logo

иҷтимоиёт

НОНИ МО, САРВАТИ МО

ҒАЛЛАРО АЗ СӮХТОР ЭМИН ДОРЕМ!
Ҳамасола бо сабабҳои риоя нагардидани қоидаҳои одитарини бехатарӣ аз сӯхтор ва бемасъулиятии аксар шахсони масъул садҳо тонна ғалла ва хӯроки дурушти чорво ба коми оташ меравад.

Таҳлил ва фаъолияти ҳаррӯзаи кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон собит месозад, ки мутаассифона, баъзе аз роҳбарони хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро ҳангоми ҷамъоварӣ ва кашондани ғаллаю хӯроки дурушти чорво риоя накарда, меҳнати деҳқонро тӯъмаи оташ месозанд, амрномаҳои нозирони назорати давлатии  бехатарӣ аз сӯхторро иҷро намекунанд ва барои аз офат наҷот додани дороии халқу давлат кӯшиш ба харҷ намедиҳанд.
Оташбозии кӯдакон дар назди майдонҳои ғаллаю алафҳои хушк, расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ дар муҳаррикҳои комбайнҳову тракторҳо ва дигар техникаи ёрирасон, набудани шарорахомӯшкунакҳо дар дудбарои техникаи ҳосилғундор ва аз муоинаи техникӣ нагузарондани техникаҳои сафарбаргардида омилҳои асосии ба вуқӯъ омадани ҳодисаҳои сӯхтор мебошанд.
Мутахассисони Хадамоти оташнишонии ВКД якҷо бо кормандони Вазорати кишоварзӣ, нозирони минтақавии ШВКД-и ноҳияву шаҳру вилоятҳо ҳамасола санҷишҳои муштарак мегузаронанд. Дар рафти гузарондани ин санҷишҳо соли ҷорӣ ба роҳбарону шахсони масъули хоҷагиҳо 385 амрнома баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта супорида шуд. Нисбат ба вайронкунандагони қоидаҳои назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор 181 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, аз онҳо ба маблағи 15220 сомонӣ ҷарима ситонда шуд.
Ҳамчунин фаъолияти 17 корхонаю иншоот ва коргоҳи алоҳида муваққатан боз дошта, 384 қитъаи барқӣ ва 28 печу агрегат, ки дар ҳолати оташангез қарор доштанд, безарар гардонда, доир ба ҷамъоварӣ, захираи зироатҳои ғалладона ва хӯроки дурушти чорво бо аҳолӣ 568 вохӯрӣ гузаронда шуд. Дар баробари ин, оид ба чораҳои бехатарӣ аз сӯхтор корҳои профилактикӣ - оташнишонӣ идома доранд.
Дар робита ба оғоз ёфтани мавсими дарав ва захираи хӯроки дурушти чорво аз роҳбарони корхонаву сарварони хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ ва кооперативҳои истеҳсолию умуман аз шахсони масъул ва деҳқонон хоҳиш менамоем, ки ба қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳатман риоя намоянд.
Сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ, новобаста аз шакли моликияташон, вазифадоранд, ки ҳар як автомашина, трактор, комбайн ва дигар техникаи хоҷагиро, ки барои ҷамъоварии ҳосил сафарбар мешаванд, бо шарорахомӯшкунакҳо ва олотҳои аввалиндараҷаи зиддисӯхтор, 2-3 оташхомӯшкунак, бел, намад, ҷорӯби дароздаста, зарфи калони обдор ва рег таъмин намоянд. ҳамчунин аз ҳисоби дастаи идоравии оташнишонӣ савора бо асп то ба анҷом расидани мавсими дарав навбатдории шабонарӯзӣ ташкил кунанд.
Эҳтиёткориву муҳофизати дилсӯзонаи ҳосили бо арақи ҷабин рӯёндаи марди деҳқон кафили пурии дастархон ва рӯсурхии аҳли ҳар хонадон мебошад. Пас, биёед, ҳама якҷо заҳмати кишоварзро аз коми оташ ҳифз намоем.

Нозимҷон ИБРОҲИМЗОДА, 
сардори Сарраёсати Хадамоти  давлатии
оташнишонии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон,
генерал – майори хизмати дохилӣ   


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.06.2016    №: 106    Мутолиа карданд: 437

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед