logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛӢ ВА ШАХСИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Андешаҳо перомуни мақолаи С. Ятимов «Равоншиносии ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ» (Дар доираи шуури муқаррарӣ)
Дар мақолаи С. Ятимов «Равоншиносии ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ» (Дар доираи шуури муқаррарӣ) дар баробари масоили дигари иҷтимоӣ ва таъмини амнияти ҷамъиятӣ бо назардошти рушди психологияи миллӣ зарурати Пешвои миллӣ дар давраи тақдирсоз аз назари фалсафию иҷтимоӣ мавриди таҳлил қарор дода шудааст.

Муаллиф эҳтиёҷ ба Пешвои миллиро чун зарурати мубрами таҳкими давлати миллӣ ва ягонагию субот таъкид карда, менависад: «Қаҳрамонӣ ва ҷонфидоиҳои фарзандони сарсупурдаи миллат ба хотири ҳифзи марзу бум, якпорчагии сарзамини аҷдодӣ ва эҳёи давлати миллӣ, ҳамчун намунаи олии рафтори ватанхоҳона дар ин раванд аз муҳимтарин омилҳост. Аммо, эътирофи он нукта зарур acт, ки мушкилтарин масъала барои халқу миллатҳо доштани сарвар, шахсияти воқеан таърихӣ бо тавоноии таъмини якпорчагии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу субот ва ягонагии миллат дар давраи фоҷиабори таърихӣ мебошад. Дар ҳама давру замон, махсусан дар лаҳзаҳои ниҳоят мураккаб ва тақдирсоз, миллатҳо барои доштани Пешво, Сарвари бо тавонмандии комил эътирофгардида ва Роҳнамо ниёз доштанд».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бе муболиға яке аз шахсиятҳои бузурги таърихи халқи тоҷик маҳсуб меёбад. Ӯ аз марзи шахсияти миллӣ берун баромада, чун шахсияти сатҳи байналмилалӣ шинохта шудааст. Дар шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир давлати ҷавони тоҷикон ба чунин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ ниёз дорад. Дар таҳкими пояҳо ва устуворсозии давлати миллӣ маҳз Пешвои миллӣ чӣ дар арсаи дохилӣ ва чӣ дар арсаи байналмилалӣ рисолати таърихиро иҷро мекунад.
Таҳлили амиқи фаъолияти бисёрсоҳаи сиёсатмадори барҷаста Эмомалӣ Раҳмон баррасии васеъро талаб менамояд. Дар шароити ниҳоят душвор ба майдони сиёсат омадани ин чеҳраи тобнок дар таърихи навини халқи тоҷик падидаи нодире буд ва ӯ дар гирудори ҳаводиси мураккаб обутоб ёфт. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси симои барҷастаи сиёсӣ аз ҷониби сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин хизматҳои Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун намуна барои роҳбарони халқҳову мамолики  дигар таъкид намуда, гуфта буд: «Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони ИДМ мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ мамлакате, ки чунин вазъияти муташанниҷ дошт, дида намешуд».
Академик Евгений Примаков дар бораи сарвари кишвари мо навишта буд: «Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон солҳои зиёдест, ки роҳбарии ҷумҳуриашро ба зимма дорад ва мамлакатро бо роҳи дуруст бурд. Ҳамчунин, вай дар муътадилсозии авзои дохилӣ мусоидат намуд».
Баргузор гардидани Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хуҷанди бостонӣ ва ба сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон рӯйдоди тақдирсозе буд, ки миллати тоҷикро аз вартаи нобудӣ раҳо сохта, тамомияти арзии кишвар, ваҳдати миллӣ ва бунёди давлатдории тоҷиконро дар охири қарни XX таъмин намуд. Вақте сухан аз истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ меравад, пеш аз ҳама, мо бояд омилҳоеро муайян намоем, ки дар раванди созандагию бунёдкорӣ нақши ҳалкунанда бозидаанд. Маъмулан, дар ин замина се омили муҳимтаринро метавон зикр кард:
Якум, омили шахсият, ки мақоми шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди барқарорсозии сулҳ ва мусолиҳаи миллӣ ба ду омили баъдӣ баробар аст ва дар баъзе мавридҳо нақши ҳалкунандаро низ бозида буд.
Дуюм, омили айнӣ, ки ба иродаи халқи тоҷик ва табиати сулҳофарини ӯ иртиботи мустақим дошта, сиёсати оштии миллиро пайгирона ҷонибдорӣ намуд.
Сеюм, омили байналмилалӣ. Он ба сиёсати сулҳҷӯёнаи кишварҳое вобастагӣ дошт, ки дар барқарор намудани сулҳ дар сарзамини тоҷикон манфиатдор буданд ва ҳар кадоме дар истиқрори сулҳ саҳми арзанда гузоштаанд.
Дастовардҳои назарраси ин ё он кишварро баъзан ба ягон шахсият нисбат медиҳанд. Дар баъзе мавридҳо шахсияти роҳбар ба дараҷае баланд бардошта мешавад, ки ҳатто аз заминаи воқеӣ дур шуда, ба дараҷаи ғайритабиӣ мерасад. Дар чунин ҳолат дар ҷомеа тафаккури шахспарастӣ зуҳур мекунад. Вале Эмомалӣ Раҳмон бо кору фаъолияти амалии худ чун лидери эътирофшудаи умумимиллӣ чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар арсаи ҷаҳонӣ маъруфият пайдо намуд. Вазъи фалокатбори даврони ҷанги шаҳрвандӣ, ки ҷанбаи маҳалгароӣ низ дошт, зарурати зуҳури лидери умумимиллиро ба вуҷуд овард.
Бояд гуфт, ки лидери умумимиллӣ дар навбати худ шахсияти байналмилалист. Ва имрӯз бо бовари том гуфта метавонем, ки Эмомалӣ Раҳмон Сарвари умумимиллии Тоҷикистон маҳсуб гардида, аз ҷониби тамоми доираҳои ҷомеа, намояндагони халқу миллатҳои сокини Тоҷикистон, аъзо ва ҷонибдорони созмону аҳзоби мухталифи сиёсӣ эътироф гардидааст.

Назрӣ ОФАРИДАЕВ,
доктори илмҳои филология,
профессор, устоди Донишгоҳи
давлатии шаҳри Хоруғ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.06.2016    №: 106    Мутолиа карданд: 544

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед