logo

сиёсат

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо зикр намудаанд, ки омили муҳимтарини ҳастии миллат ва давлатдории ҷумҳурии соҳибистиқлоламон ваҳдати миллист. Ба ҳамин маънӣ, ваҳдати миллӣ омили асосии ҳамдигарфаҳмӣ, созгорӣ ва ҳамоҳангии манфиатҳо, субот дар ҷомеа, амнияту тараққии кишвар ва муҳимтарин заминаи пешрафти ҷомеаи имрӯзи мо маҳсуб меёбад.

Ваҳдатофарии миллати мо собиқаи куҳан дорад. Зеро андешаи ваҳдат ё худ ваҳдати вуҷуд бо маъниву мазмунҳои гуногун  дар таърихи фалсафа ва ирфони ниёгонамон мақоми бориз дошта, аз ҷониби мутафаккирон ва адибон ҳамчун омили осоиши ҷомеа арзёбӣ шудааст. Дар адабиёт ва фалсафаи муосир бошад, мафҳуми ваҳдати миллӣ бештар маънои умумияти иҷтимоӣ ва муттаҳидии аъзои ҷомеаро дошта, қариб дар ҳама тамаддунҳо чун омили субот ва таъмини пешравии кишвар ба ҳисоб меравад.
Ваҳдати миллӣ ба сатҳи худшиносии миллӣ ва дарки моҳияти ватандорӣ робитаи зич дорад. Агар ба гузаштаи начандон дур назар афканем, ин масъала ба хубӣ равшан мешавад. Чунончи, дар асри ХХ адабиёт, санъат ва илм ба воситаи осори мондагори бузургоне, мисли Садриддин  Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода дар худшиносиву худогоҳӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ таъсири бузург доштанд. Хусусан, «Намунаи адабиёти тоҷик» - и Садриддин Айнӣ ва «Тоҷикон» - и Бобоҷон Ғафуров барои тавсеаи заминаҳои илмии худшиносӣ ва баҳамоии тоҷикон нақши калидӣ бозиданд.
Зарурат ва аҳамияти ваҳдати миллӣ махсусан дар даврони соҳибистиқлолӣ бештар эҳсос шуд. Дар ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ, бинобар пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, Тоҷикистони азизи мо Истиқлолияти давлатӣ касб кард. Умед буд, ки дар имконияти нави таърихӣ барои таҳкими ваҳдати миллӣ беш аз пеш имконияти мусоид фароҳам меояд. Вале, дере нагузашта дар кишвар манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ аз манфиатҳои давлативу умумимиллӣ боло гузошта шуданд. Қувваҳои моҷароҷӯи дохиливу хориҷӣ, ки мустақилияти кишвар ва низоми давлатдории навинро намехостанд, дар ҷомеа тухми кинаву адоват, низоъ ва ҷудоихоҳиро пошида, оташи ҷанги шаҳрвандиро афрӯхтанд. Талафоти зиёди ҷониву молӣ, афзудани шумораи фирориёни иҷборӣ ваҳдати миллӣ ва якпорчагии мамлакатро зери хатар гузошт. Бинобар ин, чораҳои муассире андешидан зарур буд, ки ба ин ҷанги таҳмилӣ хотима дода, ваҳдати миллӣ, ягонагии кишвар, рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакатро таъмин намоянд. Бо дарки ҳамин зарурати таърихӣ Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд даъват шуд, ки дар он масъалаҳои муҳими ҳаёти мамлакат, аз ҷумла интихоби роҳбари нави сиёсӣ, хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳи комил баррасӣ шуданд.
Дар ин иҷлосияи таърихӣ  вакилон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарвари давлат интихоб намуданд. Сарвари тозаинтихоби кишвар  зимни суханронии  хеш изҳор намуд: «Ман кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем». Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамон вақт бо ин суханони худ барномаи сулҳ ва ваҳдати миллии ояндаро эълом дошта буд. Дар ҳамин замина, роҳбарияти нави сиёсии мамлакат ягона роҳи дурусти ба сулҳи комили миллӣ расиданро дар гуфтушунид бо мухолифон медид. Ниҳоят, баъди музокироти тӯлонӣ 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо шуд. 
Баъди истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба манзури расидан ба сатҳи болотари рушди иқтисодиёт чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расиданд. Аз ҷумла, Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда буд, барои ба эътидол овардани вазъи иқтисодию иҷтимоӣ заминаи боэътимод гузошт. Дар солҳои баъдӣ дастовардҳои назаррас доштем, ки ба таҳкими асосҳои ҳуқуқии низоми нави иҷтимоию иқтисодӣ низ иртибот доштанд. Чунки дар ҳалли проблемаҳои ҷомеа, аз ҷумла таҳкими ваҳдати миллӣ нақши  санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ хеле муҳим буд.
Баъдан, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, арзишҳо, принсипҳо ва меъёрҳое, ки асосҳои ҳуқуқии ваҳдати миллиро муайян менамоянд, дарҷ гардиданд.
Нақши санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар ҷараёни гуфтушуниди миёни тоҷикон ва баъдан дар Комиссияи оштии миллӣ қабул шуданд, дар таҳкими ваҳдати миллӣ хеле назаррасанд.  Аз ҷумла, Санади ҳамдигарбахшӣ (10 июли соли 1997), Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи иштироккунандагони муқовимати сиёсӣ ва низомӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1 августи соли 1997), силсилаи қонунҳо дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ, интихобот ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 1999 ва 2003 заминаҳои нави ҳуқуқии ваҳдати миллиро  ба вуҷуд оварданд ва онро тақвият бахшиданд.
Таҳкими ваҳдати миллӣ, инчунин, ба ҳамоҳангсозии фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ  вобаста аст. Дар баробари ташкилоту созмонҳое, ки барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар ҷомеа пайваста талош меварзанд, Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз таъсиси он соли ҷорӣ понздаҳ сол сипарӣ гардид, мавқеи махсус дорад. Ин ниҳод, ки бо ташаббуси Президенти мамлакат таъсис  ёфта буд, минбари муколамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои давлативу ҷамъиятӣ мебошад. Шӯрои  мазкур яке аз бозёфтҳои сиёсии даврони соҳибистиқлолӣ ва институти нодири демократӣ дар миқёси минтақа ва собиқ давлатҳои  Иттиҳоди Шӯравӣ буда, вазифаи муттаҳидсозанда ва таҳкимбахшандаи ваҳдатро иҷро намуд ва онро идома дода истодааст. Принсипи асосии фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ ризоияти ҷомеа дар ҳалли масъалаҳои муҳимтарини сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, маънавию фарҳангии мамлакат мебошад, ки дар айни ҳол ҳамкории ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро низ таъмин менамояд. Нақши ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва дигар ниҳодҳо, ки дар мамлакат фаъолият доранд, дар густариши ғояҳои ваҳдатофарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле муҳим мебошад.

Фурқат САМИЗОДА,
ёрдамчии прокурори шаҳри Ҳисор,
ҳуқуқшиноси дараҷаи 3


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.06.2016    №: 104    Мутолиа карданд: 1009

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед