logo

иқтисод

«МУРҒИ ҲИЛОЛ» БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  “Мурғи ҳилол” – и ноҳияи Файзобод  соли 2006 бо дастгирии Ҳукумати кишвар фаъол шуда, дар як муддати кӯтоҳ ба васеъ намудани истеҳсолот ва афзудани ҷойҳои нави кор муваффақ гашт. Аз ин ҷост, ки дар ду соли кори пурзаҳмат бо ҳамкории мутахассисони эронӣ саршумори паранда ба 305640 сар ва истеҳсоли тухм ба беш аз 22 миллион дона расонда шуд. Фаъолияти бомаром боиси пайдо кардани ҷойи кор  ва музди хуб гирифтани 158 корманд шуд.

-  Мо ба чанд корхонаи кишварҳои хориҷ сафар карда, шароити кор ва таҷрибаи онҳоро омӯхтем, - мегӯяд Зафар Ҳакимов, директори кулли ҶДММ “Мурғи ҳилол”. – Интихоби мо ба корхонаи  парандапарварии шаҳри Машҳад рост омад. Мо аз он ҷо дар соли аввал зиёда аз 227 ҳазор сар чӯҷа ворид намуда, соҳаро рушд додем.
Дар солҳои охир фаъолияти ҶДММ “Мурғи ҳилол” ба авҷи тараққиёт расид. Соле аз хориҷ то 400 ҳазор чӯҷа оварда, истеҳсоли тухмро ба 97 миллион дона ва гӯштро ба 548 тонна расонданд, ки аз он ба буҷети кишвар ҳамчун андоз зиёда аз 13 миллион сомонӣ даромад ворид мешуд. Дар 3 минтақаи истеҳсолӣ ва 1 минтақаи парвариши чӯҷа то 742 ҳазор сар парандаро нигоҳубин мекарданд. Корхона ба шарофати сехи хӯроктайёркуниаш рӯзе қариб 80 тонна маводи серғизо омода намуда, эҳтиёҷоташро қонеъ мегардонад. Рушди корхона имкон дод, ки шумораи коргарон ба 502 нафар (соли 2014) расонда шавад.
Ду соли дигар мо ба чунин нишондиҳандаҳои баланд фаъолият карда, коргоҳро аз ҷиҳати иқтисодӣ пуриқтидор сохтем, - афзуд директори корхона. – Тамоми намуди андозҳоро сари вақт мепардохтем ва бозору марказҳои савдо аз тухми корхонаи мо пур буд ва тавассути корхонаи мо ва дигар коргоҳҳои соҳа воридоти тухм аз хориҷи кишвар хеле кам шуд. 
Мутаассифона, фаъолияти бобарори коргоҳи парандапарварӣ дер давом накард. Дар натиҷаи буҳрони молиявии ҷаҳонӣ, боло рафтани қурби доллари ИМА ва аз имкониятҳо пурраю самаранок истифода набурдани маъмурият ва соҳибмулк фаъолияти он фалаҷ гашт ва соли гузашта истеҳсоли тухм қариб 20 миллион дона кам шуда, қарзи бонкӣ ба 91 миллион сомонӣ расид. Вазъи ногувори баамаломада боиси аз ҳамкорӣ даст кашидани шарикони ҳамкор гашта, воридоти чӯҷаи хушзот аз хориҷи кишвар чанд маротиба коҳиш ёфт.
Ҳоло ҶДММ “Мурғи ҳилол” аз сабаби надоштани маблағи гардишӣ ва сармоягузори бақуввати дохилӣ ё хориҷӣ таъҷилан ба дастгирии давлатӣ ниёз дорад. Зеро он на танҳо яке аз корхонаҳои калонтарини ҷумҳурӣ, балки Осиёи Марказӣ мебошад ва ин ҳол ба вазъи иҷтимоии кормандон низ бетаъсир намемонад.
Хуб мебуд, агар Ҳукумати кишвар ба соҳаи парандапарварӣ, ки соҳаи зудрас ва сердаромад буда, дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми назаррас гузошта метавонад, дар андозсупорӣ ва пардохтҳои дигар имтиёзҳо дода, онро аз мушкилоти баамаломада раҳонад.
Аз рӯйи лоиҳаи рушди соҳаи парандапарварӣ, ки дар ҶДММ “Мурғи ҳилол” барои 12 соли оянда таҳия ва ба мақомоти дахлдор пешниҳод шудааст, корхона дар ҳолати пурра қомат рост кардан метавонад дар як сол то 250 миллион дона тухм ва 12 ҳазор тонна гӯшти парҳезии мурғ истеҳсол намояд.
 
Мирзои ФИРӮЗ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.06.2016    №: 105    Мутолиа карданд: 632

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед