logo

иқтисод

ПИЛЛА. РАВАНДИ ИСТЕҲСОЛИ ИН АШЁИ ГАРОНБАҲОИ САНОАТӢ ДАР КАДОМ ВАЗЪ АСТ?

Коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, истеҳсоли маҳсулоти хушсифату рақобатпазири саноатӣ, ба ин васила зиёд намудани  шумораи корхонаҳои саноатӣ, бо ҷойи кор таъмин намудани сокинони ҷумҳурӣ ва фароҳам овардани  шароит барои зиндагии шоиста вазифаҳои муҳимтаринеанд, ки  дар меҳвари таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор доранд.

Бо ашёи хом, аз ҷумла пилла таъмин намудани корхонаҳои саноатии мамлакат имконият фароҳам меорад, ки ин намуди маҳсулот дар дохили кишвар коркард  ва иқтидори истеҳсолии корхонаҳои ватанӣ баланд бардошта шавад. Нахи абрешим барои омода намудани газвори хушсифат, аз қабили атласу шоҳӣ, ресмон,  ҳамчунин барои саноати  тиб, дорусозӣ, молҳои ороишӣ, косметология ва ғайра истифода бурда мешавад.                   
 Айни ҳол дар ҷумҳурӣ маъракаи ҷамъоварии пилла, ки аз он абрешими аълосифат омода мешавад, идома дорад. Тибқи дурнамо  соли ҷорӣ  истеҳсоли пилла бояд ба 1153,4  тонна расонда шавад. Аз аввали мавсим то имрӯз дар корхонаҳои зертобеи Корхонаи воҳиди давлатии «Пилла» - и Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ 810,2 тонна пилла истеҳсол шудааст, ки 70,2 фоизи дурнамои солонаро ташкил медиҳад.  Дар ҳамин давраи соли гузашта 514 тонна (45,3 фоиз) пилла истеҳсол шуда буд. Шаҳру  ноҳияҳои зиёд аз ҷумла  Қубодиён, Қӯрғонтеппа, Сарбанд, Ҷ. Балхӣ, Шаҳритуз,  Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Дӯстӣ, Шаҳринав, Турсунзода,  Ҳисор нақшаи солонаро барзиёд иҷро намуданд.
Вилояти Хатлон дар пилласупорӣ  пешсаф аст. Ҷараёни ҷамъоварии ҳосил дар шаҳру ноҳияҳои дигари мамлакат низ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  хубтар  аст. Чунонки Муродсултон Шокирова, сардори шуъбаи истеҳсолӣ ва маҳсулоттайёркунии КВД «Пилла»,  иттилоъ дод, айни ҳол мутахассисону кормандони корхона ба ҳамаи минтақаҳои пиллакори  кишвар сафарбар карда шудаанд. Онҳо кори ҳамарӯзаи пиллапарваронро  назорат мекунанд ва ба онҳо доир ба роҳҳои парваришу нигоҳубини кирмак ёрии амалӣ мерасонанд. Иқдоми хубе, ки имсол бо мақсади рушди соҳа ба роҳ монда шудааст, кирмакпарварони пешқадамро  бо мукофотҳо қадр кардан мебошад.  
Ҳукумати кишвар ҷиҳати рушд ва дастгирии ин соҳаи муҳим тадбирҳои муассир андешида, аз ҷумла «Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 – 2020» (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2011) – ро қабул намуд. Мақсад аз қабули барномаи мазкур фароҳам овардани шароити мусоид барои барқарорсозӣ ва рушди кирмакпарварӣ, таъмини соҳа бо тухмии хушсифати ватанӣ, мустаҳкам намудани пойгоҳи  хӯроки кирмак, афзун намудани  ҳаҷми истеҳсол ва дар ин замина таъмини корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хоми худӣ мебошад. Тибқи барнома  расондани ҳаҷми истеҳсоли пилла ба 3000 тонна ва коркарди  саноатии пилла дар дохили мамлакат  ба 1391 тонна пешбинӣ шудааст.
Таъминоти кирмак бо хӯрока яке аз масъалаҳои асосист. Алҳол  ҳангоми таъмиру навсозӣ буридани  дарахтони тути канори роҳҳо  дарёфт намудани барги тутро  барои кирмакпарварон душвортар  намудааст. Мушкили дигар ин аст, ки тухми кирмакро на ҳама хоҳиши гирифтан доранд, зеро парвариши он ниҳоят мушкил буда, заҳмати гаронро талаб мекунад.   
- Ҷиҳати рушду инкишофи соҳа бояд дар ноҳияҳо замин ҷудо  шавад. Барои зинда намудани тухми кирмак парваришгоҳҳои махсус ва  инкубаторҳо  заруранд. Хуб мешуд, ки парваришгоҳҳо дар назди тутзорҳо бунёд гарданд, зеро то андозае мушкилоти нақлиёт ва маблағ коҳиш меёбад, - мегӯяд М. Шокирова.
Умед аст, ки мушкилоти ин  соҳаи манфиатнок бартараф гашта, расму  анъанаҳои беҳтарини миллӣ дар бахши атласу адрасбофӣ ва омода намудани молҳои хушсифати абрешимӣ аз нав эҳё  мешаванд ва маҳсулоти баландсифати ватанӣ дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир   мегардад.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.06.2016    №: 104    Мутолиа карданд: 618

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед