logo

иҷтимоиёт

ОШЁНИ ШЕЪРИ АНДЕША

Ба озмуни «Ҷумҳурият»

Даме ки нурҳои заррини офтоб аз талу теппаҳо хеста, ғубори хокраҳа аз таи суми бузу гӯсфандони бозингари пода болои баргҳои чинорҳо нишаста, заминро сардиву соя фарогир шуду парандагон дар лонаҳошон якнавохт бозор дошта, бонги муаззини масҷид қиёсан ба рӯзҳои пешин паст-пастак ба гӯш расида, намозгузорон ба адои фарзу суннат омодагӣ мегирифтанд, ин шумхабар ба саросари деҳи бузург ларза андохт: шоир Ғоиб Сафарзода аз дори дунё даргузашт!  

Садама дар ағбаи Шар - Шар рух зада буд.  Роҳсозон шахсияти ӯро аз рӯи шаҳодатномаи хабарнигори рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» шинохта, фавран ба шифогоҳи шаҳраки Данғара оварда, ҳамроҳонашро ба шаҳри Норак бурданд. Дар ин сафар вайро додарзодааш Наҷот ва ҳамдеҳааш Мӯсо ҳамроҳӣ доштанд. Фосилае гузашта, шоир аранге чашмонашро мекушояд ва суроби одамонро дар лавҳи хаёл нашинохта, нафаси вопасин мебарорад.
…Субҳидам баъди гусели ҷигарбанд модар хобашро ба оби равони рӯд гуфта бошад ҳам, дилаш аз мусибате метапид. Ғоиб майдаҳак буд, ки падараш домулло Сафарро низомиён дар шумули китобхонҳо шабона бурда, сари ҳамон хату хабараш наомад. Модар аз ҳасрату андуҳи бепоён тифлакашро Ғоиб ном гузошта буд. Баъдҳо, шоир  аз пешомади тақдир огоҳона мегӯяд:
Мо раҳгузарем, дар сафар мегузарем,
Лекин ба раҳи дигар дигар мегузарем.
Маънии ҳаёти мо дар ин хоҳад буд:
Чун омадаем, боз дармегузарем.

Нахуст аз фоҷиа бародарони шоир дарак ёфта, мошин киро карда, ба роҳ баромаданд. Дар дашти Олимтой аз шофирҳои роҳгузар фаҳмиданд, ки ронандае ба садама дучор шуда, дар шифогоҳи Данғара мехобад. Усто-Саид, Саидҷаъфар ва Акбар (ёдашон ба хайр!) ба назди бародари азизашон расиданд, афсӯс хеле дер. Сару рӯи докапеч ва ҷисми сарди Ғоибро  бӯида, сар ба сутунҳо зада, хун мегиристанд. Ҳамбонги раъду барқ ва борону ҷолаи дили бародарон Иқболи лоҳурӣ сало мезад: «Марги соҳибдил ҷаҳонеро далели кулфат аст, Шамъ агар хомӯш гардад, доғи маҳфил мешавад».
Шоире, ки ифтихори адабиёту миллати тоҷик буд, аз дунёи олуда ба сад ранг баору нанг рафт. Ватандоре, ки бозсозиро дар хеш барои кӯрдилон ва дунҳимматон бармаҳал оғозид, шаҳди ранҷ начашиду мисли ситораи тобнок як дурахшиду нопадид гашт. Ғоиб Сафарзодае, ки дастархонаш ба рӯи хосу ом боз буд, ташнагони каломи бадеъро сарпарасту дамсоз буд… 
Шомгоҳӣ падарам ба хона омад, вале аз асп нафуромад. Ин бор аспи хушёли ӯ сархам буд, ҳароина шиҳа намекашид. Садои падарам хаставу гиряолуд буд: «Ғоибназарро аз даст додем…» Баъд, осема ба модарам фармуд, ки аз дохили сандуқ як тӯб махмали сурх барорад. Бо номи ин шоири бедордил, ки сари тафохур доштем, ҳамсадои ғамолудаву андуҳбори падар ман ҳам гиристам. 
 Аҳли хоҷагӣ, кулли соҳибдилон азо гирифта, зери фалаки ҷомакабуд ҳайрону мотамзада буданд. Пиразанҳо модари шоирро бо баҳонае ба хонаи ҳамсоя бурданд. Аз давутозу фиғони одамон хавоси кампир парешид, ки вазнин бархоста, сӯи ҳавлияш омад. Лаҳзае тобути писарашро дар миёнаи ҳавлӣ дида, ҳуш аз сари момои Шарифгул рафт. Ба рӯяш об пошиданд, аранге ба худ омад. Панҷа ба пиччаҳои барфосояш мезаду «Ғоибназар, маргатро хоб дида будам», - гӯён аз ҷигар наъраи пирона сар дода, худро болои тобут партофт. Дугоникҳо Ҳасану Ҳусейни хурдсол дар бари падар ҷомаяки ғам пӯшида, пеши дарвоза сархам меистоданд. 
Пагоҳӣ муаллимони дабиристони мо, ки устод Ғоиб Сафарзода як тан дастпарвари он буд, ғамгин омаданд. Синфҳои болоиву поёнӣ саф ороста, бонавбат ба маросими видоъ мерафтем. Паҳлуи акси шоир дастагулҳои тару тоза гузошта, лаҳзае сукут варзидем. Хурду калонро медидам, ки ашки ғаму андуҳ бари рӯяшонро тар мекард. Шоири донишманд барои ҳамагон азиз буд. Мунаққиди  маъруф Соҳиб Табаров аз талафи соҳибистеъдоде кӯдаквор гириста, ҳатто баъди маитро ба хокдон супоридан саркашол, гирёну нолон аз ҳама охир аз сари манзили ахирати шоир ба ҳамворӣ фуромада буд. 
Дареғо, инсон баъди маргаш ба ёди камтари ёрон мерасад. Замоне Ғоиб Сафарзода чи рақам ашхосро дар хонааш сарпаноҳ додаву ба дастгирӣ пазиро шудааст. Дӯстони забониву нонӣ кам нестанд. Ба хотири пуштибонӣ киҳоеро сухангӯӣ омӯхт. Иддае пайи шуҳрату курсӣ аз худ аллома тарошида, чунон айёрона нақш мебозанд, ки ҷунбишашонро касе пай намебарад. 
Ду панҷсола пеш аз тарафи ҳукумати вилояти Хатлон барои таъсиси осорхонаи шоир Ғоиб Сафарзода маблағи муайян ҷудо гардид. Масъулон рафта масоҳати манзили басар бурдаи шоирро якояк қадам заданд. Аҷабо, лоиҳаи осорхона аз бастаи ҳуҷҷатҳо ғайб зада, ҳокимони вақт сари он масъала нагаравиданд.
Шурӯъ аз саргаҳи ноҳияи Восеъ хоҷагии собиқ «Коммунизм» номи устод Ғоиб Сафарзодаро гирифта буд. Аҳли адабу ҳунар таскин меёфтанд, ки номи шоири шӯридадил ба гӯшаи фаромӯшӣ наафтодааст. Вале касрати ҷанги шаҳрвандӣ бетаъсир намонд. Ашхоси навкиса аввалин коре карданд, ин буд, ки навиштаҷотро сарозер биёранд! Лавҳаи ному насаби шоир ба хоҷагии хурдаки ҳамшафати устохонаи техникӣ афтод. Некпиндоре, тарафдоре, ватандоре сари тахтаи вожгуни сабти номи шоир наандешид.   
Даҳсолаҳо мегузашт, вале таҷлили мавлуди панҷоҳ, шаст ва шасту панҷсолагии шоири шаҳир Ғоиб Сафарзода ба ёди роҳбарияти пешини Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон намезад. Дар ниҳояти кор, бо кӯшишоти духтари шоир Зуҳра Сафарзода хотироти ҳамкорон, дӯстон ва шогирдон дар шакли китоби алоҳида мураттаб гардид. Яъне 75 - солагии шоир сабаб шуду дар деҳаи Кадучӣ санги болои гӯрашро аз нав таъмир карданд ва Осорхонаи шоирро бунёд гузоштанд.
Эҷодгари нозукхаёл назаркардаи Худованди карим аст. Ӯ бо рӯҳу равон ва фалсафаи хос аз дардҳои ҷомеа менигошт. Ғоиб Сафарзода ашъори гуҳарбор дошта, бо шевоӣ, перояи зебо ва сабки нотакрор дурри маънӣ месуфт. Ба каломи оташбори шуарои пешин арҷ мегузошт. Дар шеъри «Тоҷикистон хурд нест!» ҳамсадову ҳамнавои Султони шоирон – устод Рӯдакӣ ба истиқбол мехезад: «Кишваре, ки Рӯдакиро зод ӯ, Шеъри оламгир моро дод ӯ».
Шоир бо маҷмӯаи «Корвони орзу» (1969) озими роҳи пурпечу хами суханварӣ буд, аммо корвони умр аз рафтор монд. Соҳибахтари пурдурахши самои назм аз дидори «Ошёни офтоб» (1972) бенасиб монд, як тулӯъ карду ба ғуруб рафт. Гули ормонҳо дар қабзаи марг пажмурду хазон шуд. Ғоиб Сафарзода дар 32 - солагӣ аз худ «Мероси ҷавонӣ» ба ёдгор гузошт. Шайдоёни шеъри ӯ то кунун дар сеҳру нафосати каломи мавзун ва таровиши қалами сабзаш ком ширин кардан доранд.
Мерасад рӯзе, ки дар баландии ағбаи Шар-Шар, ҳамон ҷое, ки риштаи ҷони шоир гусаст, ба рамзи дӯстиву ҳамбастагии қавму миллатҳо ин шоҳбайти ӯ ҳаккокӣ шавад: 
Дӯст кӯбад гар дари мо, марҳабо, дил танг нест,
Нест моро чини абрӯ, дар бағал ҳам санг нест.

Месазад, ки маҳали зисти шоири шаҳирро дар Душанбе «Кӯчаи ба номи Ғоиб Сафарзода» унвон мекарданд. 
Зиҳӣ, шоири миллат! 

 Сипеҳри ҲАСАНЗОД


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.06.2016    №: 104    Мутолиа карданд: 615

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед