logo

иқтисод

ВАСИЛА ҒАФУРОВА: «БУНЁДГУЗОРИ КОРХОНАИ АНГАТ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР АСТ»

Номи  Васила Ғафурова пас аз суҳбат бо Сарвари давлат вирди забонҳо гаштаву овозаи истеҳсоли маҳсулоти аз ангат тайёркардаи ӯ ба тамоми  минтақаҳои Тоҷикистон расидааст.
Дар яке аз сафарҳои Президенти кишвар ба ноҳияи Ванҷ ин соҳибкорзан дар бораи рушди соҳибкории хурду миёна андеша баён намуда, бо назардошти зиёд будани буттазорҳои ангат бунёди корхонаи коркарди ангат ва дигар гиёҳҳои шифобахшро дар соҳили рӯдхонаи Ванҷоб ба миён гузошта буд. Ин иқдоми пешгирифтаи ӯ ба Сарвари давлат писанд омад ва ба масъулин дастур дод, ки ин масъаларо таҳқиқ намоянд. Бо дастгирии Кумитаи кор бо занон ва оила 40 ҳазор сомонӣ барои бунёди  корхона ва аз тарафи мақомоти вилоят 30 ҳазор сомонӣ барои харидани таҷҳизоти лозима ҷудо карда шуд. Дар як муддати кӯтоҳ дар деҳаи Ғиҷовасти Ҷамоати деҳоти Рованд корхонаи хуштарҳ  ва муҷаҳҳаз бо технологияи муосир  сохта ба истифода дода шуд. Корхонаи хурди истеҳсоли равғани ангати «Васила» - и  ноҳияи Ванҷ соли  2015 бо   тавсияи мутахассисони соҳаи тиб ба фаъолият шурӯъ кард. Дар он аз ангат ва алафҳои кӯҳӣ   дору таёр менамоянд. Барои  истеҳсоли дору аз шарбати  ангат аз Украина 14 дастгоҳ хариданд. Аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ  барои истеҳсоли  равғани  чормағз ва бодом таҷҳизоти махсус фиристоданд. Дар корхона якчанд намуд дору, аз ҷумла равған, шарбат, мураббо, малҳам, кунҷора, малҳам барои рӯй аз ангат ва гиёҳҳои хушккардашуда истеҳсол мешавад, -  мегӯяд Васила Ғафурова. - Соли 2013 аз Ҷумҳурии Полша  чанд мутахассиси гиёҳшинос ба ноҳия  ташриф оварда, меҳмони хонадони мо шуданд. Онҳо доруҳои таёркардаи маро писандиданд. Соли 2014  маро барои муаррифӣ кардани доруҳо ва таҷриба омӯхтан  ба Полша даъват намуданд, ки дар пешрафти корҳоям хеле аҳамият дошт.
Дар корхона на фақат аз ангат, балки аз чормағз ва бодоми талх ҳам  равған тайёр мекунанд. Ҳоло корхона аз нарасидани қуттиҳои шишагӣ барои гирифтани доруҳо сахт танқисӣ мекашад. Бино ба иттилои Ҷамшед Ҷамшедов, сардори муассисаи давлатии «Маркази илмию тадқиқотии фармасевтӣ» - и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, маҳсулоти ин корхона маводи фаъоли биологӣ буда, барои диабети қанд, захми меъдаю рӯда, захми сӯхта, касалии пӯст ва чанд бемории дигар давобахшанд.
Ҳоло корхона маҳсулоти худро дар маркази ноҳия ва шаҳри Кӯлоб ба фурӯш мебарорад. Соҳибкор мақсад дорад, ки содироти маҳсулоташро ба минтақаҳои дигар низ роҳандозӣ намояд.

Малика УРФОНОВА, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.06.2016    №: 106    Мутолиа карданд: 650

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"

Ҷаҳон дар як сатр

08.07.2019


Баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон

"Душанбе - қалби Тоҷикистон"

Ҳамоиш оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ

Россия нахусткайҳоннаварди арабро бо ғизои махсус таъмин месозад

Зиёни иқтисодии Гурҷистон аз коҳиши сайёҳони рус беш аз $700 миллион хоҳад шуд

Дар Қазоқистон то соли 2021 нияти ифтитоҳи 20 мактаби олӣ ва 180 коллеҷро доранд

СММ: "Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард"

Зеленский пурра иҷро кардани созишномаи Минскро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

04.07.2019


Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон

Масъалаи татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ гардид

ФУТБОЛ. Чемпионати АФОМ дар Тоҷикистон мегузарад

Омӯзгоронро барои кор дар Тоҷикистон ва Қирғизистон интихоб менамоянд

Сарвазири Италия пазироии самимии Путинро ваъда кард

Дар Минск паради низомӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти Беларус доир гашт

Путин шартҳои муколамаи Москва ва Киевро ном бурд

Суд ба маъмурияти Трамп истифодаи маблағи Вазорати мудофиаро барои деворсозӣ манъ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

02.07.2019


Тақвияти ҳамкориҳо бо БАТР

Мулоқоти Исматулло Насредин бо Умар Аюб Хон

Озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» баргузор мешаванд

Тоҷикистон. Барои табобати Осия Зулфонова аз Олмон табиб оварданд

То соли 2020 маҳсулоти муштараки ширии Тоҷикистону Беларус ба бозор мебарояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед