logo

иқтисод

БУНЁДИ ШАҲРАКИ ЧОРГУЛ. ЯК ҚАДАМ БА ПЕШ...

Мавзеи Чоргули ноҳияи Лахш сарзамини хушобу ҳавои киштбоб аст. Дар майдонҳои  ҳосилхези дашту доманаҳои водии файзбор аз қадимулайём мардум ба зироаткориву чорводорӣ машғуланд.  Аз рӯйи маълумоти таърихӣ,  Марко Поло, сайёҳи машҳури  итолиёвӣ, дар асри XIII дар минтақаи Лахш  сайр намуда,  манзараҳои дилфиреби кӯҳсор ва  рӯдҳои онро тамошо карда, дар бораи мавзеи Чоргул ӯ чунин нигоштааст: «Дар ин ҷойи баланд дар байни ду кӯҳ водие вуҷуд дорад ва дарёчаи бошукӯҳе аз миёни он ҷорист. Беҳтарин чарогоҳҳои дунё он ҷоянд».

Кишоварзони ноҳия дар минтақаи номбурда дар ҷодаҳои парвариши картошка, чорво ва мева  ҳамасола ба комёбиҳо ноил мегарданд. Вале на ҳамаи имкониятҳо дар сатҳи зарурӣ ва самаранок истифода мешаванд. Ҳазорҳо гектар замини киштбоб бекор хобидаасту майдонҳое, ки барои кишту парвариши зироатҳо айни ҳол ба кор бурда  мешаванд, муште аз хирворанд.
Бо мақсади  ободсозии мавзеи Чоргул,  таъмини садҳо оила  бо  манзили зист, истифодаи захираҳои зиёди меҳнатӣ аз ҳисоби шаҳрвандони бекор,  баланд бардоштани некуаҳволии мардум, таҳкими дӯстӣ миёни миллатҳо ва барпо намудани инфрасохтори хуби соҳаҳои гуногун Ҳукумати ҷумҳурӣ аз соли  2009 бунёди шаҳраки Чоргулро дар водии Лахш роҳандозӣ кард.  Дар ин бора Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами  430 аз 28 июли соли 2009  «Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ҳудуди ноҳияи Ҷиргатол ва ноҳияҳои минтақаи Рашт ба мавзеи Лахши ноҳияи Ҷиргатол» ба тасвиб расид. Ҳамчунин, 3 декабри соли 2012 Қарори Ҳукумати мамлакат № 677, «Дар бораи  муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои  2013 - 2015»  қабул гардид. Тибқи ҳар ду қарор барои 80 оила аз ноҳияи Рашт, 60 оила аз ноҳияи Тоҷикобод, 11 оила аз ноҳияи Мурғоб ва 349 оила аз ноҳияи Лахш  ҷиҳати  бунёди манзили зист дар мавзеи номбурда қитъаи замин бояд ҷудо карда мешуд. Масъулони соҳа бо анҷоми корҳои лоиҳакашӣ дар як муддати кӯтоҳ ба ҷуз муҳоҷирони ноҳияи Мурғоб (ки ин маҳалро барои зист қабул накарданд)  ба эҳтиёҷмандони дигар қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо карданд. 
Айни замон, дар шаҳраки навбунёд бунгоҳи тиббӣ, боғчаи бачагона барои 20 кӯдак ва муассисаи таълимии дуошёна сохта шуда, мавриди истифода қарор доранд. Мактаб дорои 18 синфхона буда,  барои таҳсили 330 хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст. Барои таълим омӯзгорони ихтисосманди ҳар як фанни дарсӣ ҷалб карда шудаанд. Аз зеристгоҳи деҳаи Ҷаилған то мавзеи Чоргул дар масофаи 8 км хатҳои баландшиддати 110 кВ бо 105 адад симчӯби оҳану бетонӣ пайвастанд. Инчунин, дар масофаи 28 км хатҳои барқи пастшиддат бо 413 адад симчӯби оҳану бетонӣ дар маҳали аҳолинишини ин мавзеъ гузаронда шудааст. Дар баробари ин,  аз деҳаи Сарикенҷаи Ҷамоати деҳоти «Муксу»  то мавзеи Чоргул 5,1 км роҳҳои байни деҳаҳо ва 1,5 км (50 дарсад) роҳҳои ҳудуди маҳали аҳолинишини мавзеи Чоргул таъмир ва сангфарш гардиданд.
Аммо ҳанӯз масъалаҳои бунёди роҳҳо ва таъмини аҳолӣ бо оби нӯшиданӣ ва полезӣ ҳалли пурраи худро наёфтанд. Васли лӯлаҳои  оби нӯшиданӣ дар ҷойҳои даркорӣ то ҳол пурра иҷро нагардидааст. Вазъи обёрии заминҳои кишт аз ин бадтар мебошад. Мушкилоти мавҷуда муҳоҷирати сокинони минтақаро ба мавзеи мазкур коҳиш додааст. Норасоии  оби полезӣ, сохтмони нопурраи роҳҳои маҳаллӣ ва масири  аз самти деҳаи Домбрачӣ то ба шаҳрак мӯҷиби дилсардии муҳоҷирон аз иқомат дар ин макон гардидааст.
Ба иттилои шуъбаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Лахш, айни ҳол дар шаҳраки Чоргул ҳамагӣ 72  оила зиндагӣ мекунад. Ин шумора 29 дарсади иҷрои қарори Ҳукумати ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Муҳоҷирони боқимонда гарчанде девори хонаҳояшонро бардошта, боми онҳоро пӯшонданд, зиндагиро дар ин маҳал ҳанӯз ихтиёр накарданд. Роҳҳои дохилӣ низ ҷавобгӯйи талабот нестанд.
Бошандагони маҳали навбунёд сабаби кашол ёфтани сохтмони хонаҳои истиқоматиро аслан аз мушкилии норасоии оби полезию нӯшиданӣ ва  бунёди роҳҳои  мошингард маънидод карданд
Ба гуфтаи Ботурбек Абдулғаниев, раиси Ҷамоати деҳоти «Муксу», ҳоло 1 300 гектар замини кишт аз камчинии об танқисӣ мекашанд. Азбаски  обёрии заминҳои дашти Чоргул ҳоло  мушкилоти зиёд дар пай дорад, сокинон барои зиндагӣ дар ин минтақа майл намекунанд. Ҳолати мавҷуда сабаби кашол ёфтани корҳои созандагӣ  шудааст. Таъмини оби нӯшиданӣ ва полезӣ барои рушди соҳаҳои дигар масъалаи асосии ҳалталаб маҳсуб меёбад. Агар мувофиқи қарори Ҳукумати кишвар  майдонҳои кишт бо об таъмин ва роҳҳои  маҳаллӣ асфалтпӯш карда шаванд, бунёди хонаҳои истиқоматию дигар инфрасохтор ба зудӣ анҷом меёбад.
Моҳи октябри соли гузашта Тоҳир Каримзода, сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар зимни сафари корӣ аз маҳаллаҳои зисти муҳоҷирон дар ноҳия дидан намуда, иҷрои қарорҳои дахлдори Ҳукумати мамлакатро нигаронкунанда арзёбӣ намуд. Дар сомонаи хадамот доир ба масъалаи мазкур чунин омадааст: «Мутаассифона, ҳоло дар ин мавзеъ масъалаҳои таъминот бо оби нӯшиданӣ, барқ ва бунёди роҳҳои дохилихоҷагӣ ташвишовар буда, муҳоҷиронро ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ намудааст. Айни замон муҳоҷирон аз деҳаи ҳамсоя оби нӯшиданиро  кашонда, барқи муваққатиро  низ аз ин ҷо мегиранд».  
Имсол муҳлати иҷрои Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти рақами 430 «Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ҳудуди ноҳияи Ҷиргатол ва ноҳияҳои минтақаи Рашт ба мавзеи Лахши ноҳияи Ҷиргатол» ба итмом мерасад. Аммо мушкилоти норасоии об ва бунёди нотамоми роҳҳо дар минтақа иҷрои қарорҳои дахлдорро зери суол мебарад.
Бо назардошти муҳимият мавзӯи  мазкур оянда низ пайгирӣ хоҳад шуд.

Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.06.2016    №: 104    Мутолиа карданд: 484

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед