logo

сиёсат

ДЕМОКРАТИЯ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

ОМИЛ ВА РОҲҲОИ РУШД

Ваҳдати миллӣ дар бунёди ҷомеаи демократӣ пояи сулҳу субот ва яке аз омилҳои рушди равандҳои демократисозии ҷомеа буда, инкишофи фаъолияти гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва қишрҳои онро дар кишвар таъмин менамояд. Ин раванд тақозо менамояд, ки амали ҳар як шахс, новобаста аз маҳал, мансаб ва ҷаҳонбинии динӣ дар доираи қонунҳои воқеии демократӣ ба вуқӯъ пайвандад. Аз тарафи дигар, гуногунандешӣ бояд воқеъбинона бошад ва дар чаҳорчӯби қонунҳои амалкунанда рушд ёбад.
Яке аз омилҳое, ки метавонад заминаи рушди ваҳдати миллиро таъмин намояд, рӯ овардан ба арзишҳои таърихиву маънавии худ ва  фарҳанги сиёсии давлатҳои мутамаддини демократибунёд мебошад. Зеро дар шароити сиёсии имрӯза фарҳанги демократӣ дар навбати худ барои ваҳдати миллӣ замина мегузорад. Синтези мафҳумҳои демократия ва ваҳдат метавонад ба пешрафти соҳаҳои гуногун такони ҷиддӣ бахшад. Ба он усули «Ҳама чиз иҷозат аст, ба ҷуз он чи ки қонун иҷозат намедиҳад», хос аст. Ин фарҳанг муколама, гуногунандешӣ ва инсондӯстиро талқин менамояд. Тафаккури демократӣ масъулияти баробарии тамоми шаҳрвандонро барои амалӣ намудани фаъолият ва идоракунии ҷомеа пешбинӣ менамояд.
Барои таъмини ваҳдати милливу демократия маориф ва илм нақши калидӣ доранд. Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки маориф ва илм таҳкурсии рушди ҷомеа маҳсуб ёфта, давлату ҷамъиятро на танҳо аз нуқтаи назари фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ пеш мебарад, балки шинохти соҳаҳои ҷамъиятӣ ва таҷрибаи шаҳрвандонро дар давлатсозии муосир меафзояд. Барои ба ин мақсад расидан, дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, олӣ, касбӣ-техникӣ ва дигар намудҳои таълим ислоҳоти воқеии таълиму тарбия бо назардошти баланд бардоштани сифати таълим, мазмуни нақшаву барномаҳои таълимӣ, воситаҳои аёнӣ, китобҳои дарсӣ ҳатмист. Аз ҳама муҳим, бозомӯзӣ ва такмили сифати фаъолияти омӯзгорон аз тарафи масъулони маориф ва сохторҳои марбутаи он муносибати ҷиддиро талаб менамояд.
Коршиносон ҳанӯз дар асри ХХ ба хулоса омада буданд, ки то базаи моддӣ таъмин нагардад, сокинон пайи созандагиву бунёдкорӣ намешаванд. Дар заминаи ба роҳ мондани коркарди ашёи хоми ватанӣ, бо истифода аз техника ва технологияи нав, рушди сайёҳӣ ва инфрасохтори он, бо ҷои кор таъмин намудани аҳолии қобили меҳнат ва истифодаи воситаҳои истеҳсоли муосир асоси моддиёт аст.
Фасод барои пешрафти иқтисод монеа эҷод менамояд. Албатта, фасод танҳо марбути ҷомеаи мо нест, тамоми кишварҳои дунёро новобаста аз шакли давлатдорӣ фаро гирифтааст. Аз ин ҷиҳат, дар мадди аввал мубориза бо шаклҳои гуногуни коррупсия дар ҳамаи намудҳои таълимгоҳҳои ҷумҳурӣ боиси суботу амният ва ваҳдати миллӣ мегардад. Аз байн бурдани ин ва дигар амалҳои манфӣ боз ҳам аз фарҳанги сиёсии ҳар як шаҳрванд вобастагӣ дорад.
Муносибати давлат бо дин яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеа ба шумор меравад. Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба сифати кишвари соҳибихтиёр шинохта шуданаш, муносибати худро нисбат ба дин ҳамчун арзиши фарҳангиву таърихӣ дар асоси қонунҳои демократии амалкунанда муайян намуд. Махсусан, пас аз ҷанги шаҳрвандӣ, ки вазъият хеле ҳассос буд, 1 декабри соли 1994 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дин ва ташкилотҳои динӣ» қабул шуд, ки дар он равандҳои асосии шаклгирии муносибати давлат ва дин инъикос гардидааст. Бо мурури замон қонуни номбурда мувофиқ ба талаботи замон ба такмилу тасҳеҳ ниёз пайдо намуд. Бинобар ин, 5 марти соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ба тасвиб расид. Дар он муносибати тарафайни давлат ва иттиҳодияҳои динӣ муайян гардида, дарҷ шудааст, ки барои озодии виҷдон, риояи ҳуқуқҳои қонунӣ ва манфиатҳои диндорон ва иттиҳодияҳои динӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон шакли идеологияи динӣ ба сифати идеологияи давлатӣ шинохта намешавад. Муассисаҳои давлатӣ аз дин ҷудо буда, дар навбати худ, давлат барои муайян намудани муносибати шаҳрвандон нисбат ба дин монеа эҷод намекунад.
Ҳамин тавр, муносибати дин бо давлат бояд дар асоси таҳаммулпазирии фарҳанги сиёсии навини ҷомеа ва омезиши арзишҳои пешқадами фарҳанги сиёсии давлатҳои мутараққии ҷаҳон рушд ёбад, то ин ки равандҳои демократияи навбунёди ҷомеа зина ба зина устувор гарданд.

Ғ. ҚАҲҲОРОВ,
 номзади илмҳои фалсафа


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.06.2016    №: 107    Мутолиа карданд: 559

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед