logo

иҷтимоиёт

ЛАГЕРҲОИ ТОБИСТОНА. АЗ «ПАРАСТУ» - И БЕСАРУСОМОН ТО НИЁЗҲОИ «БОБОДАРХОН»

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил кардани истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2016 ҳанӯз аз 2 ноябри соли 2015 қарор ба имзо расонида, ҳамзамон масъулинро оид ба омодагии пурраи лагерҳо то ба санаи 15 май вазифадор кардааст. Аммо мушоҳидаҳо аз лагерҳои вилояти Суғд аз он бозгӯйӣ доранд, ки вазифаҳои гузошташуда дар аксари лагерҳо то ҳоло ба таври бояду шояд иҷро нашудаанд.

Ин дар ҳоле ки рӯзҳои наздик таҳсили хонандагон дар макотиби кишвар анҷом меёбад. Ҳамин аст, ки Назира Ғаффорӣ, муовини раиси вилояти Суғд, дар ҷаласаи ситоди навбатӣ аз чунин муносибати хунукназаронаи сарварони лагерҳо изҳори нигаронӣ кард. Зиёда аз ин, то ба ҳол ба истиснои шаҳру навоҳии Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров ва Ашт дигар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии навоҳии вилоят баҳри омодагии саривақтии лагерҳо маблағи кофӣ ҷудо накардаанд.
 Лагери «Парасту»-и идораи маорифи шаҳри Конибодомро дар як ҳолати бесарусомонӣ дарёфтем. Ин маркази фароғатию солимгардонӣ солҳои 70 – уми асри гузашта ташкил ёфта, дар масоҳати зиёда аз 3 гектар доман паҳн кардааст. Катҳо ва ғалладонҳои шикаставу рехта ба назар мерасиданд. Вале Дилором Иброҳимова, сарвари лагер, ҷои он ки ҳарчи зудтар бо андешидани тадбирҳои мушаххас ба мавсим омодагӣ бинад, баҳона пеш меорад, ки боронҳои аввали моҳи май ба корҳои омодагӣ халал расониданд ва худрову моро эътимод бахшиданӣ мешавад, ки то оғози мавсими асосӣ ва қабули хонандагон ҳанӯз вақт ҳаст.
 Урдугоҳи наврасони ба номи Гагарин, воқеъ дар шаҳри Исфара, низ дар ҳолати ҳузнангез падидор мешавад. Ваҷҳи асосӣ, набудани маблағ мебошад. То имрӯз танҳо рангубори фарши ошхонаву биноҳои хоб анҷом ёфтаасту бас. Абдумухтор Ғаффоров, сарвари урдугоҳ, иброз медорад, ки муроҷиати чандкаратааш ба идораи маориф ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияи давлатии шаҳри Исфара бе ҷавоб мондааст. Биноҳои ин ҷо ҳанӯз солҳои 50-уми қарни гузашта бунёд шуда, фарсудашавиаш зуд ба чашм мерасад, тахтаҳои фарш бошанд, ҳангоми рӯи онҳо гаштан фурӯ меравад, ки ин ба фароғаткунандагони наврас хавф ҳам пеш меорад. Ҷои дастурӯйшӯиву оббозӣ низ куллан омода набуда, арғунчакҳо шикаставу овезонанд ва атрофи ҳавзи шиноварӣ бошад, ба парваришгоҳи чорвои калон табдил ёфтааст.
 Хонандагони мактабҳои миёнаи ноҳияи Ашт низ ҳамасола бо як шавқу завқ интизори таътили тобистона мешаванд ва мехоҳанд рӯзҳои фароғати хешро дар урдугоҳи «Бободархон» гузаронанд. Бо гузашти солҳои зиёд лагери мазкур ба таъмири асосӣ ниёз дорад. Тавре Мақсуда Тоҳирова, раиси иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Ашт, иттилоъ дод, дар мавсими имсола низ бо дарназардошти имконияти мавҷуда дар ду баст зиёда аз 120 нафарро қабул хоҳанд кард.
 Бино ба гузориши раиси Шӯрои федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Ғафурӣ Тоҳир Шариф вазъи омодагии урдугоҳҳои «Чашма»-и шуъбаи маорифи ноҳияи Зафаробод, «Бодомча», «Эделвейс» дар ноҳияи Шаҳристон мувофиқи матлаб намебошад. Солҳои қаблӣ низ муносибати соҳибмулкон ба омодагии мавсими қабули наврасон дар ҳамин сатҳ буд, ки боиси нигаронист.
 Дар фарогирии васеи наврасону бачагон бо лагерҳо ҳоло марҳилаи дигар фаро расидааст. Акнун баробари хоби осудаву хӯроки бомаззаву хуштамъ, ба ташаккули ҷаҳонбинии васеи сиёсиву фарҳангӣ, ахлоқи онҳо таваҷҷуҳи бештаре зоҳир бояд шавад.
Аз ҷумла, бо назардошти пешравии илму техника дар фароғати бачагон тағйироти куллӣ, аз қабили барномаҳои махсуси фароғатии мусиқӣ - фарҳангӣ, варзишӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳатмист. Зеро ҳадафи асосӣ аз ин лагерҳо, қабл аз ҳама, инкишофи ҳаматарафаи ақливу зеҳнӣ ва маърифатист. Барои ин аз ҳама маъмултаринаш лагерҳои беруназмактабист, ки имсол дар вилояти Суғд ба 20 адад расонида мешавад.
 Имрӯз зарурате низ пайдо шудааст, ки ё дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ё дар сатҳи худи лагерҳо, бо дарназардошти шароиту имкониятҳои мавҷуда барномаҳои махсуси будубоши таътилгирандагон таҳия гардад. Дар ҷараёни шиносоӣ аз омодагии чанд лагер муътақид гардидем, ки сарварон наметавонанд барномаеро аз фаъолияти солҳои қабливу имрӯз пешниҳод намоянд.
 Дар мавсими имсолаи таътил, лагерҳои вилояти Суғд наздики 100 ҳазор нафар наврасро дар оғӯш хоҳанд гирифт. Яъне агар дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят ба истиснои хатмкунандагон зиёда аз 470 ҳазор толибилмон бошад, пас шароит фароҳам омадааст, ки ҳамасола аз ҳар 4 хонанда 1 нафар имкони фароғат дар ин ё он лагерро пайдо кунад.
Дар маҷмӯъ ин ва масъалаҳои дигари вобаста ба фароғату истироҳати тобистонаи фарзандони ояндасози мо аз масъулони соҳа дар вилоят ҳисси бештари масъулият тақозо менамояд. Бо назардошти муҳимияти мавзӯи мазкур он ҳатман пайгирӣ хоҳад шуд.
Ҷовиди АШТӢ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.06.2016    №: 107    Мутолиа карданд: 741

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед