logo

сиёсат

ҶАВОНОН: ПЕШВОИ МИЛЛАТ БАРОИ МО ИДЕАЛ АСТ

27 майи соли равон дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ кард.

Сарвари давлат, раиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ изҳор дошт, ки таъсиси Шӯрои мазкур таҳти раёсати Президенти мамлакат ҳадафи мавриди баррасӣ қарор додани масъалаҳои вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва дар ин замина барои ба корҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ бештар ҷалб кардани онҳоро дошта, муносибат бо ҷавонон, роҳандозии усулҳои боз ҳам муассири ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатиро бо ташкилоту созмонҳои ҷавонон тақвият мебахшад.
Тавре таъкид гардид, зери роҳбарии Сарвари давлат амал намудани Шӯрои миллии кор бо ҷавонон намунаи олии эътимоду боварӣ ва эҳтироми роҳбарияти сатҳи олии мамлакат нисбат ба ҷавонони кишвар буда, ин тадбир имкон медиҳад, ки пешниҳодоти онҳо ҳарчи бештар дастгирӣ ёбад ва мушкилоти дар ин самт мавҷуда сари вақт баррасию роҳу усулҳои фаъолияти минбаъдаи ҷавонон боз ҳам дақиқу мушаххас карда шаванд.
Шукронаи неъматҳои истиқлол, ки имрӯзҳо халқи ободкору созанда ва меҳанпарвару меҳнатдӯсти мо дар рушди давлатдории миллӣ қадамҳои устувори худро гузошта истодааст. Аз ин рӯ, комилан табиист, ки вазъи имрӯзаи кишварамон дарку эҳсоси нави арзишҳои фарҳангию миллиро тақозо намудааст, зеро дар баробари ба даст овардани истиқлолият заминаи мусоиди ташаккулёбии худшиносии миллӣ, таваҷҷуҳ ба мероси таърихии халқи худ, эҳёи давлати миллӣ, забони миллӣ, анъанаҳои фарҳангию маърифатӣ, идҳою маросимҳо ва ғайраро тақозо дорад.
Ҳамаи мо шоҳиди онем, ки таърихи башарият тамаддунҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст, ки нақши бузурги онҳо дар рушду такомули маънавии инсоният эҳсос магардад. Тамаддуни ориёӣ низ дар таърихи инсоният таъсири амиқ гузошта, бо осори гаронбаҳои худ шуҳрати ҷаҳонӣ касб намудааст. Аз ин рӯ, шахсоне ҳастанд, ки мехоҳанд робитаи хунии моро бо тамаддуни ориёӣ ба таври сунъӣ қатъ намуда, таърихи гузаштаи хешро ба фаромӯшӣ ҳавола кунем.
Шумо огоҳед, ки имрӯзҳо даҳҳо ташкилоти ифротӣ ва террористӣ аз номи ислом ҳадс мезананд. Ҳар кадом худро ҳомии дини ислом муаррифӣ намуда, бо ҳар роҳу восита ақидаи худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ паҳн менамоянд. «Ҳизби Таҳрир», «Давлати исломӣ», «Салафияи ҷиҳодӣ», «Ҷабҳату - н - нусра», «Ҳаракати исломии Туркистон» ва даҳҳо ташкилоти террористии дигар танҳо як ақида ва як ҳадаф доранд: инкори арзишҳои миллӣ, барҳам задани сарҳадоти давлатӣ, фарҳангиву миллӣ. Ҳадафи онҳо бо эҷоди таҳаввулоти фикрӣ дар афроди ҷомеа ба сӯи инқилоби сиёсӣ кашондан ва бо истифода аз нерӯи онҳо ҳукуматро ба даст овардан аст.
Яке аз таълимоти ин созмонҳои ин аст, ки дунёро ба дору - л - куфр ва дору - л - ислом тақсим мекунанд (сарзаминҳои кофирӣ ва сарзаминҳои мусулмонӣ). Ба ақидаи онҳо ҳамаи кишварҳои ғарбӣ ва ҳатто кишварҳои мусулмоннишину исломӣ дору - л - куфр ба ҳисоб мераванд, зеро кишварҳои ғарбӣ аслан кофирҳо буда, ҳокимони кишварҳои мусулмонӣ бошанд, бар асоси барномаҳои куфр амал мекунанд. Бинобар ин, дору - л - куфрҳо (яъне, кишварҳои ғарбӣ, кишварҳои мусулмоннишин ва ҳатто кишварҳои исломӣ) бояд бо роҳи зӯроварӣ ва «ҷиҳод» ба дору - л - ислом табдил дода шаванд.
Мақсади асосии ин созмонҳои террористӣ ба воситаи барҳам додани миллат, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ ба даст овардани ҳокимияти мутлақ аст. Аз ин бармеояд, ки дигар миллатҳо ҳуқуқи арзи вуҷуд надоранд. Аз ин рӯ, пайравони салафия урф, истеҳсон, қиёс ва дигар қоидаҳои фиқҳиро қабул надоранд ва анъанаҳои миллиро бидъат мехонанд.
Дар заминаи таълимоти салафия “Давлати исломӣ” ақидаҳои худро такмил ва тундтар намуда, мардумеро, ки онҳо қабул надоранд, кофир эълон менамояд. Агар ба аъмоли “Давлати исломӣ” таваҷҷуҳ кунем, мебинем, ки мақсади асосии онҳо кам кардани сафи мусулмонон аст.
Намунаи барҷастаи чунин гумроҳӣ қатли шаҳрванди Тоҷикистон Нусрат Назаров, маъруф бо лақаби Абухолиди Кӯлобӣ мебошад. Ин шахси бесаводе буд, ки аз таълиму тарбия, аз илму фарҳанг дур буда, аз Ироқ ба Ватану модари худ таҳдид мекард, мегуфт идораатонро бо ҳамаи кормандонатон оташ мезанем! Дар натиҷа хоҷагони худаш ӯро мавриди ҳамла қарор дода, ба қатл расонданд. Оқибати кори ҳар гумроҳ чунин аст.
Имрӯз мардум аз симои воқеии террористон ва ҳадафҳои аслии онҳо огоҳӣ пайдо намуда, дигар ба шиорҳои бардурӯғашон бовар надоранд. Аммо ҳанӯз ҳам моро лозим аст, ки ба мардум ҳақиқатро баён намоем ва ҷавононро аз доми тазвир наҷот диҳем.
Ҳар миллат дар ислом ҳуқуқи арзи вуҷуд кардан дорад, соҳиби забон, тамаддун, урфу одат ва анъанаҳо будан шараф аст ва мо мардуми шарифи тоҷик аз миллати худ ва аҷдодони бонуфузамон ифтихор дорем.

Ҷамолиддин ТИЛЛОЕВ,
корманди ШКД ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.06.2016    №: 105    Мутолиа карданд: 593

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед