logo

фарҳанг

ТАХТИ САНГИН. ЧАРО ОНРО БАРҚАРОР ВА МУАРРИФӢ НАКУНЕМ?

Бино ба гуфтаи бостоншиносон, ганҷинаи беҳамтое, ки бо номи Хазинаи Амударё (Клад Окса) ёд мешавад ва дар Осорхонаи миллии Британияи Кабир маҳфуз аст, маҳз дар наздикии шаҳраки Тахти Сангин соли 1877 милодӣ аз тарафи аҳолии маҳаллӣ ёфт шудааст. Хазина аз 1300 сикка ва 176 ашёи тиллову нуқрагӣ иборат буда, ба тоҷирони бухороӣ фурӯхта шудааст. Сипас, дар Ҳиндустон қисми бештари онро мустамликадорони англис харида, ба Британияи Кабир мебаранд. Тангаи навтарини хазина ба соли дусади пеш аз милод мансуб аст. Дигар ашёи тиллою нуқрагӣ, ба мисли зарфҳо, ҳайкалчаҳо, дастпонаҳо ва гемаҳо (ҷавоҳири ҳаккокишуда) ба қарни 4 - 2  - и то милод тааллуқ доранд.
Маҳз Хазинаи Амударё боис шуд, ки бостоншиносон ба Тахти Сангин таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Олимон макони дарёфти маснуоти хазинаро соҳили рости рӯди Ому муқаррар карданд. Дар ин хусус сайёҳони қарни XIX ёдрас шуда буданд. Ин харобаҳо бо номҳои Тахти Сангину Тахти Қубод шинохта мешаванд. Шурӯъ аз соли 1976, бостоншиносон ёдгориро таҳқиқ карда, ба саҳифаҳои нокушудаи таърих равшанӣ андохтанд.
Тахти Сангин маъбади бузурги Ому (Храм Окса) буда, ба асрҳои IV пеш аз милод ва III – и мелодӣ рост меояд. Он ба шарафи олиҳаи Ому бунёд ёфтааст. Ёдгорӣ дар қисмати шарқии ноҳияи Қубодиён дар пушти қаторкӯҳи Тешиктош (Рафеъ), дар соҳили рости саргаҳи рӯди Ому, дар ҷое, ки оби дарёҳои Вахшу Панҷ ба ҳам омезиш меёбанд, ҷойгир аст. Ҳангоми ҳафриётҳои бостоншиносӣ маълум шуд, ки тамоми шаҳрак, девору роҳравҳо ва сутунҳои бузурги он аз санг бино шудаанд, бинобар ин, олимон онро Тахти Сангин номиданд. Ҷолибии ёдгории Тахти Сангин дар он аст, ки то ҳол маълум нест, ки хиштҳои бузург ва деворҳои сангини он бо кадом асбобу олот сохта шудаанд.
Гуфтан ҷоиз аст, ки соли 2009 Тахти Сангин ба рӯйхати мероси фарҳангии ЮНЕСКО пешниҳод гардидааст. Алҳол ҳуҷҷатнигории он ба итмом расида, дар омӯзиши коршиносони созмон қарор дорад.
Ба гуфтаи Қувват Додов, собиқадори соҳаи фарҳанги ҷумҳурӣ, агар дар гирду атрофи ёдгорӣ ковиш гузаронда шавад, деҳаҳо, роҳравҳо ва манзилҳои одамони даврони қадим ёфт мешаванд, вале барои он маблағи зиёд зарур аст. Ба гуфтаи вай агар солҳои 1978 – 1985 нафаре ба ин мавзеъ қадам мениҳод, гумон мекард, ки одамони аҳди қадим дирӯз аз ин ҷой фирор кардаанд. Яъне, ёдгорӣ пурра буд. Вале бо мурури замон ашёву олоти қиматбаҳо аз ин ҷо бурда шуд, сангу хиштҳои он паҳну парешон гардид ва танҳо девораҳои он боқӣ монд. Агар хокҳои мавҷударо як тараф созем зери он таҳсутун - айвони асосии Тахти Сангин ҷой гирифтааст. Ҳуҷраи асосӣ ҷойи ибодатгоҳ бо дарозии 11 метр дар қисмати рости ёдгорӣ қарор дорад. Дар назди роҳрави асосӣ қубури сафолин ё сангин мавҷуд аст, ки ба воситаи он партову обҳои зиёдатӣ баромада мерафт. Масоҳати он беш аз 2 гектарро ташкил медод.
Аз Тахти Сангин бозёфтҳои зиёди нодир ба даст омадаанд: нимпайкара бо тасвири Искандари Мақдунӣ, ҳокими юнонӣ (сатрап), ғилофи акинак. Таърихнигорон ашёҳоро туҳфаи меҳмонон ба маъбад донистаанд. Нигораҳо шаҳодати авҷи аълои ҳунари заргарӣ, рассомӣ, маъдангудозӣ, сохтани афзорҳои филизии рӯзгор, ороишӣ ва муҷассамасозӣ дар Қубодиёни аҳди Бохтари қадиманд. Инчунин, тангаҳои бешуморе, ки аз ин сарзамин ёфт шудаанд, нишонаи ривоҷи муносибатҳои пулию молӣ, тиҷорат бо дигар кишварҳо мебошанд. Он замонҳо аз ин қаламрав Шоҳроҳи Абрешим мегузашт ва  Осиёи Миёнаро бо империяҳои Руму Чин мепайваст. Алҳол масъалаи эҳёи Шоҳроҳи Абрешим дар ҳоли баррасӣ қарор дорад. Агар шоҳроҳ барқарор шавад, шурӯъ аз Қундуз, Панҷи Поён то Бухоро ба воситаи дарё киштӣ хоҳад гашт.
Ба гуфтаи Қувват Додов вақте 14 октябри соли 2014 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Тахти Сангин ташриф овард, масъала гузошт, ки дар болои ёдгорӣ болопӯши муҳофизатӣ сохта шавад. Вале, бо сабабҳои номаълум то ҳол ёдгорӣ бе болопӯш аст, ҳол он ки корҳои сохтмонӣ бояд соли гузашта оғоз мегаштанд. Вазорати фарҳанг, ки ёдгорӣ тобеи он аст, дар ин самт бояд чора андешад.
Чун мо гурӯҳи рӯзноманигорон дар сафари чандрӯза аз ин дороиҳо воқиф гаштем, андеша дорем, ки агар роҳҳо тармим ва дар назди мавзеъҳои таърихӣ инфрасохтори зарурии сайёҳӣ, иншооти ёрирасон сохта шуда, мутахассисони таърих, фарҳанг ва сайёҳӣ ҷалб шаванд, сайёҳӣ дар Қубодиён ривоҷу равнақи хоса пайдо мекунад.
Ба гуфтаи Қувват Додов танҳо ободонии Тахти Сангин басанда аст, ки зиндагии мардуми маҳаллӣ аз ҳисоби хизматрасонӣ ба сайёҳон беҳтар гардад.

Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.06.2016    №: 106    Мутолиа карданд: 628

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед