logo

иҷтимоиёт

ҲАРЧАНД ДАСТОВАРДҲО КАМ НЕСТАНД...

Бахшида ба 9 - умин солгарди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» чанде пеш дар шаҳри Хуҷанд, ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд семинари умумиҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ” доир гардид.

Чорабинӣ дар  Қасри Арбоб бо сухани ифтитоҳии муовини якуми раиси вилояти Суғд Р. Раҳматзода оғоз гардид.  Мушовири Бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа М. Бобошоҳзода роҷеъ ба сиёсати имрӯза дар соҳаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ибрози андеша намуд. Қайд гардид, ки дар ҳаёти ҷомеаи мо дар давраи 25 соли истиқлолият як қатор муваффақиятҳо ба даст омаданд. Ин пеш аз ҳама аз сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далолат мекунад. Таъкид гардид, ки қабул ва амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба беҳдошти шароити зиндагии мардум, ободии манзил, вусъати сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ва афзоиши муомилоти бонкии шаҳрвандон таъсири мусбат расонд.  
Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Давлатзода доир ба нақши истиқлолият дар сарнавишти мардуми Тоҷикистон, ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозанда, татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ибрози ақида намуд. Аз ҷумла қайд шуд, ки бо саъю кӯшиш ва талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат фазои софу беғубори гуногунандешӣ ва таҳаммулпазирӣ, озодии виҷдон ва эътиқод ҳукмфармо гашта, шаҳрвандони ҷумҳурӣ ниёзҳои эътиқодии худро озодона ва ихтиёрӣ амалӣ мегардонанд. Вобаста ба амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» изҳор намуд, ки афзоиши бақайдгирии ақди никоҳ то ду маротиба, баргузории тӯйҳои хайриявии беш аз 86 ҳазор нафар оилаи тоҷикистонӣ, то се маротиба кам шудани хароҷоти маъракаҳо, пешгирии забҳи теъдоди зиёди чорво,  афзоиши пасандозҳои аҳолӣ дар бонкҳо ва аз байн рафтани ҳолати қарзгирӣ ба хотири баргузории маърака ва амсоли он дастовардҳои даврони истиқлолият маҳсуб меёбанд. Тазаккур дода шуд, ки дар баробари кормандони соҳа, ходимони дин низ бояд дар амалисозии қонун, махсусан вобаста ба маросимҳои азодорӣ худро дар канор нагиранд.
Таъкид гардид, ки дастовардҳо назаррас ҳам бошанд, камбудиҳои ҷиддӣ ҳанӯз ҳам дар амалӣ намудани муқаррароти қонун ба назар мерасанд. Таҳлилҳо нишон дода истодаанд, ки теъдоди зиёди қонуншиканиҳо дар баргузории маъракаҳои азодорӣ ба мушоҳида мерасанд. Пешниҳод гардид, ки маросимҳои азодорӣ бо дуою фотеҳа бе додани таом баргузор карда шаванд, чунки дар ин ҳолат маърака ифодагари муҳтавои худ - изҳори тасаллият мегардад.
  Дар доираи чорабинӣ  хатнасури 50 нафар оилаҳои ниёзманди шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар чойхонаи Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба тариқи хайриявӣ баргузор шуд.
  А. МИРЗОЗОДА,
муовини раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати
ҷумҳурӣ 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.06.2016    №: 109    Мутолиа карданд: 381

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон

04.01.2019


Парвози чартерӣ дар масири Душанбе - Шарм-уш-шайх

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Ҳалокати зани тоҷик ва се фарзандаш дар Магнитогорск

Ваколати нави намояндаи Тоҷикистон дар СҲШ

Аз Сурия баромадани артиши амрикоӣ оғоз ёфт

Зонди чинии "Чанъэ-4" дар Моҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед