logo

иҷтимоиёт

«БАҲОРИСТОН» - МАҲБУБИ КӮДАКОН

Дар арафаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба фаъолияти Муассисаи давлатии кӯдакону наврасон «Баҳористон» даҳ сол пур мешавад. Дар ин муддат ин шабака доираи васеи тамошобинонро фаро гирифт ва то имрӯз ба дӯстдоштатарин шабакаи кӯдакону наврасон табдил ёфт.

Дар Тоҷикистон зиёда аз севуним миллион кӯдаку навраси то ҳаждаҳ сола ба сар мебарад. Барои таълиму тарбияи ин қишри муҳими ҷомеа шабакаи «Баҳористон» ҳиссаи калон дорад. Лоиҳаҳои «Овози тиллоӣ» (аз соли 2010), «Парвин», барномаҳои «Тақдир», «Дунёи меҳр», «Ватани ман, ҷони ман», «Беҳтар аз дӯст», «Ифтихор», «Омадем, бубинем», барномаи интеллектуалии «Бозёфт» ва чанде дигар байни ҳазорон наврас аз маҳбубияти хоса бархурдоранд.
Бино ба гуфтаи Дилафрӯз Амирзода, директори Муассисаи давлатии кӯдакону наврасон «Баҳористон» шабака 50 барномаи гуногунжанр дошта, ба баланд бардоштани сатҳу сифати онҳо мекӯшад.
- Дар оғози соли нави хониш ду студияи дигар баъди таъмир ба фаъолият мепардозанд. Базаи техникӣ низ мустаҳкам карда мешавад. Ҳоло кино ва филмҳои тасвирие, ки бо забони русӣ ба эфир мерафтанд, кам гардида, таваҷҷуҳи асосӣ ба тарҷумаи филмҳо равона карда шудааст. Як танзимгоҳи дубляж дошта бошем ҳам, бо вуҷуди ин, нақша дорем, ҳангоми таътили тобистона захираи филмҳои тарҷумашударо бештар гардонда, минбаъд онҳоро ба забони тоҷикӣ пешкаш намоем. Ҳатто чандин филми истеҳсоли «Тоҷикфилм», ки то имрӯз ба забони русӣ намоиш дода мешуданд, ба тоҷикӣ тарҷума карда шуд, - афзуд Дилафрӯз Амирзода.
Телевизион имко-ниятҳои фаровоне дорад, ки истифода аз онҳо ба манфиати кор аст. Масалан, тавассути он хониши асарҳои алоҳидаи бадеӣ, омӯзиши забон, фанҳои дақиқ, ҷуғрофия, табиатшиносӣ ва дигар фанҳоро метавон осон кард. Дар ин ҷода низ шабака қадамҳои устувор мегузорад.
Шоҳрух Сӯҳробов, омӯзгори яке аз мактабҳои ноҳияи Рӯдакӣ андешаҳои ҷолиб баён намуд: «Ҳавасмандкунӣ яке аз унсурҳои муҳими педогогӣ маҳсуб ёфта, фаъолияти хонандаро дар ин ё он самт такони ҷиддӣ мебахшад. Аксари лоиҳаву барномаҳои шабакаи «Баҳористон» дар асоси ҳамин унсур ба намоиш меравад. Баъзе барномаҳои шабакаи мазкур на танҳо барои кӯдакон, балки барои падару модарон низ басо муфид аст. Масалан, барномаи «Тақдир» ва «Дунёи меҳр», ки дар он кӯдакони ятиму бепарастор аз зиндагии худ, машғулиятҳои дӯстдошта, доғи ҷудоӣ ва орзуву ормонҳои беғашашон нақл мекунанд, дили тамошобинро тасхир менамояд. Зеро зиндагии ҳазорон кӯдаку наврас ба истиснои хонаи кӯдакони бепарастор бо зиндагии ҳаррӯзаи мову шумо якҷоя ҷараён дорад. Чунин барномаҳо имконият медиҳанд, ки падару модарон ба тарбияи кӯдакони худ ҷиддитар муносибат намоянд, ҳамзамон кӯдакон низ ба қадри падару модар расида, ба эҳтироми онҳо кӯшанд».
Аз ҳама муҳим, шабакаи «Баҳористон» дар якдиливу ваҳдати байни кӯдакону наврасони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон саҳми арзанда мегузорад.

Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.06.2016    №: 104    Мутолиа карданд: 441

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед