logo

фарҳанг

ОСОРХОНАИ РӮДАКӢ ИШТИРОКЧИИ «ИНТЕРМУЗЕЙ - 2016»

Бо  дастгирии  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 то 16 май Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихиву кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент дар фестивали ХVIII байналмилалии «Интермузей - 2016» иштирок намуда,  тавонист таърихи бойи тоҷиконро муаррифӣ созад. Фестивал дар намоишгоҳи марказии «Манеж» - и шафати Майдони Сурхи шаҳри Москва баргузор гардид.

Ташкилкунандаи ин чорабинии умумиҷаҳонӣ Вазорати фарҳанги Федератсияи Русия буда, Осорхонаи таърихиву кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бори аввал дар он иштирок кард.
Дар гӯшаи намоишии осорхона нигораҳои Саразм ва Панҷакенти қадим, ороиши хона ва сару либоси миллӣ, сару либоси тӯёна, намунаи ҳунари дастии ҳунармандони тоҷик ба маърази тамошо гузошта шуд, ки ин намоиши осорхонавиро зиёда аз 35 000 нафар ҷаҳониён дидан карданд. Дар рафти намоиш ба воситаи экран филмҳо дар бораи Тоҷикистон, Саразм, Панҷакенти қадим, сайри осорхонаи ба номи Рӯдакӣ, анъанаҳои миллӣ намоиш дода шуданд.
Алла Байрамова, санъатшинос аз Озарбойҷон, бо ҳаяҷони беандоза дар дафтари қайди мо чунин нигоштааст: «Мо аз Озарбойҷон дар фестивал соли дувум аст, ки иштирок мекунем. Хеле мамнунем, ки ин маротиб бо Тоҷикистон ҳамшафатем. Аз дидани нигораҳои таърихии Тоҷикистон хеле шодем. Фарҳанг ва санъати тоҷиконро хеле қадр мекунем, зеро мо дар Душанбе дар музеи Г. Завқибеков бо намоиши консертии «Мугам» иштирок карда будем. Асбобҳои мусиқии қадимии мо бо асбобҳои мусиқии тоҷикон монанданд, қариб як хел шакл ва оҳанг доранд».
Оилаи рассоми рус В. М. Марченко қайд мекунад: «Дӯстони азизи тоҷикистонӣ! Мо, мардуми  рус ва шахсан оилаи мо аз намоиши осори ниёгон, урфу одат ва маданияти халқи тоҷик таасуроти баланд бардоштем. Дар ҳақиқат халқи тоҷик фарҳанг ва маданияти ҳам бою ҳам қадима дорад.
Бигзор ин фарҳангу маданият асрҳои аср ҳамчун боигарӣ ҳифз карда шавад».
Иштироки Осорхонаи ба номи Рӯдакӣ дар ин чорабинии байналмилалӣ воқеаи таърихӣ буда, дар фаъолияти минбаъдаи он аҳамияти махсус хоҳад дошт. Зеро омӯзиши маводҳои фестивал, шиносоӣ бо фаъолияти осорхонаҳои ҷаҳон, иштирок дар  конференсияву мизҳои мудаввар имконият медиҳанд, ки осорхона минбаъд  фаъолияти илмӣ ва хизматрасонии хешро дар асоси талаботҳои ҷаҳони  муосир ба роҳ монад, тавонад таъриху фарҳанги тоҷиконро аз ин бештар ба ҷаҳониён муаррифӣ кунад.
Фотима РОФИЕВА,
директори Осорхонаи ҷумҳуриявии
таърихиву кишваршиносии ба номи
Абуабдуллоҳи Рӯдакии
шаҳри Панҷакент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.06.2016    №: 104    Мутолиа карданд: 574

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ

«БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛ». ХАТСАЙРИ НАВИ САЙЁҲӢ ДАР ТУРСУНЗОДА

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед