logo

иҷтимоиёт

МАКТАБИ № 24 МАРДУМИ СОҲИБНОМУСРО БА ҲАМ ОВАРД

Дар таъмири боми мактаби № 24 - и деҳаи Сайф Раҳимзоди Афардии ноҳия Фархор аҳли деҳа баробар саҳм гузоштанд ва шояд дар деҳа оилае намонда бошад, ки дар ин кори хайр ҳисса нагузошта бошад.
 – Таъмири бом барои мактаб, ки дар он 930 хонанда дар ду баст таҳсил менамоянд, мушкили асосӣ буд. Боре дар маҷлиси падару модарон масъалаи пӯшондани боми мактабро, ки ҳамасола дар фасли замистон мечакид, баррасӣ намудем. Чанде аз волидон тасмим гирифтанд, ки барои харидани меху тахта ва дигар лавозимоти зарурӣ кумакамон намоянд. Устои деҳа Аввалӣ Зоиров бо шогирдонаш пӯшондани бомро ройгон ба зима гирифт, -  мегӯяд директори мактаб Адолат Бӯриева.
Ҳамин тавр, кор шурӯъ гардид. Соли аввал қисми ками боми мактаб бо маблағи чанд нафар хайрхоҳони деҳа пӯшонда шуд ва ин кори нек барои дигарон намунаи ибрат  гардид. Акнун мардуми деҳа ҳар кас бо ихтиёри худ ва ба қадри имкон барои пурра анҷом додани ин кори хайр маблағ ҷудо мекард. Масалан, бобои Исматулло бо фарзандонаш барои ӯ 16 ҳазор сомонӣ ҷудо намуданд. Тобистони соли дигар, баъди анҷом ёфтани соли хониш таъмири қисми дигари боми мактаб шурӯъ шуд. Ин дафъа ба Аввалӣ Зоиров муаллимон ва мардуми деҳа низ ҳамроҳ шуда, ба таври ҳашар бомро пурра таъмиру бозсозӣ намуданд. Аз ин ба баъд мардуми деҳа бо дарки он, ки ободии Ватан аз ободии деҳа, кӯчаву маҳалла оғоз мегардад, ҳамеша мекӯшанд  деҳи худро ободу зебо намоянд.
Таъсис додани боғчаи кӯдаконаро низ мардуми деҳа хуб пазируфта, дар ҷиҳозондани он бо лавозимоти зарурӣ ёрӣ расонданд. Ҳатто чанд моҳи аввал боғча пурра аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонии деҳа фаъолият менамуд. Имрӯз ҳам сардорони хоҷагиҳои деҳқонӣ Анвар Юсуфов, Суннатулло Мутаввалиев, Ғанӣ  Маҳмадалиев, Бегаҳмад Назаров боғчаи деҳаро бо орду равған, шакару биринҷ, картошка  ва дигар маҳсулоти хӯрока таъмин месозанд.
Чанде пеш истиқоматкунандаи деҳа Даврон Шарифов болои дарёе, ки қабристонро бо деҳа пайваст менамояд, пул сохта мушкили чандинсолаи мардумро осон намуд. Зеро қаблан аз набудани пул мардум азият мекашиданд.
- Маблағе, ки барои сохтмони пул сарф намудам, онро аслан падари раҳматиам барои зиёрати Каъба ҷамъ намуда буд, - мегӯяд Даврон Шарифов. -  Аммо падарам бемор шуда, аз олам гузашт. Пеш аз маргашон ба ман васият намуданд, ки он маблағро баҳри кори хайре сарф кунам. Гумон мекунам, бо сохтани пул деҳа обод, мушкили мардум осон ва арвоҳи падарам шод гардид.
Дар воқеъ, кору амали неки мардуми ин деҳа барои дигарон намунаи ибрат аст.

Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.06.2016    №: 105    Мутолиа карданд: 437

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед