logo

порлумон

ДАСТГИРӢ ОМИЛИ РУШД ВА ПЕШРАФТ АСТ

Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон, баргузор гардид, ба се Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид шуд.

Шоҳмурод Рустам, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия, зимни ташреҳи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»  изҳор доштанд, ки он бо мақсади ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатӣ дар бораи гузоштани апостил ва барои нигоҳдошти фаъолияти апостилгузорӣ мебошад.
Дар ҷаласа, ҳамчунин, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» баррасӣ ва қабул гардид.
Мувофиқи иловаи пешниҳодгардида дар давраи амали созишнома хусусӣ гардондани иншооти инфрасохторӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоии давлатие, ки зери амали созишномаи марбутаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ қарор доранд, манъ карда мешавад.
Меҳринамо Ҷонмамадова, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» иброз дошт, ки мақсади асосии таҳияи лоиҳаи қонун дастгирии давлатии истеҳсолкунандагони ватанӣ дар шароити идома ёфтани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти миллӣ ва тақвият бахшидан ба иқтидори содиротӣ ва воридотивазкунии онҳо буда, татбиқи имтиёзҳои иловагиро барои воридоти гандум ва маҳсулоти коркарди он, дарахтҳо, гулу буттаҳо ва гулҳои ороишӣ, бекор кардани андоз аз фурӯши нахи пахта ва ба ивази он ҷорӣ намудани боҷи содиротӣ барои нахи пахта, истифодабарии меъёри пасткардашудаи андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 5 дарсад барои муассисаҳои таълимии хусусӣ, корхонаҳои сохтмонӣ ва хӯроки умумӣ, озод намудани таҳвилгарон ва пудратчиёни сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун аз пардохти роялти барои истихроҷ, бонуси обунавӣ ва бонуси кашфи тиҷоратии канданиҳои фоиданоки маъмулӣ мебошад. Мутобиқи лоиҳа ҳисоб ва пардохти андоз аз фурӯши нахи пахта бекор шуда, бар ивази он боҷи содиротӣ барои нахи пахта ба андозаи 10 фоиз аз арзиши гумрукии нахи пахтаи содиротшаванда муқаррар карда шуд.

Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.06.2016    №: 106    Мутолиа карданд: 10415

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед