logo

иҷтимоиёт

ЧИЛУЧОРЧАШМА ҚАРИБ МУАРРИФӢ НАМЕШАВАД, ЧАРО?

Чилучорчашма яке аз ёдгориҳои табиӣ ва экологии Тоҷикистон мебошад, ки дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон ҷойгир аст. Чилучорчашма мавзеи таърихӣ буда, дар байни аҳолии муқими атрофи он доир ба пайдоишаш ривоятҳои фаровоне вирди забонанд. Ин мавзеъ на танҳо макони истироҳату табобат, балки зиёратгоҳи ихлосмандони зиёд ҳам ҳаст. То замони Шӯравӣ ин минтақаи гармсер дашти хушкеро мемонд. Пас аз обёриву сабзкорӣ ин гӯшаи ноҳияи Носири Хусрав обод гашта, Чилучорчашма низ мавриди нигоҳубини махсус қарор гирифт.

Панҷ чашмаи калони Чилучорчашма аз теппаи на чандон баланд фаввора зада, ба 39 чашмаи хурд тақсим мешавад. 17 чашмаи он шифобахш ба шумор рафта, вобаста ба хусусияти табобатии худашон номҳои маҳаллӣ доранд. Масалан, яке аз онҳо “Чашмаи морон аст”, ки вуҷуди инсонро аз зиёни заҳри мор, хунукзадагӣ, шамолхӯрӣ, устухондард ва табларза раҳо мебахшад. Оби ҳамаи ин чашмаҳо якҷоя шуда, ҷӯйбори калони бараш 13 метраро ташкил медиҳанд, ки дар оғӯши он моҳиҳои гуногун мавҷуданд. Аҷиб ин аст, ки моҳиҳо бо ҷараёни об ба поён ҳаракат намекунанд ва танҳо дар сарчашма, он ҷое, ки чашмаҳо ба ҳам мепайванданд, дар масофаи 800-900 метр шино мекунанд. Софиву беғашии об ва моҳиҳои зебову назаррабо дер боз мардуми маҳаллӣ ва хориҷиёнро ба худ мафтун карда бошад, ҳам аммо доштан ва истеъмол кардани моҳиҳо қатъиян манъ аст. Мувофиқи гуфтаҳои сокинони маҳал моҳиҳо хӯлаи нуқраро аз об ҷудо карда мехӯрдаанд. Ва моҳиҳои нуқраистеъмолкардаро бирён кунанд, аз худ заҳр ҷудо мекардаанд. Боз ҳам ба ақидаи дигар, моҳиҳои он заҳрдор буда, истеъмолашон мамнӯъ аст. Аммо аксарияти онҳое, ки назарашонро пурсидем, изҳор доштанд, ки ба хотири мазор ва ҷойгоҳи муқаддас будани Чилучорчашма мардум аз рӯи ихлос моҳиҳояшро намедоштаанд.
Пажӯҳишҳои кимиёвӣ муайян кардаанд, ки оби чашмаҳо барои рафъи бемориҳои чашм, гӯш, бинӣ, меъда, ҷигар, санги талха ва безуриётӣ басо муфид аст. Имрӯз дар атрофи чашма боғи боҳашамате фарогир аз дарахтони мевадиҳанда бунёд ёфтааст, ки решаашон аз оби чашма бархӯрдоранд. Ҳамчунин, чанд хона барои меҳмонону муроҷиаткунандагон қомат афрохта ба ҳусни мавзеъ ҳусни дигар афзудааст. Сайёҳону зиёраткунандагон асосан шурӯъ аз моҳи апрел то сентябр ба дидани Чилучорчашма ташриф меоранд.     
Ин минтақа ҳарчанд ҳамчун нуқтаи муҳими сайёҳии кишвар дар Осиёи Марказӣ бисёр ҳам маъруф аст, вале ҳамасола шумораи ками сайёҳон аз ин ҷо дидан намуда, бо истироҳату табобат машғул мешаванд.
Аз ин хотир, имрӯз вақти он расидааст, ки тариқи воситаҳои ахбори омма, бавижа шабакаҳои иҷтимоӣ Чилучорчашмаи таърихӣ тарғибу ташвиқ шавад ва он ба як нуқтаи муҳими сайёҳӣ ва муаррифии кишвар табдил ёбад.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.06.2016    №: 105    Мутолиа карданд: 514

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед