logo

маориф

ТАЪЛИМИ КАЛОНСОЛОН. ДЕҲОТИЁН НИЁЗИ БЕШТАР ДОРАНД

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба роҳ мондани таълими сокинон  барои таъмини шуғли доимии онҳо  дар дохили ҷумҳурӣ ва ҳам берун аз он аҳамияти  муҳим дорад.  Шаҳрванди  соҳибкасбу боҳунар дар ҳама ҷо роҳи зиндагиашро бемушкилӣ пайдо мекунад ва сарбаландона соҳиби даромади ҳалолу беминнат мегардад.

Бо мақсади ихтисосманду соҳибҳунар ва забондон намудани шаҳрвандон бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз 5 марти соли 2008 Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолон» ба фаъолият оғоз  намуд. Роҳбари давлат  15 марти соли 2012 зимни боздид аз ин даргоҳи ҳунаромӯзӣ чунин таъкид намуд:
«Ҷавононро зарур аст, ки бо дарназардошти талаботи рӯзафзуни бозори меҳнат барои таҳсил ва касбомӯзӣ дар курсҳои навтаъсиси омӯзишгоҳу литсейҳо ҳавасманд бошанд ва барои соҳиби касби мувофиқ шудан мунтазам талош варзанд. Зеро касе, ки касбу ҳунар дорад, ҳеҷ  гоҳ хор намешавад».
Ба гуфтаи Улфатмоҳ Аҳмадова, муовини директори Маркази таълими калонсолон,  марказ дар соли аввали фаъолият  беш аз 10 ҳазор шаҳрвандро ба омӯзиш фаро гирифт. Имсол муассиса қариб 90  ҳазор муҳассил дорад. Номгӯйи ихтисосҳо тайи 8 сол аз 24  ба 74 адад расидааст. Касбомӯзон дар ин даргоҳ ихтисосҳои мувофиқ ба талаботи бозори меҳнат, ба монанди кафшергари барқӣ, дуредгар, рангуборчӣ, хиштчин, таъмиргари мошин, заргар, муҳосиб, фурӯшанда, мураббия, маҳсгариро меомӯзанд. Инчунин, курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забони русӣ  дар ҳаҷми 72 соат ва англисӣ 378 соат ташкил ёфтаанд.  Аз ҷониби дигар,  сокинон бо иллати надонистани ҳуқуқҳои хеш аз шароит ва имкониятҳои фароҳамнамудаи давлат бархӯрдор нестанд ва ин ҳолат боиси заъфи кори идораҳои дахлдор мегардад. Ба хотири рафъи ин мушкилӣ дар ҷомеа дарсҳои асосҳои ҳуқуқ ва ҳуқуқи соҳибкорӣ дар таълими калонсолон илова карда шудаанд. Боназардошти ҳифзу тақвияти анъана ва суннатҳои тоҷикон ҳунарҳои миллӣ низ омӯзонда мешаванд.
Дар баробари муҳоҷирон ба омӯзиши касб фаро гирифтани занон яке аз самтҳои асосии фаъолияти таълимгоҳ аст. Онҳо ба ин васила бо шуғли доимӣ ва мувофиқ таъмин карда мешаванд. Бонувони  зиёд давоми ду – се соли охир дар марказ ҳунар омӯхта,    барои худ шуғли муносиб пайдо намуданд. Бо  супориши Сарвари давлат аз давраи аввали фаъолияти таълимгоҳ занону духтарони хонашин  ба касбомӯзӣ ҷалб карда шуданд. Соли гузашта  беш аз 80  ҳазор шаҳрванд дар маркази номбурда соҳиби ихтисос гардиданд, ки аз ин шумора занҳо кам набуданд. Шумораи таълимгирандагон аз ҳисоби занҳо дар солҳои минбаъда боз ҳам зиёд карда мешавад, то ин қишри ҷомеа бекор намонда, дар пешбурди зиндагӣ саҳмгузор бошад. 
 Ҳарчанд  дар  Маркази таълими калонсолон марҳала ба марҳала номгӯйи ихтисосҳо ва шумораи таълимгирандагон меафзояд, ҳолати ногувори заминаи моддӣ – техникӣ ва норасоии  мутахассисони соҳа дар филиалҳои он дар шаҳру навоҳӣ нигаронкунанда мебошад. Масъалаи  мукаммал сохтани стандарт ва барномаи таълим хеле  ҳалталаб буда, барои бисёр ихтисосҳо низому методҳои омӯзиш ҳанӯз муайян нагардидаанд. Бо сабаби шароити пасти таҳсил омӯзиши калонсолон дар минтақаҳои дурдасти мамлакат ба ҳадди даркорӣ сурат намегирад. Ҳол он ки бошандагони деҳот, чи занҳо ва чи муҳоҷирони меҳнатӣ ба омӯзиши касб бештар ниёзманданд.
Тавре Улфатмоҳ Аҳмадова изҳор дошт, ҳоло намояндагиҳои марказ ба заминаҳои моддӣ – техникие, ки   барои омӯзондани ихтисосҳои мувофиқ ба талаботи бозори меҳнат дар шаҳру навоҳӣ заруранд, дастрасӣ надоранд. Техникаю технологияи навини соҳа ва дигар  лавозимоти омӯзиш  нокифоя мебошанд. Бештари филиалҳо дар бинои литсейҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва хонаҳои шахсӣ ташкил ёфтаанд, ки ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Ҳамчунин, дар онҳо  мутахассисони касбӣ барои таълими муҳоҷирони меҳнатӣ хеле каманд. Аз ин рӯ, агар  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар вобаста ба талаботи рӯзафзуни сокинони шаҳру навоҳӣ ба омӯхтани ихтисосу ҳунар таълими калонсолонро ҷиддитар ва бо шароити мусоид роҳандозӣ намояд, раванди бо ҷойи кор таъмин гардидани аҳолӣ беҳбудӣ  меёбад. Дар акси ҳол фаъолияти  филиалҳои Маркази таълими калонсолон дар минтақаҳо камсамар хоҳад буд.

Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.06.2016    №: 106    Мутолиа карданд: 2027

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед