logo

иҷтимоиёт

МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ ВА РИСОЛАТИ ВАТАНДОРӢ

Ҳар як халқияту миллат омили  худшиносии  миллиро  муҳим шуморида, барои озодӣ, истиқлолият ва рушди кишвари худ саъю талош мекунад. Талошу  муборизаҳои  миллати   мо  бо номи  абармардоне, ба мисли Зардушт, Спитамен, Маздак,  Исмоили  Сомонӣ,  Темурмалик, Восеъ  тавъам мебошад. Бо амри таърих дар сарзамини тоҷикон давлатҳои  сершумори хурду калон ташкил ёфтаанд. Аммо халқи тоҷик чун вориси асосии сарзамини аҷдодии худ боқӣ монд ва ба ҳар гуна фишору зӯроварӣ ва хавфу хатар тоб оварда, бо кӯлбори фарҳанги бузург ба   истиқлолияти миллӣ расид.

Дар натиҷаи ин муборизаи дуру дарози таърихӣ ва бо амри тақдир халқи тоҷик соҳиби давлати худ гардид. Мафҳуми худшиносӣ қабл аз ҳама маънои онро дорад, ки бояд ҳар як шахс қадру манзалати худ, таърихи миллаташ ва мақоми онро донад, аз фарҳанги худ бархӯрдор шуда, ба он арҷ гузорад.
Аз тарафи дигар, худшиносии миллӣ ҷаҳонбиниест, ки принсипҳои адолат, инсофу шафқат, муҳаббату ғамхорӣ ба инсон, эҳтироми шаъну шарафи шахсон, қадру қимати инсон, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, эътирофу қадр кардани қобилият ва истеъдоди дигаронро ифода мекунад.
Худшиносии миллӣ дар зинаҳои гуногуни таърихӣ ягонагии моддӣ ва иҷтимоию сиёсии ташаккули миллатро ба вуҷуд меорад. Агар мо ба марҳилаҳои гуногуни инкишофи таърихи халқи тоҷик назар андозем, боварӣ ҳосил мекунем, ки тоҷикон ҳувияти миллии худро дар тӯли ҳазорсолаҳо ҳифз карда омадаанд.
Дар охири асри XX халқи тоҷик ба монеаю душвориҳое рӯ ба рӯ омад, ки ҳалли онҳо хеле мушкил буд. Ин пеш аз ҳама, ягонагию муттаҳидӣ, эҳтирому якдигарфаҳмии тамоми гурӯҳҳо ва табақаҳои иҷтимоиро талаб менамуд. Дар натиҷа солҳои 90 - уми асри гузашта, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанги харобиовари  шаҳрвандӣ  рух дод. Ин фоҷиаи миллӣ то андозае фаъолияти муассисаҳои давлатиро фалаҷ гардонд. Маҳз ҳисси худшиносии миллӣ ба тоҷикон имконият дод, ки дар атрофи ҳукумати қонунӣ муттаҳид гарданд ва барои таҳкими  ваҳдати  миллӣ  талош  намоянд.
Вобаста ба ин, дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ба таъкид омадааст: «Ҳар миллат ва ҳар халқ, хоҳ бузург бошаду хоҳ хурд, то худро нашиносад, эҳтиром накунад, таърих, фарҳанг ва суннатҳои худро надонаду қадр накунад, ҳеҷ гоҳ дар миёни миллатҳои дигар мақому манзалати шоён пайдо карда наметавонад».
Дар бораи  таъсири худшиносӣ ба инсон сухан  ронда, М. Лутфуллоев менависад: «Яке аз сифатҳои барҷастаи худшиносӣ ҳамин аст, ки  инсон қобилияту  имкониятҳои худро  дар худ ошкор месозад. Ҳамаи одамон бо қобилияте  таваллуд мешаванд  ва инсон метавонад  чандин ҳунарро аз бар намояд ва дар зиндагӣ хушбахт гардад». 
Албатта, дар шароити ҳозира як қатор монеаю душвориҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мавҷуданд, ки онҳо ба тарбияи насли наврас монеъ мегарданд. Тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносии миллӣ тақозои замон мебошад. Зарурияти тарбияи худшиносии миллӣ аз он сабаб ба миён меояд, ки на ҳамаи шаҳрвандон ба моҳияти худшиносии миллӣ дуруст  сарфаҳм  мераванд.
Сатҳи нобаробари дониш, ҷаҳонбинӣ, фаҳмиш, шуурнокӣ ва фарҳанги сиёсии шаҳрвандони Тоҷикистон мушкил ба миён меорад, ки ба ваҳдати комил ва худшиносӣ бирасем. Бояд тазаккур дод, ки ин сабабҳои объективӣ ва субъективӣ дорад. Маълум аст, ки халқи тоҷик дар муддати ҳазорсолаҳо дар зери таъсири равандҳои гуногуни идеологӣ қарор дошт. Аз ин рӯ, таҳкими Истиқлолияти давлатии  Тоҷикистон ва худшиносиву ваҳдати миллӣ, дуруст дарк намудани моҳияти онҳо ба баланд гардидани сатҳи ҷаҳонбинӣ, шуурнокии сиёсии ҳар як шаҳрванд мусоидат менамояд. Агар ҳар шахс аҳамияти ваҳдат ва худшиносии миллиро дуруст эҳсос намояд, дар он сурат принсипҳои ҷомеаи демократӣ ва адолати иҷтимоӣ пурра риоя хоҳанд гашт.
Тоҷикистон Ватани ягонаи мост ва онро ба ҷуз худи мо касе обод карда наметавонад. Худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ дар ин роҳ ба мо кумак хоҳанд кард. Аз ин рӯ, дар раванди тарбия ба он муваффақ шудан лозим аст, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба моҳияти «Истиқлолияти давлатӣ», «бунёди ҷомеаи демократӣ», «давлати ҳуқуқбунёди дунявӣ», «худшиносии миллӣ», «ваҳдати миллӣ» дуруст сарфаҳм равад ва барои пойдору устувор мондани он  саҳми  худро  гузорад.
Ба марому мақсади ниҳоӣ расидан, яъне дар ниҳоди ҳар як шаҳрванди кишвар бедор намудани худшиносии миллӣ на танҳо вазифаи давлату дигар сохторҳои он, балки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.  Меҳвари ташаккули худшиносии миллӣ аз оила сарчашма мегирад ва дар боғчаю мактаб ва ниҳоят дар ҷомеа зина ба зина рушд меёбад.

Раҳмоналӣ  ЧИЛАЕВ,
Раҳим РУСТАМОВ,
устодони Донишкадаи  соҳибкорӣ ва хизмат


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.06.2016    №: 106    Мутолиа карданд: 451

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед