшаванда аст ё не?
Бино ба иттилои муовини директори Маркази миллии мониторӣ ва пешгирии нашъамандии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Мирзошариф Одинаев, сабаби гирифтор шудан ба нашъамандӣ, пеш аз ҳама, дастрасӣ ба маводи мухаддир аст. Гузашта аз ин, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки робита бо истифодабарандагон ва дар натиҷа  истифодаи  моддаҳои наъшаовар сароғози ин беморист. Баъзе беморон худашон омада аз қайди диспансерӣ мегузаранд, табобат мешаванд ва ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд. Яъне, ин беморӣ табобатшаванда аст.
Бояд гуфт, ки дар сохторҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ду барнома оид ба пешгирии паҳншавии нашъамандӣ татбиқ мегардад, ки «Барномаи миллии пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва такмили ёрии наркологӣ барои солҳои 2013 – 2017» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи он аст. Дар заминаи татбиқи самарноки барнома чорабиниҳои амалӣ ба роҳ монда шудаанд. Ҳадафи ниҳоии барнома пешгирӣ ва боздошти паҳншавии маводи фаъолкунанда, мониторинг, таҳлил ва баҳодиҳии вазъи нашъамандӣ, инчунин коҳиш додани оқибатҳои тиббию иҷтимоии он дар байни аҳолӣ, тақвияти заминаҳои моддию техникии сохторҳои наркологӣ мебошад.
Дар натиҷаи гузарондани таҳлилҳо маълум гардид, ки дар аксари муассисаҳои табобатӣ пешгирии меъёрҳои муқарраргардида риоя шуда, табибони нарколог омода гардиданд. Инчунин, барои мутахассисони маҳаллӣ курсҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат ба роҳ монда шуда, ҷараёни татбиқи барнома дар ҷаласаҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ ҳамеша мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Малика УРФОНОВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.06.2016    №: 104    Мутолиа карданд: 374

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед