logo

фарҳанг

«ГӮРҒӮЛӢ» МОЛИ ТОҶИКОН АСТ

ОНРО НАБОЯД АЗ ДАСТ ДОД
Асари пажӯҳишии фарҳангшинос, муаррих ва журналисти  варзида Ҷонибек Асрориён гузориши илмиест дар мавриди ҳамосаи  «Гӯрғӯлӣ» ва дар он зимни  омӯзиши навиштаҳои  муҳаққиқони хориҷию ватанӣ ба паҳлуҳои  баҳсталаби эпос назар андохта шудааст.

«Гӯрғӯлӣ» эпоси таърихиест, ки аз гузаштаи пурпайкору  диловарии аҷдоди  тоҷикон қисса мекунад.
Чун сарусадоҳо  нисбати ҳамосаи «Гӯрғӯлӣ»  тӯли даҳсолаҳои охири садаи бистум ва  оғози ин қарн зиёд аст, хостем,  нисбат ба эҷоди асар, масоили мубрам гирди номи «Гӯрғӯлӣ»  бо донишманд Ҷонибек Асрориён суҳбате ороем. 

- Шуморо чӣ водор сохт, ки ба таҳқиқи  ҳамосаи мардумии «Гӯрғӯлӣ» даст занед?
- Достони «Гӯрғӯлӣ» қарнҳои тӯлонӣ ба мардум ватандорӣ ва меҳанпарастӣ ва далерию шуҷоатро талқин мекард. Тасаллои дили ватандорон буд. Гузашта аз ин, ӯ ҷавонмардӣ, некангорӣ, накукирдорӣ ва адолатро тарғиб дошт. Маро бетарафӣ ва ноҷавон- мардии баъзе аз намояндагони илми академӣ ғамгин сохт. Ва чандест, ки  ба   омӯзишу  пажӯҳиши ин ҳамосаи қадимии тоҷик камар бастаам.
Хушбахтона, «Гӯрғӯлӣ» тасдиқ месозад, ки мардуми тоҷик дорои ҳамосаи бузурги халқие мебошад, ки дар заминаи он осори ҳирфавӣ ба вуҷуд омадааст. Ва ҳам дар суҳбатҳо бо бастакорони мумтоз Талабхӯҷа Сатторов,  Абдулфаттоҳ Одинаев яқинам шуд, ки дар гӯрғӯлисароӣ чанд парда ва лаҳну сабк аст, ки бархе ҷанбаи бештар ғиноӣ дорад ва қисмати бештар, ҷанбаи ҳамосӣ, раҷазгӯӣ ва қаҳрамонӣ, ки бояд садои гӯянда бар садои табли ҷангӣ ва зарбу суми аспон ва ғайра бартарӣ пайдо кунад. Яъне, мусиқӣ аз тариқи думбра тоҷикист ва бино бар мазмуну муҳтаво садо ғайримуқаррарист. 
Солҳои 60 ва 70-уми  қарни гузашта тоҷикони кӯҳистонӣ василаи  радиоҳои болои симчӯб, шефтаву шайдои гӯрғӯлӣ мешуданд. Яке дигариро хабар мекард, ки пагоҳ ё фардои дигар давоми қиссаро мешунавонанд. Ва гӯшу ҳуш ба қиссаҳои қаҳрамонию паҳлавонӣ медоданд.
Гӯрғӯлисароёни мумтоз Ҳикмат Ризо, Ҳақназар Кабуд, Сайдалӣ Алиев, Бурӣ Муҳаммадӣ, Қурбоналӣ Раҷаб ва дигарон бо шеваву услуби хоси худ дили мардумро гарм мекарданд. Ба қавли донишманди варзида Файзалӣ Муродов (равонаш шод бод) дар ганҷинаи фолклори тоҷик  беш аз 240 достонсаро номнавис шудаанд, ки аз густариши паҳновари «Гӯрғӯлӣ» ва маҳбубияти эпос гувоҳӣ медиҳад.

- Чаро имрӯзҳо мисли пешин аз пушти пайдо ва ҷустуҷӯи қарта, фитаву қиссаҳои марғуб нестем?
- Имрӯз зиндагӣ тағйир хӯрда, ҷомеа дигар гашта, ҳама дигаргуна аст. Насли дигаргунаву талаботу эҳтиёҷот низ дигар шуда. Дид дигару сӯзу бархӯрдҳо ва техникаву таҷҳизот ҳам, завқ низ. Тоифаи нав ҳеҷ эътимод  ва зарурат ба шунидани ривоятҳои куҳан надорад. Чаро ки кунун қиссаҳои ҷадид тавлид ёфта. Албатта, талаботу таваҷҷуҳи насли нав ба намунаҳои тозаи замон афзуда, то ҷое қиссаҳои куҳан ба  дардатон намехӯранд.
Иддае аз муҳаққиқини тоҷик, ки мегӯянд: «Гӯрғӯлӣ моли мо нест! На номашу на мазмунаш ва на мусиқиаш!». Ба ҳеҷ ваҷҳ ин гуфта беасар нахоҳад монд. Кор то ба ҳаддест, ки ин далелро ба сари аксар таҳмил намудаанд…

- Пас, чӣ корро бояд анҷом бидиҳем, ки ин дарё маҷрояшро дигар кунад?
- Даъво сари эпоси мардумӣ ва мазмуну муҳтавои он аст. Банда тайи чанд соли омӯзиш дарёфтам, ки муҳаққиқин  ба ду паҳлуи як масъала фурӯ нарафтаанд. Мунозира сари чист: якум мотив, муҳтавои қиссаҳо, ки дар бештари олами маскун ба гӯру гӯрзод алоқаманд ва дуюм атрофи достони мукаммал ва персонажҳои  хубу зишту сабку услуби достонсароӣ.  Дар ҳар ду ҳолат  ин дуро ба ҳам меомезанд. Банда бо истифода аз мантиқ ва далели  ба даст омада  ба ин масъала рӯшанӣ андохтам.

- Дар яке аз симпозиумҳои ҷумҳуриявӣ олими шинохта Аскаралӣ  Раҷабов  гуфта буданд, ки «Гӯрғӯлӣ»  дар асрҳои XVIII - XIX  пайдо шуда…». Шумо ба ин гуфтаи олим чӣ  андеша доред?
- Бароятон як далел меорам, боқӣ худ қазоват кунед. Алъон бо як байти бузургвор Ҷалолиддини Балхӣ аз достонҳои мардумии Гӯрғӯлӣ метавон натиҷа гирифт:
Бонги гардишҳои чарх аст, ин ки халқ
Месарояндаш ба танбӯру ба ҳалқ.


- Пас шумо бо итминони комил собит месозед, ки ҳамосаи «Гӯрғулӣ» моли тоҷикон аст?
 - Бале, бе шакку шубҳа. Ба андешаи мо, «Гӯрғулӣ» бузургтарин эпоси халқии ҳамаи давру замонҳо – манзумаи беназир ва маҷмӯи орзуву омол ва ормонҳои қавми аз чор сӯ ғоратшудаву ба гирдоби хиёнату хун ҳамвора гардондаи тоҷик аст.
Достон дар ситоиши таҳамтанмардон ва ҳофизони банангу номуси миллати тоҷик, балки ориётаборон аст, ки аз дуриҳо маншаъ мегирад. «Гӯрғулӣ» асари монументалист, ки чанд садсола бо ҳар созу ранг, вале як муҳтаво дар назми эпикии мардуми  тоҷикзабон ҳамсону ҳамсанг ва қобили муқовимат надошт. Сарояндагонаш,  шоирони халқӣ, ифодагари рӯҳияи мардуми одӣ то ҷои тавон дар он тамоми паҳлуҳои рӯзгорро ғунҷондаанд. Вобаста ба муҳити зист, анъанаву суннат ва забони муошират ровиён аз муҳраи сухан як тасбеҳи зебое офаридаанд, ки шоистаи таҳсин аст.  Офаридаашон агар  аз рӯи мазмун монанд бошад ҳам, тарзи  озину ороиши лаҳзаҳо ва баён яксон нест. Ҳар кадом дову шигирди иҷрои хешро доранд. Аз 9 то 120 ҳазор мисраъ ёддошт кардаву сароидаанд. Тасаввур карда метавонед, ки чи достонест азиму бемонанд!..
Эҷоди ҳар қиссагӯ дар алоҳидагӣ асари ҷудогонаи нодир ва моли ҳалоли адабиёти тоҷик аст. Беш аз 100 персонаж аз  тоифаҳои мухталиф аз некону бадон дорад…
 

- Бубинед, ки дар ин эпоси бузург чи қадар номҳои зебову гӯшнавоз ва ибораҳои суфта мавҷуданд: Гӯрғулӣ, Аваз, Ҳасан, Нуралӣ, Шералӣ, Ҷаҳонгир, Соҳир, Одилхон, Гулширмоҳ, Ҳилолбӣ, Ноҳид, Гулхиромон, Сурайёбону, Гулюсуф, Гуланор, Гулхумор, Тарноз, Сарандеб,  Қофлоншоҳ, Манзар подшоҳ, Байманшоҳ, Успиёншоҳ, Аҳмад шайтон,  Шукурхон, Ғоибназар, Каримқассоб, Мулки Райҳон араб, шаҳри Каримхон, Балхувон, Чамбули Мастон, Ҳомиён…
Акнун биравем сари унвони Гӯрғулӣ ва ё ифодаи дигари он Гӯрӯғлӣ.

Ин дуро чӣ сон метавон шарҳ дод?
- Қиссаҳои Ғайбзод, Пури Гӯр, Гӯрзо мисли достони «Дарахти Ассурик» ва «Вис ва Ромин» аз даврони куҳан боқӣ монда. Мотиви он дар мардумони олам вар мехӯрад, чи эронӣ ва чи ғайри эронӣ. Қатъи назар аз макони зист, мавқеи ҷуғрофӣ, шароити будубош. Мазмун ба зайлест, ки нафаре дар гӯр зода мешавад ва бо корнамоиву қаҳрамонӣ шуҳратёр ва наҷотбахши халқе мегардад.
Умумияте, ки дар қиссаву ривоятҳо бармехӯрад, ба тариқи ғайриодӣ таваллуд шудани қаҳрамон мебошад. Дар гӯр тавлид шудан ғайри муқаррарист, вале ҳамл бардоштан низ ба падидаҳои заминӣ монандӣ надорад. Ҳамин гуна мотив ва мазмуни  вижа дар таъриху асотири бештар аз 60 халқу халқиятҳо вомехӯрад…
Намунаи адабиёти шифоҳӣ пайваста дар ҳоли тағйир ва такомул аст. Мавҷуд будани қиссаи «Пури гӯр» (аз замони портҳо) дар Бухоро, «Гӯрзо» дар  Хуросон, «Ғайбзод» дар Шероз, Гӯрғулӣ, Гӯрӯғлӣ миёни ақвоми турктабор, Кёроғлу, Кёруғлӣ, Каруғлу дар Қафқоз ва наздикиҳои Балкан аз паҳну парешоншавии як мотив мебошад. Чуноне дар Осиёи Хурд, дар сурати қиссаҳои насрии хурд вомехӯранд. Онро моли як халқ, миллат, зироаткор  ва бодиягард номидан нашояд… Ривоят ва афсонаҳо, ки тимсолаш дар эпос гирд омадаанд, миёни ақвоми ориётабор фаровон буданд. Ва ҳатто дар адабиёти хаттӣ нақши худро гузошт. Шоири шинохта  Абдулло Ҳотифӣ (асри XIV) достоне эҷод кард бо унвони «Ғайбзод», ки  дар он чеҳраи Авазпаҳлавонро мебинем.
Достони «Ғайбзод» бисёр саҳнаҳои монанд бо «Гӯрғулӣ» дорад. Аз навиштаҳои олимон Ф. Муродов ва таҳқиқи С. Аминова  маълум мешавад, ки Абдулло Ҳотифӣ инчунин қиссаро дар Қазвин шунидаву дар Бағдод ба риштаи назм кашидааст.
Макони густариши эпоси «Гӯрғулӣ» дар асл Сари Хосор ва деҳоти ҳамшафати  он буда,  ки  дар ин сарзамин забони ғайр нест. Ҳамзамон, дар кӯҳистони Яғноб, ки забони куҳанро ҳифз кардаанд, ҳам думбра (дуторча) ва ҳам гӯрғулихонӣ, то муҳоҷираташон ривоҷ доштааст. Мебинем, ки дар чанд нуқтаи кӯҳманзари тоҷикнишини Сари Хосор, Яғноб ва қисмате аз Афғонистони Шимолӣ ин ҳамосаи бузург густариш доштааст.
Аз тарафи дигар, ба қавли адабиётшинос Рустами Ваҳҳоб вазн дар матн ҳиҷоӣ буда, дар мусиқӣ ба вазни арӯз табдил мешавад. Вазн мувофиқи тағйири воқеа ва мусиқӣ дигар мешавад. Дар адабиёт ин гуна таҷриба вуҷуд дорад. Устод Лоҳутӣ чун шахси мусиқидон «Ғалабаи Таня»-ро саросар бо лаҳни «Гӯрғулӣ» иншо намудааст.
Ва ҳам ин достон як асари ормонгароёна буда, ба ғояи куҳани Ормоншаҳрӣ (мисли «Қишлоқи тиллоӣ») бастагӣ дорад, ки шоҳид «Чамбули мастон» аст. Дар ақвоми биёбонӣ ин ғоя вар намехӯрад.
Хушбахтона,  эҳсоси миллӣ ва худшиносии олимони тоҷик аз солҳои 70-уми қарни  ХХ боло гирифт. Дар баробари он, муҳаққиқон ба тақдиру таърихи эпос ҷиддитар назар андохтанд. Навиштаҳои донишмандон С. Фатҳуллоев, Ф. Муродов, С. Аминова дар ин раванд ба амиқии андеша ва афкор ба бисёр паҳлуҳои эпос рӯшанӣ андохтанд. Онҳо тавонистанд афкори ғалати худиву бегонаро аз бунёд зеру забар кунанд. 

- Соли 2005 бо саъю талошҳои Ҷумҳурии Саха эпоси қавми ёқут «Олонхо» аз тарафи ЮНЕСКО мероси шоёни маънавӣ ва моддии инсоният эълон шуд. Оё наметавон, ки эпоси мардумии  халқи тоҷик «Гӯрғулӣ» бо кӯшиши масъулин дар ин ташкилоти бонуфузи дунё мероси маънавию моддии инсоният пазируфта шавад?
- Чаро на. Бубинед, роҳбарон ва масъулини Ҷумҳурии Саха (Ёқутистон) дар чорчӯби иҷрои уҳдадории созишнома бо ЮНЕСКО аз 30 марти соли 2007 қонунро таҳти унвони «Барномаи ҳадафмандонаи давлатӣ доир ба ҳифз, омӯзиш ва густариши эпоси паҳлавонии ёқутҳо «Олонхо» барои солҳои 2000 - 2015» қабул ва нашр намуданд.
Дар ин росто моҳи ноябри соли 2001 эпоси мардумии Тибет Гесер аз тарафи мутахассисони ЮНЕСКО мероси ниҳоят муҳим ва достони шифоҳии қирғизҳо «Манас», ки решаи ориёӣ дорад, дар мақоми шоён, шигарфтарин офаридаи инсоният пазируфта шуд.
То имрӯз бештар аз 90 намунаи фарҳанги суннатии халқҳои ҷаҳон мақоми «Мероси арзишманди моддӣ ва маънавии инсоният» - ро соҳиб гардид. Вале Гӯрғулӣ бозмонда шуд. Сухан аз мотиве меравад, ки беш аз 6000 сол миёни мардуми ориётабор сайри ҷаҳон карда.
Имрӯз наметавон насли навро ба шунидани эпоси қадима маҷбур кард. Вале имконият ва зарурате дорем, ки барои аз ёдҳо  нарафтанаш чорае биандешем. Ёд кунему аз фаромӯшхонаву маҳфузгоҳҳои зеҳну ҳофиза боз гардонемаш, ки дар ҷузвдонҳои пажӯҳишгоҳҳо гарди ҳаводис нагираду чун сабки хосаи адабиёт ва таърих нобуд нашавад.
Дар чанд соли охир дар боби паҳлуҳои асотирӣ, таърихӣ, забонӣ ва боварҳои мардум дар достон пажӯҳиши сареҳу саҳеҳ анҷом нахӯрдааст. Ва ҳатто дар китобҳои дарсӣ ва маводҳои таълимӣ (ба ҷуз аз адабиёти хоса) ишора аз ин эпоси бузург нарафта, ки бади бад  аст.

Мусоҳиб Умари ШЕРХОН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.06.2016; 7.06.2016    №: 107, 109    Мутолиа карданд: 534

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед