logo

иҷтимоиёт

МАСТЧОҲ. ТЕХНИКАҲОИ НАВ НАМЕРАСАНД

Тибқи иттилои Полвон Алиназаров, сардори  Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Мастчоҳ, дар ихтиёри муассисаи мазкур 120,8 км роҳ мавҷуд буда, аз он 48,1 км роҳҳои асфалту бетонӣ ва 72,7 км роҳҳои омехта (муму шағал) мебошанд.
Дар ҳамаи  роҳҳои дар мувозина буда пулҳои мошингузар, қубурҳои обгузар ва истгоҳҳо дар ҳолати хуби корӣ қарор доранд. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва роҳбарияти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ 13 км роҳи Бӯстон – Комсомол аз таъмири ҷорӣ баромада, мумфарш ва қумпӯш гардонда шуд. Соҳибкори маҳаллӣ Мирзораҳим Шарифов дар сохтмон ва мумфаршкунии роҳи Комсомол - Фармонқурғони ноҳияи Спитамен иқдоми шоистаи ибрат нишон дод. Мирзораҳим Шарифов ҳамчунин аз ҳисоби маблағҳои худ гирду атроф ва дохили беморхонаи марказии ноҳияро мумфарш намуд.
 Бо вуҷуди ин, роҳи Бӯстон - Қуруқсой – Олтинтопкан аз сабаби аз кони Олтинтопкан - Зарнисор бо мошинҳои калонҳаҷм кашондани хокаи кон ба таъмири ҷорӣ ниёз дорад.
Сабаби пурра таъмир нашудани роҳ нокифоя будани маблағ дар тавозуни муассисаи мазкур мебошад. Ба гуфтаи Полвон Алиназаров, алҳол мушкилоти асосии сохтмончиёни роҳ норасоии техникаи муосири роҳсозӣ мебошад. Техникаҳои мавҷуда аксаран куҳнаю корношоям шудаанд. Механизаторону ронандагон ин техникаҳоро бо мушкилӣ таъмиру тармим намуда, истифода мебаранд. Бовар дорем, то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ин камбудӣ ҳам ҳал ва мушкили мардум осон мегардад.
Сайфулло МАҲКАМОВ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.06.2016    №: 105    Мутолиа карданд: 432

26.09.2018


ЗАБОН ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Идомаи машқҳои зиддитеррористии «Иссиқкӯл - 2018» дар Қирғизистон

Ёрӣ ба 17 кишвари Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати бартарафсозии оқибати хушксолӣ

Иттиҳоди Аврупо Осиёи Марказиро маблағгузорӣ мекунад

Қазоқистону Ӯзбекистон моҳвораи муштарак сохтанианд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед