logo

ҳуқуқ

ЗАМИНАҲОИ ҲУҚУҚИИ ТАШАККУЛИ ОИЛА

Маҳкам  МАҲМУДЗОДА, 
раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 
академики АИ ҶТ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор

Муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ
Нақши оилаи устувор дар рушди давлатдории миллӣ, пешрафти ҷомеаи муосир, тарбия ва ба воя расондани насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои ахлоқиву маънавӣ, ки аз умқи таърих сарчашма гирифта, то ба имрӯз меҳвари асосии ташаккули муносибатҳои оилавиро ташкил мекунад, беҳамто мебошад.
Побарҷоии оила ва муносибатҳои оилавӣ ҳамчун маҳаки асосии ҷамъият дар ҳар давру замон ба анъанаҳои миллӣ, арзишҳои асили одоби оиладорӣ, ахлоқ ва қонун такя менамояд. Ғояҳои одоби оиладории миллӣ, ки ба принсипҳои эҳтироми ҳар як аъзои оила, дӯстиву рафоқати байниҳамдигарӣ, садоқату вафодорӣ, ғамхорӣ нисбат ба якдигар, масъулияти тарафайн дар ҳалли масъалаҳои оилавӣ, тарбияву ба воя расондани фарзандон дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва дигар арзишҳо асос меёбанд, ҳамеша як ҷузъи муҳими фарҳанги тоҷикона маҳсуб ёфта, талқингари ғояҳои инсондӯстона ба шумор мераванд.
Чун оила асоси ҷамъият маҳсуб меёбад, муҳайё намудани шароити зарурӣ барои ташаккули оилаи солим ҳамчун падидаи иҷтимоӣ ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти олии кишвар қарор дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ   ба ифтихори Рӯзи Модар, 7 марти соли 2016,  дар хусуси арзишҳои фарҳанги оиладорӣ ибрози назар карда, зикр намуданд: «… миллати соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷик дар тӯли асрҳои зиёд дар бобати ташкили оила ва муносибатҳои оилавӣ таҷриба ва анъанаҳоеро эҷод кардааст, ки онҳо барои наслҳои имрӯзу фардо чун ҷузъи муҳимтарини маънавиёт ва ҳаёти иҷтимоӣ мактаби беҳтарини зиндагӣ ба шумор мераванд».
Бо соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон дар заминаи ислоҳоти ҳуқуқӣ ва қабули аввалин Конститутсияи давлати демократӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёде қабул гардиданд, ки онҳо ба танзими муносибатҳои оилавӣ равона гардида, кафолати давлатии ҳифзи оиларо асоси ҳуқуқӣ бахшиданд. Вобаста ба ин, дар заминаи Конститутсияи кишвар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», «Дар бораи ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон», «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, тавассути ворид намудани тағйиру иловаҳо ба замони муосир мутобиқ гардонда шуданд.
Ба зумраи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба танзими муносибатҳои оилавӣ равона гардидаанд, инчунин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа»,  қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи мақомоти васояту парасторӣ», «Дар бораи барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардону занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001 - 2010», «Дар бораи тасдиқи номгӯйи бемориҳое, ки ҳангоми ба онҳо мубтало будан шахс наметавонад кӯдакро ба фарзандхонӣ қабул кунад, таҳти васоят (парасторӣ) гирад», «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007 - 2016», «Дар бораи тасдиқи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 -2020», «Дар бораи Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои зиёди ҳуқуқӣ дохил мешаванд.
Кодекси оила, ки 13 ноябри соли 1998 бо тақозои воқеияти нави иҷтимоӣ ва ташаккули муносибатҳои оилавӣ дар замони нав қабул гардид, меъёрҳои муҳимро, ки қаблан ба қонунгузории оилавӣ маълум набуданд, дар худ инъикос карда, дигаргуниҳои куллиро дар ташаккули муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ ба вуҷуд овард. Ин санади меъёрии ҳуқуқӣ бо мақсади танзими муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ ва устувории он пешбинӣ намуд, ки муносибати байниҳамдигарии ҳамсарон ва дигар аъзои оила ба эҳтирому муҳаббат, ёрии байниҳамдигарӣ ва масъулияти тамоми аъзои оила дар ҳаёти якҷоя, озод будани оила аз дахолати шахсони сеюм, иҷрои ҳатмии ҳуқуқу уҳдадориҳои ҳар яке аз аъзои оила дар назди ҳамдигар, инчунин имконияти ҳимояи судии онҳо асос меёбанд. Хусусияти муҳими ташаккули ҳуқуқи оилавӣ дар замони нав дар он зоҳир мегардад, ки вай аз танзими императивии муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ даст кашида, мавқеи меъёрҳои хусусияти ҳатмидоштаро дар танзими муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ маҳдуд намуд ва дар ин замина нақши меъёрҳои диспозитивӣ дар танзими муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ назаррас гардида, аксари масъалаҳо бо ризоияти издивоҷкунандагон ва аъзои дигари оила баррасӣ мегарданд.

Манъи никоҳи хешутаборӣ
Падидаи муҳиме, ки қонунгузории оилавӣ муқаррар намуд, муоинаи тиббии издивоҷкунандагон ба шумор меравад, ки ҳадафи он, пеш аз ҳама, таҳкими зиминаҳои оилаҳои солим, таъмини пойдорӣ ва хушбахтии оилаҳо, пешгирии панҳншавии бемориҳои сирояткунанда ва таваллуди фарзандони солим мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории кишвар аз 23 январи соли 2015 ва суханронӣ ба муносибати Рӯзи Модар, 6 марти соли 2015, ба ин масъала аҳамияти махсус дода, гуфтанд: «Яке аз сабабҳои пош хӯрдани оилаҳо дар он аст, ки бисёре аз падару модарон фарзандро бе муоинаи тиббӣ хонадор карда, вазъи саломатии онҳоро ба эътибор намегиранд». Ҳамчунин, Сарвари давлат аз никоҳҳои хешутабории наздик таваллуд шудани фарзандони маъюб изҳори нигаронӣ карда, зикр намуданд, ки донишмандони соҳаи генетика ва тибби тоҷик сабаби бемориҳои солҳои охирро ба никоҳи хешутабории наздик низ мансуб  дониста, тамоюли рӯ ба афзоиш будани онро илман исбот намудаанд. Чунончи, аз 165 ҳазор нафар маъюбе, ки дар кишвар ба қайд гирифта шудааст, 35 фоизаш ба иллати никоҳи хешутабории наздик ба миён омадааст.
Дар Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо назардошти нақши калидии оила дар таъмини суботу ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдату якдилӣ қабул шуда, мақсади он таҳкими заминаҳои оиладорӣ мебошад, пешбинӣ гардидааст, ки аҳолии кишвар зиёда аз 8 миллиону 70 ҳазор нафар буда, 42 дар сади онро кӯдакони то 18 - сола ташкил медиҳанд. Дар ҷумҳурӣ ҳамасола 2,5 - 3 ҳазор кӯдаки маъюб ба қайд гирифта шуда, то 1 январи соли 2015 шумораи онҳо 26043 нафар, ё 0,8 дарсади шумораи умумии кӯдакони синни то 18 - ро ташкил медиҳад. Мувофиқи хулосаҳои мутахассисон дар 35 дарсади ҳолатҳо сабаби таваллуди кӯдакони маъюб никоҳи хешутабории наздик мебошад.
Дар ҳамин радиф, бо мақсади ташкили оилаҳои солим, пешгирии паҳншавии бемориҳои сирояткунанда, тавлид ва ба воя расидани фарзандони солим ва умуман барои ҳалли мушкилии ҷойдошта дар ин самт ба моддаи 15 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 июли соли 2016 тағйиру иловаҳо ворид шуда, тибқи он аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаштани шахсони издивоҷкунанда пеш аз бастани ақди никоҳ дар муассисаҳои давлатии соҳаи тандурустӣ ба таври ройгон пешбинӣ гардид. Ҳамчунин, дар Кодекси оила бо мақсади пешгирии таваллуди кӯдакони маъюб аз никоҳҳои хешовандони наздик, бастани ақди никоҳ байни хешовандон, аз ҷумла, байни фарзандони бародарон, хоҳарон, бародару хоҳар, тағо ва ҷиян, амак ва бародарзода, хола ва хоҳарзода, амма ва ҷиян, шахсоне, ки аз як зан шир макидаанд ва байни шахсоне, ки аз муоинаи тиббии ҳатмӣ нагузаштаанд, манъ карда шуда, ин ҳолатҳо баробари дигар асосҳо ҳамчун монеаи ақди никоҳ эътироф шуданд. Кодекси оила, ҳамзамон, меъёрҳои муҳимро дар самти амалишавии ҳуқуқи кӯдак, аз қабили озодона  изҳор  намудани фикри худро пешбинӣ намуда, муқаррар кардааст, ки кӯдак ба доштани насаб, ном ва номи падар ҳуқуқ дорад.
 

Номгузорӣ тибқи анъанаҳои миллӣ
Зикр кардан бамаврид аст, ки дар шароити муосир номгузории миллӣ, яке аз асосҳои муҳими эҳёи анъана ва дигар арзишҳои миллӣ маҳсуб мешавад.
Вобаста ба танзими масъалаи номгузорӣ, боназардошти арзишҳои таърихӣ ва фарҳанги миллии тоҷикӣ,  15 марти соли 2016 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» тағйиру иловаҳо ворид гардида, муқаррар шуд, ки номгузорӣ ва шакли дурусти навишти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва “Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” амалӣ мегардад. Дар қонуни зикршуда пешбинӣ шудааст, ки насаби кӯдак  дар вақти бақайдгирии давлатии таваллуд бо насаби падар ё модар ва ё насаби аз номи падар ташаккулёфта сабт карда мешавад. Дар ин санади меъёрии ҳуқуқӣ, ҳамчунин, омадааст, ки насаби шахс тибқи анъанаҳои миллии тоҷикӣ метавонад аз номи падар ё  решаи насаби ӯ бо иловаи пасвандҳои насабсози - ӣ, - зод, - зода, - он, - ён, - иён, - ёр, - ниё, - фар ташаккул ёбад. Насаби шахс ҳамчунин метавонад аз номи падар ё решаи насаби падар ё модар бе илова намудани пасвандҳои насабсоз гирифта шавад. Ҳамзамон, дар сатҳи қонун ба кӯдак гузоштани номи ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона, мисли ашё, мол, ҳайвонот ва парандагон, инчунин ном ва ибораҳои таҳқиромез, ки шаъну шарафи инсонро паст мезананд ва одамонро ба табақаҳо  ҷудо менамоянд,  манъ  карда шуд.
Дар асоси тағйиру иловаҳои воридшуда, ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ ба ном дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи анъанаҳои миллиашон кафолат дода шуда, ба онҳо иҷозат аст, ки бо хоҳиши худ номгузории кӯдаконашонро амалӣ намоянд.

Ҷаҳонишавӣ ва маърифати оиладорӣ
Кодекси оила бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони кишвар зимни бастани ақди никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ ба таври ҳатмӣ бастани аҳдномаи никоҳро пешбинӣ кардааст, ки ин меъёр то андозае барои ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии ҳамватанон заминаи ҳуқуқӣ гардид. Санади мазкур созишномаи пардохти алиментро низ муқаррар намудааст, ки он дар байни шахсе, ки алимент месупорад ва шахсе, ки онро мегирад, баста мешавад. Инчунин, ҳуқуқи фарзандони болиғи таҳсилкунанда ба алимент муқаррар шудааст, ки тибқи он суд метавонад барои фарзандони болиғ, ки донишҷӯи таҳсили рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ мебошанд, мутаносибан то ба синни 20 ва 24 расидан аз падару модар алимент ситонад. Дар баробари ин, Кодекси оила индексатсияи пардохти алиментро пешбинӣ менамояд, ки аз рӯи он маблағи алимент бо ҳалномаи суд дар шакли пули устувор аз ҷониби маъмурияти ҷои кори алиментсупоранда мутаносибан бо зиёдшавии андозаи ҳадди ақалли музди меҳнат, тибқи тартиби муқарраргардида индексатсия карда мешавад.
Масъалаи фарзандхонӣ низ дар Кодекси оила танзими қонунии худро пайдо намуда, ҳалли он ба ваколати суд вогузор шудааст. Вобаста ба падидаи фарзандхондӣ зикр кардан зарур аст, ки ҳанӯз соли 2006 бо мақсади ба ғамхории оилавӣ фаро гирифтани кӯдакони ятиму бепарастор ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо, инчунин амалишавии меъёри конститутсионӣ дар хусуси он, ки модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд, ба қонунгузории оилавӣ  тағйиру иловаҳо ворид шуд. Тибқи он тартиби барасмиятдарории фарзандхонӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон содатар гардида, фарзандхонии шаҳрвандони мамлакат аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрванд манъ карда шуд. Амали мазкур ба он мусоидат намуд, ки кӯдакони бепарастор худро танҳою бекас эҳсос накарда, имкони васеи дар оилаҳои солими шаҳрвандони кишвар ба воя расиданро пайдо намуданд.
Ба мақсади баланд бардоштани масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд, ба роҳи рост ва меҳнати созанда, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва риояи меъёрҳои одобу ахлоқ ҳидоят намудани онҳо, ки метавонад ба тарбияи дурусти фарзанд дар оила таъсири мусбат расонад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид. Дар қонун  тамоми меъёрҳое, ки метавонанд ба тарбияи дурусти фарзанд мусоидат намоянд, зикр шуда, вазифаи падару модар, давлат ва ҷомеа дар тарбияи фарзанд муайян гардидааст. Аммо, новобаста аз чораҳои андешидашуда, ҳоло ҳам баъзе  муқаррароти ин санади меъёрии ҳуқуқӣ ба таври зарурӣ иҷро намешаванд. Бинобар ин, дар Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ, аз 23 январи соли 2015, ба масъалаи мазкур низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуда, пешниҳод гардид, ки: «… ҷиҳати ба роҳ мондани назорати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдор дар Дастгоҳи иҷрояи Президенти кишвар воҳиди нави сохторӣ таъсис дода шавад». Ҳамчунин, аз ҷониби Президенти кишвар пешниҳод гардид, ки бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад.
Бо мақсади амалишавии ҳадафҳои дар Паём ироашуда, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис ёфта, дар сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ба фаъолият шурӯъ намуд. Ин иқдом бори дигар диққати аҳли ҷомеа, хусусан падару модарон ва мақомоти дахлдори давлатиро ба ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта ҷалб намуд. Таъсиси ниҳоди нави демократӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдак такони ҷиддӣ бахшида, ҷиҳати баланд гардидани мақоми байналмилалии Тоҷикистон, иҷрои муқаррароти санадҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Конвенсияи оид ба ҳуқуқи кӯдак, ки Тоҷикистон онро ҳанӯз соли 1993 ба тасвиб расондааст ва  дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа мусоидат мекунад.
Ғамхорӣ дар ҳаққи оила, таъмини ҳаёти осудаву саодатмандонаи ҳар як узви он дар ҳалли ҳама гуна масъалаҳои оилавӣ мақсаду маром ва ҳадафи ҳамешагии давлату Ҳукумати кишвар мебошад. Ҳамин аст, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба порлумони кишвар, 23 январи соли 2015, оид ба масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила ибрози назар шуда, бинобар рӯзмарра будани масъалаи мазкур пешниҳод гардид, ки дар синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ курсҳои махсуси таълими маърифат ва одоби оиладорӣ ба роҳ монда шуда, соли 2015 «Соли оила»  эълон шавад. Дар ҳамин радиф, бинобар «Соли оила» эълон шудани соли 2015 бо мақсади таҳкими заминаҳои маърифати оиладорӣ як зумра тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ шуданд. Умуман, дар даврони истиқлоли миллӣ ба шарофати дастгирию ғамхориҳои роҳбарияти олии сиёсии кишвар заминаҳои ҳуқуқии  маънавии ҳифз ва таҳкими оила ҳамчун арзиши муҳимтарини иҷтимоӣ мукаммал гардида, моҳияти ҳақиқии оилаи суннатии тоҷик ҳамчун рукни муқаддасу арзишманд эътироф гардид.
Равандҳои ҷаҳонишавӣ, аз як тараф, агар ба пешрафти давлату ҷомеа таъсири мусбат расонда, омили муҳими ташаккули кишвар дар марҳалаи навини таърихӣ маҳсуб шаванд, аз ҷониби дигар, метавонанд ба фарҳангу ахлоқ, маърифати оиладорӣ ва дигар арзишҳои миллӣ таъсири манфӣ гузошта, ба пояҳои меҳварии падидаи муқаддаси одоби оиладории миллӣ зарба зананд. Бинобар ин, дар замони ҷаҳонишавӣ ва омезиши арзишҳо масъалаи эҳтиром ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, хусусан фарҳанги оиладории қадимаи мо мақоми махсус пайдо намудааст ва ин дастоварди ниёгон бояд эмин нигоҳ дошта шавад. Имрӯз бояд тамоми чораву тадбирҳо роҳандозӣ шаванд, то ҳар як оила, ки дар масири таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ ба маҷрои куллан нави одоби оилаву оиладорӣ ворид гардидааст, аз таъсири омилҳои бегона ҳифз гашта, аз кафолату дастгириҳои пайвастаи давлат баҳравар гардад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2-3.06.2016    №: 105, 106    Мутолиа карданд: 809

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед