logo

иҷтимоиёт

АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ АМНИЯТИ МИЛЛАТ АСТ

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳоло дар кишвар 455 нафар гирифтори бемории сафедшавии хун ба сар мебаранд.

Ба гуфтаи табибон, радиатсияи баланд ва зиёд шудани маводи кимиёвӣ дар таркиби маводи ғизоӣ  аз сабабҳои асосие мебошанд, ки ба афзоиши ин намуди беморӣ дар Тоҷикистон боис гаштаанд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  изҳори нигаронӣ мекунад, ки соли ҷорӣ теъдоди беморони сафедшавии хун ё лейкоз нисбат ба соли гузашта зиёд ба қайд гирифта шудааст.
Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  дар се моҳи соли 2016 нисбат ба се моҳи соли гузашта  26 нафар зиёд бемор ба қайд гирифта шудаанд.  Бекназар  Раҳимов, сармутахассиси Маркази миллии тиббии «Қарияи боло» - и  назди   Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мегӯяд, ки феълан  12 бемори саратони хун мавриди муолиҷа қарор дорад.
«Дар илми тибби ҷаҳонӣ сабабҳои пайдошавии беморӣ кашф нашудааст. Пешгӯӣ мекунанд, ки сабабаш  шояд баланд будани радиатсия аст, ки ба иқлим таъсири манфӣ дорад. Ҳамчунин, бемориҳои сироятӣ ё истеъмоли зиёди  доруворӣ сабаби пайдоиши он мегарданд.  Аломатҳои бемории мазкур хунравӣ аз бинӣ, решаҳои дандон ва тасб  мебошад. Барои ҳамин бояд, ки шаҳрвандон дар ду сол як маротиб ҳатман аз ташхиси тиббӣ гузаранд», - мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Табибон мегӯянд, ки дар ҷаҳон ду намуди бемории саратони хун ба қайд гирифта шудааст:  омосҳои музмин ва шадид. Ин беморӣ сарфи назар аз синну соли шаҳрвандон авҷ мегирад. Омоси музмин бештар дар шаҳрвандони синни аз 17 - сола боло ва намуди шадид дар шаҳрвандони аз синни 45 боло хуруҷ мекунад. 
Камхунӣ ва пайдо шудани доғҳои кабуд ва сиёҳ аз нишонаҳои сироятёбии бемории мазкур мебошад. Табибон дар баробари он, ки ҳавои ғализ ва радиатсиониро эҳтимоли шиддат гирифтани беморӣ мехонанд, инчунин истеъмоли ғизоҳое, ки дар онҳо неруҳои кимиёвӣ истифода шудааст ё маҳсулоте, ки муҳлаташ гузаштааст, аз эҳтимол дур намедонанд.
Қосим Ёров, табиб, мегӯяд, аксари маҳсулоти хӯрокворие, ки аз хориҷ ба Тоҷикистон  ворид мешавад, дар таркиби худ маводи кимиёвӣ дорад ва ин чиз на танҳо ба  сафедшавии хун, балки боиси пайдо шудани чандин бемориҳои нав дар кишвар мегардад. «Инчунин ин беморӣ ирсӣ низ ҳаст ва баъзан дар натиҷаи никоҳи хешутаборӣ низ ба миён меояд”, - мегӯяд ӯ.
Бемории сафедшавии хун (лейкоз) яке аз бемории хатарнок буда, табобатнашаванда аст. Табибон онро саратони хун меноманд.  Гирифторони ин беморӣ умри зиёд намебинанд ва ин ҳолат табобат кардани онро мушкил мегардонад. 
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолӣ    минтақаҳое, ки  муҳити зисти тозаи экологӣ доранд, аз хуруҷи ин беморӣ эминанд. Аз  ҷумла, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мубталоёни ин беморӣ нисбат ба минтақаҳои дигари кишвар камтар ба қайд гирифта шудааст.  Зимнан бояд гуфт, ки дар вилояти Суғд чандин партовгоҳи радиатсионӣ, аз қабили партовгоҳҳои Адрасмон ва Табошар (Истиқлол) мавҷуд аст, ки ҳудуди 50 миллион  тонна партови радиоактивӣ дар онҳо вуҷуд дорад.
Табибон яке аз сабабҳои дигари шакл гирифтани бемории мазкурро дар воридот ва истеъмоли дорувориҳои  қалбакӣ ё муҳлати истифодаашон гузашта медонанд. Ҳолатҳои бо роҳи қочоқ ворид шудани доруворӣ ба кишвар зиёд ошкор шудааст. Моҳи марти соли ҷорӣ Хадамоти гумрук  аз ошкор шудани беш аз 50 ҳазор дона доруи қалбакӣ ва пастсифат хабар дод. «Дар вилояти Суғд 52 ҳазору 744 дона дорувории ба таври ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон воридшуда ва 1425 қуттӣ дорувории пастсифат ва муҳлаташон гузаштаро ошкор кардаанд. Ҳамчунин, доруҳое, ки ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда надоштанд, монанди «Амокситсиклин», «Апетамол» ва «Ру-фен» аз муомилот бароварда шуданд, - иттилоъ доданд дар Хадамоти гумрук.
 Бино ба иттилои Хадамоти гумрук  дар соли 2015 ва ду моҳи аввали  соли 2016 - ум 11  ҳолати воридоти ғайриқонунии доруворӣ ба қайд гирифта, дар маҷмӯъ беш аз 55 ҳазор доруи қалбакӣ ва пастсифат нобуд карда шуд.
Табибон мегӯянд, ки боназардошти муҳим будани амнияти озуқавории кишвар,  бояд  воридоти маҳсулоти аз маводи кимиёвӣ истеҳсолшаванда пешгирӣ ё таҳти назорати қатъӣ қарор дода шавад.
Ҳарамгул САНГОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.06.2016    №: 106    Мутолиа карданд: 1000

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед