logo

сиёсат

БАДАХШОН. ЭҲСОСЕ, КИ АЗ ВАҲДАТ САРЧАШМА МЕГИРАД, ШОДИВУ НИШОТ АСТ

Имрӯзҳо дар доираи баргузории ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз Суғду Хатлон, водиҳои Рашту Ҳисори шодмон меҳмонони зиёде ташриф оварда, бо мардуми ин сарзамини бостонӣ шодишарик мешаванд. Албатта, ҳамватанони азизамон дар Бадахшон меҳмонони рамзиянд, зеро ин хоку оби муқаддас Ватани муштараки ҳамаи мост. Дар ободонии шаҳру навоҳии Бадахшон сокинони тамоми кишвар саҳмгузоранд. Аз ҷумла, дар ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз  даҳҳо  шахсиятҳои маъруфе кору фаъолият доранд, ки дар Донишгоҳи  омӯзгории шаҳри Кӯлоб таҳсил кардаанд. Ҳамчунин, сокинони   ин гӯшаи диёр бо минтақаҳои Кӯлобу  Қӯрғонтеппа иртиботи ногусастанӣ доранд.

- Ҳоло Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - ин сарзамини зебо ва пурасрор тавассути ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  симояшро ба куллӣ  дигар кардааст. Аз он шодам, ки ман низ дар қатори дигар ҳамдиёрон  меҳмонони  азизу гиромиро самимона истиқбол мегирам. Чӣ қадар хуб аст дидори деринтизори дӯстони хатлонӣ, ки замоне паҳлу ба паҳлу мактаби олиро хондаву ба нафъи халқу Ватан хизмат кардаем. Аз он омӯзгороне, ки дар шаҳри Кӯлоб ба мо сабақ додаанд, то имрӯз миннатдорем ва ёди некашонро гиромӣ медорем, - изҳор медорад Хушвақт Искандаров, омӯзгори собиқадори ноҳияи Ванҷ.
- Солҳои панҷоҳуми асри гузашта мо наврасони  Ҷамоати деҳоти Язгулом мешунидем, ки дар водии Вахш сохтмонҳои бузург ҷараён дорад. Тавассути кандани каналу  ҷӯйҳо биёбонҳо ба гулистон табдил меёбанд. Сокинони Суғду Хатлон, водиҳои Ҳисору Рашт, Вахё, Бартанг, Ғунду Шоҳдара ба сафи фотеҳони водии Вахш дохил мешуданд. Бошандагони  чанде аз рустоҳои  Ҷамоати деҳоти Язгулом, аз ҷумла Андарбаку Жамаг, Зайчу Ӯбағн низ чун дигар мардуми Бадахшон барои азхудкунии водии Вахш  шитофтанд. Падарам ва чанде аз хешу таборон ҳоло дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  зиндагӣ мекунанд, - нақл мекунад собиқадори меҳнат Ҳайдар Кӯҳканов.
Баъди  сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба Ҷамоати деҳоти Язгулом дар  ҳаёти сокинони ин  водии кӯҳсор дигаргуниҳои зиёде ба амал омаданд, яъне, даҳҳо иншооти нав бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтанд.  Имрӯзҳо сохтмони  Неругоҳи барқи обии Мотравн бо иқтидори зиёда аз 300 кВт  идома дорад.
Сокини деҳаи Ёгеди ноҳияи Дарвоз Адабҷон Амирҷонов  бо ифтихор тазаккур дод, ки садҳо сокини ноҳияи Дарвоз ба шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Муъминобод, Ҷайҳун ва Ҷалолиддини Балхӣ кӯч баста, якҷо бо ин мардуми  меҳнатқарин кору зиндагӣ доранд. Рӯзгори онҳо осуда ва  пур аз нишот мебошад. Эҳсосе, ки ин мардумро ба ҳам мепайвандад, ваҳдату инсонгароист. Хулоса, мардуми Хатлону Бадахшон ба масал ангуштарину нигинанд.
Сироншоҳи ДИЛОВАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.06.2016    №: 104    Мутолиа карданд: 615

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед