logo

иҷтимоиёт

МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ: ҚӮРҒОНТЕППА ЗЕБО МЕШАВАД

Марҳалаи аввали Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мақсади асосии он баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, ободкорӣ, зебоипарастӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, фарҳанг, илму маориф, тандурустӣ, муҳити зист ва ифтихор аз анъанаҳои миллӣ мебошад, дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷамъбаст гардид.

Бино ба иттилои Искандар Абдуллоев, муовини якуми раиси шаҳри Қӯрғонтеппа, раиси комиссияи мусобиқаи шаҳрӣ, барои муайян намудани маҳалла ва кӯчаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ кулли кумитаҳои маҳаллаҳо сафарбар гардида, бо дархостварақа таъмин гардида буданд. “Дар натиҷа, ба комиссияи шаҳрӣ аз ҷониби чор гурӯҳи корӣ дархосту аксҳо, маълумоти оморию ҷадвалҳисобот ва дигар маълумоти зарурӣ ба  30 маҳалла, 56 кӯча, 157 хона, 146 оила ва 27 муассиса пешниҳод карда шуд. Аъзои комиссия пас аз омӯхтани маводу маълумоти хеле зиёд, ниҳоят зимни як ҷамъомади ҷамъбастии корӣ беҳтаринҳоро муайян намуд”, - афзуд мавсуф.
Гуфта шуд, ки зимни натиҷагирӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣ масоили идоракунии хонаҳои истиқоматӣ, таъмини назорати ҷамъиятии ҷараёни ҷашну маросимҳо, амалигардонии тадбирҳои нигоҳдорӣ, ободонӣ, хизматрасониҳои дахлдори давлатӣ, санитарӣ - гигиенӣ, ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо соҳаҳои фарҳанг, тандурустӣ, маориф, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, занон, ҷавонон, пешгирии бемориҳои сироятӣ, риояи тартиботи ҷамъиятӣ ба назар гирифта шуд.
Бо назардошти ин ҷанбаҳо дар номинатсияи “Маҳаллаи беҳтарин” маҳаллаи “Сарчашма” ҷойи якум (шаҳодатнома, вимпел, 2000 сомонӣ ва диплом), “Хатлон” ҷойи дуюм (диплом) ва “Ургутмаҳалла” ҷойи сеюмро (диплом) гирифтанд. Дар номинатсияи “Кӯчаи беҳтарин” кӯчаи Ваҳдат ҷойи аввал (шаҳодатнома, вимпел, 1000 сомонӣ ва диплом), Хатлон ҷойи дувум (диплом) ва Садриддин Айнӣ ҷойи сеюмро (диплом) ишғол карданд.
Хонаи намунавӣ манзилҳои истиқоматии Ҳайдаралӣ Шерхонов (ҷойи якум - 2000 сомонӣ, диплом), Акбар Шаймонов (ҷойи дуюм - диплом) ва Мансур Рӯзиев (диплом) эътироф гардиданд. Оилаи намунавӣ оилаҳои Алоуддин Абдуллоев (ҷойи якум - 2000 сомонӣ, диплом), Сафар Ҷалилов (диплом) ва Раҳмиҷон Ҳамдамов (диплом) дониста шуданд. Аз рӯи номинатсияи “Муассиса ё идораи беҳтарин” пирӯзӣ насиби мактаби санъати бачагонаи шаҳри Қӯрғонтеппа (ҷойи якум - 1000 сомонӣ), корхонаи фаръии давлатии «Хоҷагии коммуналӣ» - и шаҳри Қӯрғонтеппа (ҷойи якум - 1000 сомонӣ), ҶДММ «Фаровон» (ҷойи дуюм - диплом) ва ҶДММ «Коргоҳи дӯзандагӣ» (ҷойи сеюм - диплом) гардид.
Мукофотҳоро раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Амируллои Асадулло дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибон супурд. Ӯ ба ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ арси сипос намуда, иброз дошт, ки ба шарофати ин чорабинии сатҳи баланд маркази маъмурии вилоят беш аз пеш ободу зебо, тозаю озода ва тамошобоб гардид. Зимнан, таъкид кард, ки дар самти ободсозии Ватани маҳбуб, новобаста аз мусобиқаю озмунҳо, ҳамеша бояд бо чунин шавқу шӯр ва дили гарму меҳри бепоён заҳмат кашид.

Зокир ҲАСАН,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.06.2016    №: 109    Мутолиа карданд: 459

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед