logo

ҳуқуқ

ПУРСИШ ва ПОСУХ

Ба саволҳо Ғуфрон Бойматов, узви мушовараи адвокатҳои вилояти Суғд ва Айналишо Айналишоев, муовини  сардори  Раёсати адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҷавоб доданд. Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238-54-16 ба мо муроҷиат намоянд.


- Дар Ҷамъияти матлуботи ноҳияи Шаҳристон дар вазифаи сардори шуъбаи корҳои ташкилӣ 28 сол фаъолият доштам. Ин собиқаи корӣ барои зиёд шудани нафақаи ман сабаб шуда метавонад?
 Саттор Ортиқов, сокини ноҳияи Шаҳристон

- Тибқи муқаррароти моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» нафақаи синну сол ба андозаи 55 фоизи маош, аммо ба шахсоне, ки дар корхона, муассиса, ташкилот ё дар як соҳа собиқаи корӣ доранд (мардҳо 25 сол ва занҳо 20 сол), ба андозаи 60 фоиз таъйин карда мешавад. Ҳамзамон, моддаи мазкури ҳамин қонун пешбинӣ намудааст, ки барои ҳар як соли пурраи кори зиёда аз 25 - солаи мардҳо ва зиёда аз 20 - солаи занон нафақа ба андозаи 1 фоизи маош меафзояд. Аз муқаррароти қонун бармеояд, ки дар сурати дар як муассиса собиқаи кории 28 - сола доштанатон барои баланд шудани нафақа сабаб шуда метавонад.


- Барои соли аввали фаъолият дар ин ё он муассиса рухсатии меҳнатӣ баъд аз чанд моҳи корӣ дода мешавад?
 С. Султонов, сокини ноҳияи Мурғоб, 21 - сола

- Тибқи моддаи 92 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсатии меҳнатӣ (асосӣ ва иловагӣ) барои соли аввали корӣ на барвақттар аз ёздаҳ моҳ аз ҷониби корфармо дода мешавад. Вале қонунгузор корфарморо вазифадор кардааст, ки  то ба итмом расидани ёздаҳ моҳи корӣ бо хоҳиши корманд ба ӯ дар ҳолатҳои зерин рухсатии меҳнатӣ пешниҳод намояд:
ба занон пеш аз рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд ё баъди он; ба кормандони синни то ҳаждаҳсола; ба кормандоне, ки бо тартиби гузариш ба кор қабул карда шудаанд; ба кормандоне, ки мувофиқи хулосаи тиббӣ барои табобат дар истироҳатгоҳу санатория роҳхат доранд; ба кормандоне, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд, агар рухсатии меҳнатиашон дар ҷойи кори асосӣ дар давраи то ёздаҳ моҳи корӣ аз рӯи дар ду (якчанд) ҷой кор кардан мувофиқ ояд; ба омӯзгорони мактаб, муаллимони муассисаҳои таълимӣ, касбию техникӣ, ҳайати профессорию омӯзгории муассисаҳои таълимии олӣ ва миёнаи махсус; ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ; ба заноне, ки соҳиби ду ва зиёда кӯдаки синни то чордаҳсола ё кӯдаки маъюби синни то ҳаждаҳсола мебошанд; ба кормандоне, ки аз истеҳсолот ҷудо нашуда, дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шабона (бастӣ), муассисаҳои таълимии касбию техникӣ, шуъбаҳои шабонаю ғоибонаи муассисаҳои таълимии олӣ ва миёнаи махсус ва аспирантураҳо таълим мегиранд; дар дигар ҳолатҳои тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи (созишномаи) коллективӣ ё шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ муайяншуда.
Ба хизматчиёни ҳарбие, ки ба эҳтиёт ҷавоб шудаанд ва бо тартиби муташаккилона ба кор фиристода шудаанд, рухсатии меҳнатӣ баъди гузаштани се моҳ дода мешавад. Ба зани (шавҳари) хизматчии ҳарбӣ бо хоҳишаш рухсатии меҳнатӣ дар як вақт бо рухсатии шавҳари (зани) ӯ дода мешавад.
Ба ғайр аз ҳолатҳои дар банди 1- 9 қисми дуюм, қисмҳои сеюм ва чоруми  моддаи 92  нишондодашуда рухсатӣ  мутаносибан ба рӯзҳои дар давоми сол коркардашуда, аммо на камтар аз 14 рӯзи тақвимӣ дода мешавад.

 Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.06.2016    №: 105    Мутолиа карданд: 608

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед