logo

сиёсат

ТЕРРОРИЗМ: БОЗИҲОИ ГЕОПОЛИТИКӢ ВА ҲУШЁРИИ СИЁСӢ

Дар робита ба терроризму экстремизм ва мубориза алайҳи ин зуҳуроти номатлуб таҳлилгарон аз равзанаҳои гуногун менигаранд ва чунин ба назар мерасад, ки то кунун дар шинохти онҳо хулосаи амиқ ҳосил нашудааст. Чунончи, дар бисёр маврид терроризму экстремизмро ҳамчун василаи муборизаву қасоси пайравони як дину эътиқод алайҳи тамаддуни дигар медонанд.  Пӯшида нест, ки дар ин миён ангушти ишорат бештар ба дини мубини ислом рост мешавад, ки чунин иттиҳом ҳукми саҳеҳ нест.

Ин ҳақиқатро ҳеҷ кас инкор карда наметавонад, ки терроризму экстремизм хатари воқеӣ ба ҳар сокини сайёраи замин аст. Мутаассифона, гурӯҳу доираҳои алоҳидаи сиёсӣ ин воқеиятро нодида мегиранд ва аз ин хатар барои муборизаҳои сиёсии худ истифода мекунанд. Вале ҷиҳати нигаронкунандаи масъала дар он зоҳир мешавад, ки бархе мусулмонҳои дорои иродаи заиф ва дар ғафлатбуда дар меҳвари бозиҳои геополитикӣ қарор гирифтаанд. Зеро онҳо аз таълимоти зотиву аслии ислом бехабаранд. Таҳаммулпазириро, ки асоси таълимоти дини мубини ислом аст, дарк наменамоянд. Боре ба ин ҳақиқат рӯ наовардаанд, ки даҳшатафканӣ ва разолату ваҳшоният ризои Худо нест.
Аз таҳлилу пажӯҳишҳои коршиносони масоили сиёсӣ, бахусус таҳлилгарони рус чунин бармеояд, ки доираи фаъолияти терроризму ифротгароӣ акнун шаклу қолабҳои навро пайдо карда истодааст. Ин шаҳодати он аст, ки геополитикаи ҷаҳонӣ доиман дар шакли шахшуда боқӣ намемонад ва феълан дар як ҳолати тағйирёбӣ қарор дорад. Таҷрибаи таърихи асри гузашта собит менамояд, ки асри 21 низ хоҳу нохоҳ гардишҳои наверо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вуҷуд меорад. Дар асри 20 ду ҷанги ҷаҳонӣ ба амал омад ва нимаи дувуми аср дар сангарҳои муқобил қарор доштани низомҳои сотсиализму капитализм ба заволи абарқудрати бузурги Иттиҳоди Шӯравӣ сабаб шуду дар ниҳоят сотсиализм низ як навъ фанои худро ёфт.
Акнун ҷаҳони «сармоядории ғолиб» тарҳҳои наву тираеро пайгирӣ намуда истодааст, ки дурнамои он барои аксар номаълум аст. Ин равандро алҳол ба таври умумӣ ҷаҳонишавӣ номидаанд, ки аллакай натиҷаҳои аввалини он падидор гаштааст. Нахустин натоиҷи он терроризми идоранашаванда аст, ки акнун чун обила дар пайкараи ҷомеаи башарӣ рӯ мезанад. Як навъ бозӣ будани идеологияи «демократикунонӣ» - сиёсатсозони ҷаҳонӣ ошкор гашта истодааст. Чунин ба назар мерасад, ки феълан кадом як сиёсате вуҷуд дорад, ки ваҳдати халқияту миллатҳои алоҳидаро барҳам задан мехоҳад. Мисоли онро на танҳо дар ҳаёти кишварҳои шарқӣ, балки дар давлатҳои аврупоӣ, назири Украина дида метавонем, ки алакай баъзе ҳудудҳои худро аз даст додаву дар пайи тақсимоти навбатӣ қарор дорад.
Табиист, ки дар раванди ин гуна муборизаҳо терроризму экстремизм симову ҳаракати худро тағйир медиҳад ва онро идеологияҳои фаъол барои манфиатҳои худ бо василаҳои нав истифода мебаранд. Ин маънии онро дорад, ки «ҷомеаҳои миллиарддор» ҳам аз хавфи ин омилу равандҳо дар канор буда наметавонанд.
Дар ин робита, моро зарур аст, ки ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди «зиракии сиёсӣ» таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, мувофиқ ба он амал намоем. Зеро равандҳои печидаи ҷаҳони муосир чунин амр - ро аз мо тақозо менамоянд.

Саъдӣ ИСМАТОВ, 
Бахтиёри ҚУТБИДДИН,
 дотсентони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.06.2016    №: 106    Мутолиа карданд: 744

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед