logo

иқтисод

ИТТИФОҚИ ҲУНАРМАНДОН. МУАРРИФИИ МАҲСУЛОТИ КОСИБОН ДАР МИҚЁСИ ҶАҲОН ҲАДАФИ ОН АСТ

Ҳарчанд иттифоқи мазкур хеле ҷавон аст, аллакай маҳсулоти аъзои он дар бисёр давлатҳои дунё муштариёни худро пайдо намуда, дар озмунҳои байналмилалӣ аз ҷониби созмонҳо  бо аломати сифати баланд сарфароз гардиданд. Он соли 2012 дар доираи «Барномаи рушди соҳаи ҳунармандии Тоҷикистон дар асоси  савдои боадолат ва ҳамкории тиҷоратӣ» - и Иттиҳоди Аврупо ташкил ёфтааст. Ҳадафҳои асосии ташкилот мусоидат ба рушди фаъолияти корхонаҳо дар бахшҳои хизматрасонии маишӣ ва ҳунармандӣ, ёрӣ ба аъзои худ ва ҷалби косибон барои пайвастан ба иттифоқ ҷиҳати  тавлиди маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ мебошанд. Гузарондани ярмаркаҳои маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ, тренингҳои омӯзишӣ ҷиҳати беҳтар намудани кори ҳунармандон ва иштирок дар ҳамоишҳои байналмилалӣ самтҳои асосии фаъолияти иттифоқ ба шумор мераванд. Қабл аз таъсиси он бисёри ҳунармандони дастӣ бо вуҷуди доштани истеъдоду маҳорати баланд дар тавлиди моли дастии хеш ва фурӯши он ба мушкилӣ мувоҷеҳ буданд. То ба ҳол 100 шаҳрванди дорои касбу ҳунари гуногун дар ҷодаҳои кандакории чӯб, кулолгарӣ, дӯхтани гулдӯзӣ, қолинбофӣ, оҳангарию заргарӣ, сабадбофӣ, бофандагӣ, сохтани  асбобҳои мусиқӣ ва ғайра  аз тамоми минтақаҳои кишвар ба иттифоқи мазкур ҷалб карда шудаанд.  Онҳо бо истифода аз шароити фароҳамнамудаи ташкилоти номбурда маҳсули дасти хешро ба муштариён пешкаш месозанд ва ҳунармандони дигарро ба ин ҷода ҳавасманд менамоянд.
Гузашта аз ин, садорати иттифоқ барои  беҳтар ба роҳ мондани  истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ  ва ба намоишгоҳу бозорҳои сатҳи ҷаҳонӣ баровардани он ҳамвора талош мекунад. Аз замони таъсис то ба ҳол гурӯҳи косибон бо ташаббуси Иттифоқи ҳунармандон  чанд маротиба ба кишварҳои  дуру наздик, аз ҷумла ба Федератсияи Русия,  Олмон, Қирғизистон, Корея,  Италия сафар намуданд, дар намоишгоҳҳои гуногуни байналмилалӣ иштирок карда, баҳои баланд гирифтаанд.
- Ба маҳсулоти дастӣ  чи дар дохил ва чи дар хориҷи мамлакат талабот хеле зиёд аст. Чунки моли ҳунармандони дастӣ  аз ҷиҳати экологӣ тоза ва аз рӯи зебоию мустаҳкамӣ сифати олӣ доранд. Вале дар шароити иқтисоди бозорӣ фаъолият дар ин самт мушкил мебошад.  Аз ин рӯ,  ба хотири  боз ҳам баланд бардоштани самараи фаъолияти косибони   мамлакат ва тавсеаи ҳамкориҳо бо созмонҳои бонуфузи тиҷоративу иқтисодӣ,  иҷрои корҳои  зиёд дар пешанд.  Дар фаъолияти  ташкилоти мазкур ҳанӯз камбудиҳои  бисёр ба назар мерасанд. Пеш аз ҳама, асноди ҳуқуқӣ бояд мукаммал карда шаванд. Дар асоси санаду муқаррароти дуруст кори аъзои иттифоқ баҳри истеҳоли маҳсулоти босифат  беҳтар хоҳад шуд. Ҳамчунин, ҷалби косибон барои узвият ба иттифоқ  ҳоло суст роҳандозӣ гардидааст. Шаҳрвандон  оид ба ташкилоти мо маълумоти кофӣ надоранд. Ҳол он ки ҳунармандони моҳир  дар байни мардум бисёранд. Талош мекунем, ки минбаъд соҳибҳунаронро бештар ҷалб намоем, - гуфт Муфарраҳ  Муҳаббатов, раиси Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.06.2016    №: 109    Мутолиа карданд: 544

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед