logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

БИЛЕТ БАРОИ МЕҲМОН
Дар вилояти Кӯлоб рӯзҳои адабиёти тоҷик мегузаронанд. Аз вилояти Ленинобод шоир Нурмуҳаммад Ниёзӣ ҳам  иштирокчӣ буд. Ӯ аз Хуҷанд рост ба Кӯлоб  парвоз мекунад. Ашӯр Сафар ӯро бо чанд каси дигар пешвоз мегирад.
Дар назди меҳмонхонаи «Хатлон» Нурмуҳаммад Ниёзӣ, ҳанӯз дохили меҳмонхона нагардида, мепурсад:
- Акаи Ашӯр, то Ленинобод барои пагоҳ ё рӯзи дигар билет бошад?
- Барои пагоҳ ё рӯзи  дигар нею, - мегӯяд Ашӯр Сафар,  барои ҳамин рӯз ҳаст.
Гурез САФАР

 

ШОГИРД ВА КАРТОШКА
Шогирде назди устодаш омаду гуфт:
 - Ту шахси басо хирадмандӣ.  Ҳамеша таъбат болида, боре маҳзун ё хашмгинат надидаам.  Мехоҳам маро чунин будан биёмӯзӣ.
Устод розӣ шуд ва аз ӯ хоҳиши картошка, ҳамчунин халтачаи шаффоф овардан кард.
- Агар аз касе ранҷида, озор дар дилат афтод, - гуфт устод, - ин картошкаро бигир. Аз як тарафаш номи худ, аз ҷониби дигар номи шахсеро навис, ки бо ӯ низоъ кардӣ ва ин картошкаро даруни халтача андоз.
- Ҳамааш ҳамин? - пурсид шогирди ҳайратзада.
- На, - ҷавоб дод устод. - Онро ту бояд ҳамеша бо худ гирифта гардӣ. Ва ҳар бори аз нафаре ранҷидан, ба халтача картошкае изофа намо.
Шогирд розӣ шуд. Муддате гузашт. Ба халтачааш чанд картошкаи дигар зам ва бори он вазнин гашт. Онро доим бо худ гирифта гаштан басо ноқулай буд. Болои сӯхта, намакоб картошкае, ки аввал андохта буд, ба пӯсиш даромад, чанди дигараш неш зада гул кард ва аз ин ҳама бӯи сахти нофорам ба димоғ мезад.
Шогирд назди устодаш омаду лаб ба шиква кушод:
- Ин халтачаро бо худ гирифта гаштан намешавад. Аввалан, он ниҳоят вазнин, дуюм ин ки картошка гандидааст. Ягон чораи дигар нишон деҳ.
Аммо устодаш гуфт:
- Айни ҳамин ҳол дар ботини ту ба амал меояд. Ҳар вақте ту ба нафаре хашм мегирӣ ё аз касе меранҷӣ, дар қалбат санги вазнине пайдо мешавад. Дар аввал ту инро эҳсос нахоҳӣ кард. Тадриҷан санг  зиёдтар шудан мегирад. Рафтор ба одат табдил меёбаду одат ба хулқ, ки оқибати нек наорад. Ман ба ту имкон додам, тамоми ин ҳолатро ба чашми сар мушоҳида намоӣ. Аммо ин бори вазнинро осон метавон бартараф сохт. Ҳар вақте ранҷидан ё ранҷондан мехоҳӣ, аввал андеша намо, ки оё ин санг туро даркор аст?
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД

 

САРАЗМ - БОЗЁФТИ НОДИР
Кашфи Саразм аз ҷониби бостоншинос Абдулло Исҳоқӣ дар соли 1979  на танҳо барои илми бостоншиносии кишвар, балки барои кулли инсоният бозёфти нодир ба шумор мерафт. Зеро он аз ёдгориҳои  қадимтарини замони энеолит ва аввали асри биринҷ дар Осиёи Миёна мебошад.

Саразм дар соҳили чапи дарёи Зарафшон  дар баландии 910 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Бостоншиносон бар онанд, ки номи Саразм аз калимаи тоҷикии «сарзамин» пайдо шудааст. Дар натиҷаи таҳқиқот маълум гардид, ки Саразм  шаҳрест, ки дар охири ҳазораи чори пеш аз милод рушд кардааст. Он дар масоҳати беш аз 100 гектар бунёд гардида, аҳолиаш ба беш аз 3000 мерасид. Аз рӯи маълумоти таърихӣ, ин шумора дар марҳилаи интиҳоӣ ба беш аз 10000 мерасад.
Саразм чор давраро аз сар гузарондааст. Аз рӯи деворҳои пайдошуда маълум мегардад, ки шаҳр аз чор қабат иборат аст ва фосилаи байни ҳар давра беш аз ҳазорсолист.
Албатта, ҳини ҳафриёт бостоншиносон дар ин мавзеъ ашёи зиёд пайдо намудаанд, аммо бузургтарини он бозёфти қабри маликаи Саразм мебошад. Тахмин намуданд, ки малика хеле ҷавон дар синни 25 - солагиаш фавтидааст. Тарзи гӯрондани малика аҷиб аст. Ӯро  бо ҳама ороишоташ тарзе гӯрондаанд, ки тифл дар батни модарро мемонад. 
Замони заволи Саразм аниқ аст, аммо сабаби заволаш не. Олимон тахмин намудаанд, ки шояд аз сабаби хушк гардидани сойи болои шаҳр мардум ин маконро тарк кардаанд ва ё ҳодисаи табиие онро ба харобазор табдил додааст.
Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ

 


Дейл КАРНЕГӢ
ТАРС ТАШВИШРО МЕЗОЯД
(Идома аз "Шоми шанбе" - ҳои гузашта)
Китоби «Одам бар зидди худ» низ ба мушкилоти ташвишу ҳаяҷон бахшида шудаасту ба қалами равоншиноси маъруф Карл Менненгер тааллуқ дорад. Асар як кашфиёти барҷастаест дар бораи он ки, агар ба ҳиссиёт дода шавем, ба худ чӣ қадар зарарҳо меорем. Изтироб ҳатто хундсардтарин одамонро низ метавонад гирифтори маризӣ созад, чи тавре ки дар ҳаёти  генерал Грант, собиқадори Ҷанги шаҳрвандии Амрико, рӯй дода буд.
Дивизияи генерал Ли, ки гурусна монда буд, ба тадриҷ пора – пора мешуд. Полкҳои том рӯ ба гурез мениҳоданд. Баъзе сарбозон ҷамъомадҳо ороста, доду фарёд мезаданд ва гиряву нола мекарданд. Аскарони Ли дар Ричманд анборҳои пахтаву ғалла ва корхонаҳоро оташ зада, шабона аз шаҳри дар гирдоби оташ афтода фирор менамуданд. Армияи Грант душманро думбола мегирифт ва аз ҳар ҷониб зарба мезад. Худи Грант аз азоби сардардии ҷонгудоз нимкӯр шуда, аз артишаш қафо мемонад ва шабро дар хонаи деҳқоне ба сар мебарад. «Пойҳоямро дар оби гарми хардалдор ғӯтонида, - навиштааст дар ёддоштҳояш генерал Грант, - хаёл доштам то саҳар беҳ мешавам». 
Субҳ ӯ шифо ёфт, вале на аз таъсири оби гарми хардалдор, балки аз хабари хуше. Саворае номае овард. Дар он сабт шуда буд, ки генерал Ли мехоҳад таслим шавад.  «Вақте ки афсар ба назди ман даромад, ҳанӯз сарам бо шиддат дард мекард, - навиштааст вай, - баъди хондани нома дард зуд гум гашту сиҳат шудам». 
Ташвишу изтироб, шиддати асаб боиси сардардии Грант шуда буданд, ҳамин ки аз ин ҳолати равонӣ раҳоӣ ёфт, худро бардам ҳис намуд. 
  (Идома дорад)
Тарҷумаи Нозирҷон ЁДГОРӢ

 

НАМАКИ ОШ ДИГАР ЗАҲРИ САФЕД НЕСТ
Намаки ош на он қадар зараровар ва хавфнок аст, ки одатан  тасаввур мешавад. Истеъмоли онро танҳо гипертоникҳо бояд камтар намоянд. Ба ин хулосаи ҳангомаангез олимони Канада дар асоси таҳқиқоти оммавӣ расидаанд.

Ба дидгоҳи таҳқиқгарон 130 ҳазор одам аз 49 кишвар, ҳам бо фишори муътадил ва ҳам фишори баланди хун қарор гирифтанд. Олимон вобастагии фавтнокӣ, сактаи дил ва майнаи сарро аз сатҳи истеъмоли  намак тадқиқ карданд.
Муайян гардид, ки маҳз сатҳи пасти  истеъмоли намак нисбат ба истеъмоли муътадили он хавфнок аст.
Даъват ба парҳез аз ғизои сернамакро  олимон ҳатто барои одамони дорои фишори баланд низ зарарнок ҳисобиданд.
«Хӯроки камнамак каме фишорро поин мефарорад, вале дар баробари ин, таркиби силсилаи ҳормонҳоро дар организм афзун месозад, ки хеле бад аст, - иброз доштааст профессор Менте. - Хуллас, масъала на танҳо сари як  фишорбаландӣ, балки маҷмуан суд ё зарар барои саломатӣ аст».
Ш. ҚУРБОН

 

МОҲИИ ТИЛЛО
ОНРО ДАР БРИТАНИЯ ҶАРРОҲӢ КАРДАНД

Сокини 59 - солаи деҳаи Эстон Клинтон - Рой Хэндс барои ҷарроҳии моҳии тиллоии панҷсолааш Немо, ки як вақтҳо ба 5 доллар харида буд, 300 доллар харҷ кард.
Ба гуфтаи Хэндс, дар сари Немо вараме пайдо шуда, тадриҷан калон шудан гирифт. “Гӯшам бод гирифт, ки моҳиҳоро ҳам ҷарроҳӣ мекардаанд. Аз ин рӯ, қарор додам, ки ба беморхонаи Бристол муроҷиат кунам. Ягона умедам ба ҷарроҳон буд", - нақл мекунад Хэндс.
"Мо ба даҳони моҳӣ, ки ҳангоми ҷарроҳӣ 45 дақиқа аз об берун буд, пайваста бо сӯзандору об мерехтем, то ки нафасаш нагирад. Нохост дар байни амалиёт дили Немо аз задан монд, лекин баъди фурсате мо ӯро ба ҳаёт баргардондем", - ҳикоят кард ҷарроҳ Соня Майлз.
Хуршеди ҶОВИД

 


1 ГРАММ – ВАЗНИ РӮЗНОМА ДАР ПОРТУГАЛИЯ
Рӯзномаҳо таърихи аҷоиб доранд. Масалан, онҳо дар Русия соли 1613 дар шакли дастнавис таҳия мегардиданд. Ин гуна газетаҳоро «Номаҳои хабарӣ» меномиданд. Рӯзномаҳои дастнавис ҳанӯз ҳам дар замони муосир арзи ҳастӣ доранд. Масалан газетаи «Мусалман дайли» - ро бо забони урду ҳамарӯза дастнавис карда, дар онҳо аксҳои заруриро часпонда баъдан нусхабардорӣ ва паҳн менамоянд.
 «Терра ностра» бошад, ҳамчун хурдтарин рӯзномаи олам шомили китоби рекордҳои Гиннес гардидааст. Ин рӯзнома соли 2012 бо андозаи 18 Х 25 миллиметр ва вазни 1 грамм   дар Португалия ба чоп расидааст.
Гулнисои САЪДОНШО

 


ЧЕРЕДНИК –  ДАСТПАРВАРИ ФУТБОЛИ ТОҶИК, ЧЕМПИОНИ ОЛИМПӢ

Алексей Валентинович Чередник дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ дастпарвари футболи тоҷик аст. Вақте ки бо футбол шуғл варзид, бозиро аз дарвозабонӣ шурӯъ кард ва гоҳ – гоҳе дар хати дифоъ низ ба майдон мебаромад.

Айёми наврасӣ пушти сар шуд ва Алексейро соли 1977 ба ҳайати дувуми дастаи «Помир» - и Душанбе, ки дар Лигаи якуми чемпионати футболи СССР  ҳунарнамоӣ менамуд, даъват карданд. Пас аз ду сол Чередник бозигари асосии ҳайати «Помир» гардид ва то соли 1982 дар ин даста бозӣ кард. Сипас, ӯ ба дастаи футболи овозадори «Днепр» (Днепропетровск), ки дар Лигаи олии футболи Иттиҳоди Шӯравӣ бозӣ мекард, гузашт. Аз соли 1983 то 1989 Алексей Чередник футболбози калидии дастаи «Днепр» маҳсуб мешуд ва чун ҳимоятгар ва нимҳимоятгар дар дастаи мазкур дурахшид. Хешро ҳамчун футболбози қатъиву устувор нишон дод ва чунин сифоташро ба назар гирифта, ӯро соли 1987 ба тими мунтахаби олимпии СССР ҷалб намуданд. Давоми ду сол дар ҳашт дидори анҷомдодаи ин даста ҳузур дошт ва соли 1988 дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Сеул дар ҳайати тими мунтахаби олимпии Иттиҳоди Шӯравӣ ба гирифтани унвони чемпионӣ мушарраф гашт.
А. Чередник дар дастаи «Днепр» соли 1988 чемпиони СССР гардид ва солҳои гуногун барандаи Ҷоми СССР, Ҷоми Федератсияи футболи СССР, ҷоизадори нуқраву биринҷии чемпионат шуд.
Алексей Чередник унвонҳои Устоди варзиши СССР ва Устоди хизматнишондодаи варзиши СССР – ро сазовор гаштааст.
Таҳияи Р. ИСМАТУЛЛОЕВ

 


ЗЕРУАЛӢ БО РАҚАМИ «0» БОЗӢ КАРДААСТ
Вақте ки Хишам Зеруалии марокашӣ бо клуби шотландии «Абердин» қарордод ба имзо расонд, ҳамон замон ба ӯ мухлисон лақаби  «Zero» (адади 0) - ро доданд. Ва ба ҳамин хотир Зеруалӣ бо футболкаи рақами «0» бозӣ намуданро ихтиёр кард, ки қаблан бо чунин рақам касе бозӣ накарда буд. Пас аз як соли он, дар мавсими нави футбол, федератсияҳои футболи Шотландия ва Англия бо ин рақам ба бозӣ баромаданро манъ намуданд.
Таҳияи И. РАҶАБ

 

Назари дигар
ЛАК АГАРЧӢ ЗЕБОӢ МЕБАХШАД…
Мутахассисони Донишгоҳи Стэнфорди Амрико зимни тадқиқот ба хулосае омаданд, ки истифодаи лак, ё худ ҷилобахш ба саломатӣ зарари ҷиддӣ дорад. Хусусан, ҳангоми ороиши нохун ба безурётӣ ва ҳатто ба бемории саратон оварда мерасонад.

Эпидемиолог Чу Куач мегӯяд, ки маҳсулоти барои нигоҳубини нохунҳо лозимбуда дар худ моддаҳои токсинӣ доранд, ки ба организми шахс таъсири манфӣ мерасонад.
Таъсири формалдегид, дибутилфталат ва толуол бошад, осебпазирии системаи асаб ва вайроншавии фаъолияти ҳормонҳоро вусъат мебахшад.
Чу Куач ба занони ҳомиладор маслиҳати истифоданабурдани асбоби ороиши нохунро медиҳад. Бахусус, аз лакҳои  ҷилобахш бояд эҳтиёт шуд.
 Ӯ ба ороишгару машшотаҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, аз ҳама  бештар хатари ба мушкилии хотира, камақлӣ, нишонаҳои асабоният ва дилбеҳузурӣ дучор шуданашонро муайян намудааст.
“Чунин мушкилот ҳангоми нафаскашии мунтазами моддаҳои хавфноки бухоршудаи асбоби ороишӣ ба амал меоянд, - иброз намудааст ӯ.
Р. КАРИМОВ

 

АГАР ШУМО…
Дар курраи Замин зиёда аз 7 миллиард одам зиндагӣ мекунад. Аз онҳо: 57 дарсад осиёӣ, 21 дарсад аврупоӣ, 14 дарсад амрикоӣ ва 8 дарсад африкоиҳоянд. Боз ҳам 52 дарсадро занҳо ва 48 дарсадро мардон ташкил медиҳанд, ки дар ин шумора мову шумо ҳам ҳастем.  
Агар ин субҳ аз хоб сиҳату саломат бедор шудед, аз як миллион сокини рӯи дунё, ки то охири ҳафта мемиранд, хуштолеътар ҳастед.
Агар дар давоми зиндагиатон ҷанг, ранҷи зиндон, шиканҷа ва гуруснагиро надида бошед, аз 500 миллион одами ба ин ранҷҳо гирифтор хушбахттар ба шумор меравед.
Агар манзили зист, ғизо ва дар тан либос дошта бошед, аз 45 дарсади сокинони сайёра доротаред.
Агар дар хона пасандоз ва дар ҳамёнатон пули муайянро соҳиб  бошед, ба шумори 8 дарсади одамоне, ки таъминоти хуб доранд, ворид мешавед.
Агар шумо ин «агар»-ҳоро хонда истода бошед, толеи боз ҳам фаррухтаре доред. Зеро шумо яке аз 1 миллион одаме, ки хондаву навишта наметавонад, нестед!
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР

 


Хислатҳои аҷиби  одамони наҷиб
Дар олам одамони аҷиб зиёданд, ки бо амалҳои ғайриодиашон дар замонҳои гуногун тамоми сайёраро ба ҳайрат овардаанд.

Шридхар Чиллол
Ин одам соли 1936 дар шаҳри Пумаи Ҳиндустон таваллуд шуда, барои  нохунҳои дарозтаринаш ба китоби рекордҳои Гиннес шомил шудааст. Соли 1990 аниқ карда шуд, ки дарозии нохунҳои панҷ ангушти дасти чапи ӯ дар маҷмӯъ 439,42 сантиметрро ташкил медиҳад. Нохуни нарангушташ 76,2 сантиметр, ангуштони миёна ва паҳлуӣ 86,36 сантиметрӣ, ангушти кӯчакаш 87,63 сантиметр. Шридхар нохунҳояшро аз соли 1952 месабзондааст.

Ганс Н. Лангсети
Соҳиби риши дарозтарин Ганс Н. Лангсети ба ҳисоб меравад. Номбурда 15 соли охири умрашро дар шаҳри Кенсенти ИМА гузаронда, соли 1927 вафот кардааст.
Пеш аз дафн риши ӯро бо дарозии 5 метру 33 сантиметр бурида гирифта, соли 1967 ба Донишкадаи Смитсони Вашингтон барои нигоҳ доштан супориданд.
Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ

 

ПАНД
Одамони хуб аз ёд намераванд, аз дил намераванд, аз зеҳн намераванд. Вале пештар аз ин ки қадрашонро бидонем, аз наздамон мераванд.
* * *
Қалбе, ки барои Ватан наметапад, ҳамон беҳтар, ки ҳаргиз натапад.
* * *
Ҳеҷ фикр кардаӣ, ки вақте мардум пушти сарат ҳарф мезананд, чӣ мафҳуме дорад?
Яъне ту аз онҳо ду қадам пештарӣ.
Таҳияи Лашкар ШАРИФ

 

АРОБАҲОИ ДУЧАРХА.
ИХТИРОИ ОНҲО ИНҚИЛОБ ДАР ИЛМИ ҲАРБ БУД
Таърихнигорони муосир чунин меҳисобанд, ки аробаҳои дучарха 2300 сол пеш аз милод дар Месопотамӣ ихтироъ шудаанд, аммо барои исботи ин ақида далели муътамад то ҳол ба даст наомадааст. Вале дар он замоне, ки асп ба одам ром шуда буд, ҳанӯз ба аспи даванди имрӯза шабоҳат надошт.

Акси аспҳои дар суратҳои қадимаи сангдевораҳо кашида аз хар қариб ки тафовут надорад, аз ин рӯ, баъзе олимон мегӯянд, ки шумерҳои давраи бостон ба аробаҳояшон хар бастаанд, на асп. Шояд ин ақида дуруст бошад, зеро ба одам танҳо дар ҳазораи дуюми то милод муяссар гашт, ки зоти аспи имрӯзаро ба даст оварад. Баъдтар мисриёну осуриҳо ба дучархаҳои худ аспҳоеро бастанд, ки 160 сантиметр қад ва то 500 кило вазн доштанд.
Бо гузашти айём аробаҳо такмил меёфтанд, ҳам боркашу ҳам ҷангӣ. Воқеан, баъзе таърихдонон мепиндоранд, ки аробаҳо дар Месопотамӣ ва ҳам дар Қафқоз, инчунин дар даштҳои Осиёву Аврупо  мустақилона ихтироъ шудаанд. Аммо бо сабаби он ки дар ҳамаи ин маҳалҳо аробаҳо  сохти якхела доштанду номи қисмҳояшон ҳам ба ҳам монанд буданд, метавон гуфт, ки маркази истеҳсоли онҳо шояд ягона аст.
Технологияи сохтани аробаи дучарха пайваста такмил меёфт. Дар Месопотамӣ дучархаҳо дар аввал бисёр вазнин буданд, ба майдончаи найзапартоӣ шабоҳат доштанд, вале дар Миср аробаҳо сабуки зудҳаракат буда, дар он камонварон ҷой мегирифтанд ва худи дучарха низ ба яроқи даҳшатнок монанд буд.  
Ихтирои дучарха дар илми ҳарб инқилоб ба вуҷуд овард. Дар артишҳо қувваи зарбазананда ба ҳисоб рафта, на танҳо оқибати муҳорибаҳои алоҳида, балки ояндаи давлатҳои мустақилро ҳал мекард. Амалиёти ҳарбии аробаҳои дучархаро Ҳомер бисёр ҳам зебо ва ҳаққонӣ тасвир намудааст. Вале шуҳрати ҷангии дучархаҳо дар Миср ва шоҳигарии Хети Осиёи Хурд ба авҷи аъло расид.  Ин ду шоҳигарӣ пайваста бо ҳам меҷангид ва артиши худ, аз ҷумла аробаҳои дучархаро доим такмил медод.
Ҷанги ҳалкунанда аз рӯи тахминҳо соли 1312 ё 1296 то милод дар назди шаҳри Кадеш, ки дар ҳудуди Сурияи имрӯза доман густурда буд, ба вуқӯъ омад. Таърихнигори фиръавни Миср Рамсеси II нигоштааст, ки аз ду тараф 20 – ҳазорӣ пиёдааскар ҷангид, вале неруи асосӣ дучархаҳо ба ҳисоб мерафтанд, ки аз ҳар ҷониб ба 2,5 ҳазор адад мерасид. Аробаҳо дар дастаҳои даҳӣ, сӣ ва панҷоҳӣ муттаҳид мешуданд. Ба тири чархҳо кордҳои дарози дудама мебастанд ва вақте ки ароба бо суръати тез ба сафи пиёдагардҳо медаромад, сарбозонро чун алаф медаравид. 
Дар ин муҳориба аввал ғалаба насиби хетҳо шуд, Рамсес гурехт, аммо бо ёрии иттифоқчиёни расида ба неруи дарғафлатмонда ва ба тороҷгарӣ машғулшуда ҳамла оварда дастболо гашт. Вале Муваталлис, шоҳи хетҳо, ғалабаро ба номи худ навишт, Рамсес низ ҳамин тавр кард, баъд ҳар ду сулҳ бастанд.
Аробаҳои дучарха аз аср ба аср такмил меёфтанд. Акнун онҳоро на як ва ё ду асп, балки аз чор то шаш асп мекашид. Дар бордон чор ҷанговар ҷой мегирифт ва ароба ба танк монанд мешуд. Форсҳо бошанд ба тири чархҳо дос баста, аробаро ба таҷҳизоти даҳшатнок табдил доданд ва дар муҳорибаҳои зиёд бо ёрии он ғалабаҳо ба даст меоварданд, то даме, ки аз Искандари Мақдунӣ шикаст нахӯрданд.
Гай Юлий Сезар низ бар зидди душманон аз аробаҳои дучархаи ҷангӣ фаровон истифода бурдааст. Аробаҳои ӯ сафи ба ҳам зичи пиёдаҳоро «даронидаву даравида», истеҳкомҳоро шикаста, барои савораҳо майдони муҳорибаро васеъ мекарданд ва ғалабаро таъмин менамуданд. Михаил Курушин, адиби рус, навиштааст, ки баъзе таърихнигорон бар он ақидаанд, ки аробаҳо дар ҷанг бештар чун аслиҳаи психологӣ истифода мешуданд, на ба монанди танкҳои замони муосир. 
 
Қурбон МАДАЛИЕВ,
тарҷума аз русӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.06.2016    №: 107    Мутолиа карданд: 681

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед