logo

иҷтимоиёт

КОМИССИЯ ВАЪДА МЕДИҲАД: КАМБУДИҲО ИСЛОҲ МЕШАВАНД

То ҷашни 25 - умин солгарди  Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон рӯзҳои башумор боқӣ мондааст. Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, ки аз раванди корҳои омодагӣ ба ин ҷашни фархунда аз ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гузориш омода созем.

Дар ноҳия  34 маҳалла, 34  шаҳрак ва 26 минтақа мавҷуд  буда,  30076  нафар аҳолӣ  расман ба қайд гирифта  шудааст. Дар маҳаллаҳои Камонгарон, шаҳракҳои 91, 92,  Зарафшон ва Испечак имрӯзҳо корҳои  ободонӣ  тақвият ёфтаанд.
Эраҷ Рамазонов, мудири  шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита  бо ҷомеаи  дастгоҳи  раиси ноҳияи  Сино  мегӯяд, ки комиссияи салоҳиятдор чандин ҳолатҳои худсарона иқдом гирифтани сокинонро тасдиқ кард. «Дар  маҳаллаи Испечак ҳатто атрофи бинои истиқоматии баландошёнаро девор ва панҷара гирифта, худсарона биноҳои ёрирасон, аз қабили танӯр ва ҳезумхона сохтаанд.
Заминҳои воқеъ дар назди биноҳои истиқоматӣ аз чунин биноҳои худсохт озод ва ба ҳолати аввала баргардонда шуд. Шояд дар бархе аз ин заминҳо майдончаи варзишӣ ё макони фароғатӣ барои калонсолон бунёд шавад. Кӯчаҳои таъмирталаб ҳам бояд,  ки то рӯзи ҷашн тармим шаванд», - гуфт Эраҷ  Рамазонов.
Воқеан ҳам, даҳҳо киллометр роҳҳо, садҳо истгоҳу майдончаҳои тафреҳӣ ба таъмиру барқарорсозӣ ниёз доранд. Аз 19582 метри мураббаъ роҳҳо 48,3 ҳазор  метри  мураббашон ба нақшаи таъмир ворид гаштааст ва аллакай  аз тарафи муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳия 7 625 метри он аз тармим бароварда шуд. Дар канори роҳҳо то имрӯз 63700 дона гули мавсимӣ ва ҳамешагӣ, 80 бех ниҳоли ороишӣ шинонда шуда, ба андозаи  96366 метри мураббаъ бехи ниҳолҳо  нарм  ва 1820 гектар замин аз алафҳои бегона тоза карда шуд.
Яке аз мушкилоте, ки бештар таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони шаҳрро  ҷалб мекунад, роҳҳои ба таъмири асосӣ ниёздоштаи байни биноҳои истиқоматист, ки ҳусни пойтахт ва  шаҳракҳоро безеб  мекунад. Ҳамчунин,  таъмиру сохтмони майдончаҳои варзишӣ, тафреҳӣ фаромӯш нашудаанд. Имрӯз на танҳо дар ноҳияи Сино, балки умуман дар пойтахт бунёди  майдончаҳои  хурди   варзишӣ  ба  ҳукми  анъана даромадааст, вале ин ҳоло ҳам  кам аст. Масъулони комиссияи ободонии ноҳия мегӯянд, ки дар рӯзҳои боқимонда талош мекунанд, ки сохтани нишастгоҳҳо ва таъмири майдончаҳои варзиширо  ба охир расонанд.
Аъзоёни комиссияҳои омодагӣ ба ҷашни Истиқлолияти давлатии  ноҳияи  Сино мегӯянд, ки бархе аз сокинони биноҳои чаҳорошёна масоҳати даҳлези хонаи истиқоматиашонро   васеъ карданд, ки ба ҳолати садамавии биноҳо оварда мерасонад, иддаи дигар дар ошёнаи аввали биноҳои истиқоматӣ хона сохтаанду дарвоза насб намудаанд, ки ба рафту омади сокинон ва амнияти сохтмон  хатар  дорад. Комиссияи ноҳиявӣ тасмим гирифтааст, ки тамоми камбудиҳои номбаршударо то ҷашни истиқлолият ислоҳ намояд.

Ҳ. САНГОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.06.2016    №: 105    Мутолиа карданд: 463

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед