logo

фарҳанг

ЗАБОНИ ТОҶИКӢ. ТАЪРИХИ ВОҚЕӢ ВА РОСТИН

Боиси хушнудист, ки китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номи «Забони миллат – ҳастии миллат» нашр гардид. Ин китоб яке аз туҳфаҳои арзанда барои мардуми шарифи тоҷик бахшида ба 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Ба баррасии таърихи забони тоҷикӣ даст задани муаллиф зарурати воқеии таърихӣ мебошад, зеро дар масири таърих ҳодисаю воқеаҳои бисёр муҳиме аз сари забони тоҷикӣ гузаштаанд, ки бешубҳа, ба бозкушоӣ ва таҳқиқи ҳаматарафаи илмӣ ниёз доранд. Маҷмӯан дар ин китоб саҳифаҳои номакшуфи ҳаёти забони тоҷикӣ бо диди нави илмӣ баррасӣ гардидаанд. Тадқиқоти мазкур аз он ҷиҳат муҳим ба назар мерасад, ки то имрӯз асари нисбатан ҷамъбастие, ки ҳаёти забони беш аз сеҳазорсолаи халқи ориёиро дар бар гирифта бошад, вуҷуд надорад. Асари мазкур мунҳасир ба фард буда, тамоми нишебу фарозҳои давраҳои гуногуни тараққиёти забони тоҷикиро фаро мегирад. Дар аввали ин китоб барҳақ қайд гардидааст, ки «танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад».
Рисола бо забони бисёр хуби илмию оммафаҳм навишта шуда, аз пешгуфтор, шаш боб, хулоса ва китобнома иборат аст. Зимни мутолиаи китоб чанд масъалаи зер диққати хонандаро ба худ ҷалб мекунад:
1. Таҳлилҳо хронология ва пайдарҳамии зуҳури воқеаҳои таърихии марбут ба ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангиеро нигоҳ медоранд, ки ба ҳолати ҳамонвақтаи забони тоҷикӣ таъсир расондаанд.
2. Дар асар воқеияти таърихи забони тоҷикӣ бо далелҳои муътамад нишон дода шудааст. Осори илмии шарқшиносони Шарқу Ғарб (беш аз чорсад асари илмии мутафаккирони ватанию хориҷӣ) доир ба забону адаби миллати тоҷик то замони зуҳури муғулҳо омӯхта шуда, бо маҳорати баланди илмӣ таҳлил шудаанд. Зимни истифодаи осори муаллифони гуногун андешаҳои онон таҳлил шуда, дар радифи онҳо ақидаҳои нави илмӣ пешниҳод мегарданд, ки ин усул дараҷаю ҷанбаи илмии рисоларо муқтадир менамояд.
3. Рисола ба ақидаҳои гуногуни баҳсталаб (аз ҷумла пайдоиши тоҷикон ва забони тоҷикӣ, аз Шарқ ба Ғарб паҳн шудани забони тоҷикӣ ва ё баръакс) бо такя ба сарчашмаҳои муътамади илмӣ равшанӣ меандозад. Марзу буми таърихие, ки забони тоҷикӣ дар давраҳои гуногун фаро гирифта буд, бо ҷалби маводи илмӣ тарҳрезӣ гардидааст. Аз ҷумла, таъкид мегардад, ки дар замони Салҷуқиён забони тоҷикӣ аз баҳри Миёназамин то ҳудуди Чин забони байналхалқӣ буда, минбаъд ин рисолати таърихиро давом додааст.
4. Рисоларо ба ҳайси энсиклопедияи осори адабӣ ҳам муаррифӣ кардан мумкин аст, зеро дар он асарҳои адибон ва донишмандони садаҳои VII – XII то андозае муаррифӣ ва таҳлил мешаванд. Ҳаёт ва фаъолияти илмию адабии удабо ва фозилону донишмандони аҳди Тоҳириён, Саффориён, Сомониён, Ғазнавиён, Салҷуқиён ва Ғуриёну Хоразмшоҳиён ва дигарон бо диди нави илмӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Дастовардҳои илмие, ки дар ин давраҳо ба вуҷуд омадааст, дар асари мазкур таҳқиқ гардида, таъсири ин дастовардҳо ба истилоҳоти соҳаҳои гуногуни ҳаёти забони тоҷикӣ, аз қабили истилоҳоти фалсафа, нуҷум, забону адабиёт, риёзиёт, ҷуғрофия, тиб ва ғайраҳо бо далелҳои раднопазир нишон дода мешавад.
5. Ҳодисаю воқеаҳои таърихӣ аз диди нав, бо истифода аз сарчашмаҳои боварбахш, тадқиқ шуда, муборизаи оштинопазири абармардони миллати тоҷик ба муқобили аҷнабиён, барои нигаҳдории сарзамин, хонаю дар ва номуси миллию ватандорӣ чун рамзи ватанпарастӣ талаққӣ шуда, забон чун манбаи бисёр муътамад барои омӯзиши таърих ва фарҳангу тамаддуни миллат дониста мешавад. Таъкид мегардад, ки забон таърихи холис, ростин ва маҳсули дастҷамъии миллат ва аломати хоси он буда, воқеияти ҳаёти ҷомеаро ҳамчунон, ки ҳаст, бидуни ороишу ислоҳ инъикос мекунад.
6. Зимни баррасии ҳар давраи таърихӣ забони ҳамон давра матраҳ шуда, осори мавҷуда ва хатте, ки ин осор бо он таълиф шудааст, ба риштаи таҳқиқ кашида мешавад. Аз ҷумла, доир ба забони матнҳои «Ведо» ва «Авасто», пайдоиши калимаҳои ориё, тоҷик ва муродифоти онҳо, гимнҳои «Ригведа» ва муносибати он ба забони тоҷикӣ, осори давраи миёна ва нави тараққиёти забонамон бо далелҳо таҳқиқ мегардад.
7. Қобилияти бузурги ваҳдатофарии забони тоҷикӣ дар давраҳои гуногуни таърихии миллати тоҷик дар китоб чун рамзи ҳамдигарфаҳмии миллӣ талаққӣ мегардад. Аз ҷумла, гуфта мешавад, ки таърихи давлатдории ориёӣ нишон медиҳад, ки давлатҳои бостонии мо ҳамеша кӯшиш ва ҷаҳду ҷадал мекарданд, ки барои устувор сохтани пояҳои давлатдорӣ ва ба вуҷуд овардану мустаҳкам намудани давлатдории миллӣ ва ваҳдату ягонагӣ аз унсури забонӣ истифода бурда, барои рушду тараққӣ ва густариши забони модарии хеш тадбирҳои мушаххас андешанд (саҳ. 14).
Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимтарини дунё ба шумор рафта, ба оилаи забонҳои эронӣ мансуб аст. Вай давраҳои дуру дарози таърихиро тай карда, аз замонҳои дур ба мо мерос мондааст ва дар ин давраи мутамодӣ сохти грамматикӣ ва таркиби луғавии худро тағйир дода, дар шакли имрӯзаи сайқалёфта ба мо расидааст. Ва ба ин шакл омада расидану аз чанголи пасту баландиҳои рӯзгор солим берун омадани он ба фидокориҳои гузаштагони мо сахт вобаста аст. Тавре ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зикр мекунанд, агар ба давраҳои дури таърихи забони худ назар кунем, мебинем, ки гузаштагони мо барои равнақу эътибор ва инкишофи забони худ чӣ фидокорӣ ва чӣ кӯшишҳое ба харҷ додаанд, то забони модарии хешро ба пояи забони расмии давлатӣ баровардаанд. Ҳахоманишиён, ки дар таърихи башар фарҳангу тамаддуни онҳо камназир аст, забони модарии худро дар баробари забонҳои қудрандманду бонуфузи он замон – эломӣ ва ошурӣ ба ҳайси забони давлатии худ истифода мебурданд. Онҳо номи хат ва забони худро ориёӣ хондаанд. Инчунин, дудмони Кушониён ҳам оҳиста – оҳиста аз истифодаи забони юнонӣ даст кашида, забони ориёии хешро (Канишка ҳам мисли Дориюш забони навиштаҳои худро ориёӣ хондааст) забони ягона ва расмии давлати паҳновари худ қарор додаанд (саҳ. 14).
Дар баробари ин, шахсиятҳо ва осори номбаршуда ба ин забони ваҳдатовар садҳо шоҳкориҳои муҳими адабию илмӣ офарида шудааст, ки барои дар ҳар давру замон ба ҳам овардани миллатамон саҳмгузор буданд. Махсусан дар давраи нави тараққиёти забонамон ва эҳёи он, ки аз давраи Тоҳириён, Саффориён замина гирифта, аз замони Сомониён то имрӯз ба авҷи аълои рушди худ расидааст, осори ба масъалаҳои муҳими тиббӣ, фалсафӣ, нуҷум, риёзӣ, лексикографӣ, адабию лингвистика ва ғайра бахшидашуда барои ягонагии роҳи тараққиёти истилоҳоти соҳаҳо заминаи мусоид фароҳам овардаанд. Ин равандро Пешвои миллат ба мушоҳидаи нозукбини худ гирифта чунин менигоранд, ки забони тоҷикӣ - форсӣ, ки мояи ифтихор ва василаи сарнавиштсозу ваҳдатофари қавмҳои эронинажод аст, дар давраи ҳукмронии Сомониён ба сифати забони расмӣ ва омили ҳамбастагии миллӣ дар тамоми қаламрави Хуросону Мовароуннаҳр ва дигар вилоятҳои тобеи давлати Сомониён рушду боландагӣ ёфт ва ба авҷи қудрату шукуфоӣ расид (саҳ. 458). Забони тоҷикӣ дар зинаҳои навтарини тараққиёташ, ки марҳилаҳои замони Шӯравӣ ва давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, вазифаи пурмасъулиятеро ба дӯш мегирад. Масъулияти забони тоҷикӣ дар замони истиқлолият забони расмии давлатӣ будан аст, ки тавассути он тамоми мукотиботи сиёсӣ, фарҳангӣ, илмӣ - техникӣ, фаъолиятҳои гуногунҷанбаи иҷтимоӣ, семинару машваратҳо, конференсияю симпозиумҳо, гуфтушунидҳои сатҳҳои гуногун, маориф ва маданият, радио ва телевизион баргузор мегардад. Ин рисолати таърихиро бовар дорем, ки бо дастгирию пуштибониҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ бо сарварии ҳомию ғамхори забон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сарбаландӣ иҷро менамояд. Ин аст ки истилоҳи забони тоҷикӣ дар асари мазкур аз рӯйи семантикаи илмию сиёсии имрӯз ба ҳайси забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаъмал аст.
Асари мазкур барои ошноии бештар пайдо кардани ҳамватанонамон аз таърихи забони тоҷикӣ нигошта шуда, зикр мегардад, ки ҳадафи асосӣ он аст, ки хонандагон, махсусан насли ҷавон, огоҳ бошанд, ки ниёкони онҳо, сарфи назар аз номулоиматӣ ва номеҳрубониҳои таърих, то чӣ ҳад дар ҳифзи Ватан ва муқаддасоти миллӣ, махсусан забони модарии хеш кӯшиш ба харҷ дода, барои мо забони тавоноеро якҷо бо чунин осори арзишманди адабӣ ва таърихӣ ба мерос гузоштаанд. Акнун вазифаи ворисони ин забон он аст, ки ин кохи муҳташамро аз газанди боду борони замони ҷаҳонишавӣ нигоҳ дошта, то ҷойи тавон онро бо ғановати бештар ба наслҳои оянда ба мерос гузоранд (саҳ. 24).

Сахидод РАҲМАТУЛЛОЗОДА,
директори Институти забон,
адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ,
доктори илми филология, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.06.2016    №: 105    Мутолиа карданд: 702

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед