logo

иҷтимоиёт

ТАНЗИМ. МАРДУМ МОҲИЯТИ ОНРО БЕШ АЗ ПЕШ ДАРК МЕКУНАД

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 8 июни соли 2007 бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти зиёда аз 20 ҳазор дархосту пешниҳодоти мардум қабул гардид.
Аз ҷумла, сокинони ноҳияҳои Рашту Нуробод қабули ин қонуни миллиро саривақтӣ ҳисобида, хушҳолии хешро аз осон гардидани маъракаороӣ баён мекунанд. Ба эътирофи онҳо ҳоло гузарондани маъракаҳои маросими дафну мотам, оиладор намудани фарзандон хеле осон гардидааст.
- То қабули қонуни мазкур тӯйи арӯсӣ беш аз се шабонарӯз давом мекард, – мегӯяд сокини деҳаи Ғарми Болои ноҳияи Рашт бобои Сафол Мирзоеви 100-сола. Рӯзгордидагони деҳаҳои Навдӣ ва Бедаки ин ноҳия бобои Мирзомақсуд Гулови 78-сола ва Муҳамадсафо Муқимови 72-сола ёдовар мешаванд, ки ҳолатҳои то ду чорвои калон забҳ кардан дар маъракаҳои дафну азодории “серӯзагӣ”, “чил” ва “сол” мушоҳида мегардид. Солҳои 80 - уми асри гузашта нафароне буданд, ки то ду сол маъракаи “ҷумъагӣ” - ро бо иштироки қариб 30 нафар мегузарониданд.
Мухтор Бобиеви 84 - сола аз деҳаи Дегаии Ҷамоати деҳоти Комсомолободи ноҳияи Нуробод иброз дошт, ки аз оши сари тахта, қолин барои ҷаноза маросимҳо шурӯъ мегардиданд то се, ҳафт, чил, сол, ҷумъагӣ ва ғайраҳо. Дар ин ҳол соҳиби майит ҳатман қарздор мешуд.
Пас аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” фарзандони банангу номуси водии Рашт бо истифода аз пасандозҳои худ ба корҳои ободонӣ рӯ оварданд. Ободкорӣ ба ҳукми анъана даромад. Дар Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт Муҳиб Бобоҷонов – сокини деҳаи Поҷеи Боло якҷо бо фарзандонаш 23 км роҳи доманкӯҳро бо маблағи зиёда аз 250 ҳазор сомонӣ таъмиру тармим ва сангфарш намуд.
Зимни суҳбат Ҳоҷӣ Муҳиб ёдовар шуд, ки баъд аз қабули қонуни мазкур маросими ҳаҷ танзим гардид. Ин амалро ӯ хуб арзёбӣ намуд. То қабули қонун ҳаҷраванда аввал зиёрати ҷойҳои муқаддаси минтақаро ба анҷом мерасонд. Барои гусел ва пешвози ӯ ду ва ё зиёда аз он чорво забҳ мегардид. Теъдоди зиёди хешовандон дар фурудгоҳ ва сарҳади ноҳия ӯро пешвоз мегирифтанд. Як моҳ ҳоҷиталабон давом меёфт. Ҳоло бошад, гуселу пешвозгирӣ ва маъракаи даъвати ҳоҷиён дар доираи оила баргузор гардида, харҷҳои бемаврид ба танзим дароварда шудааст.  
Оилаи соҳибкорон Сулаймоновҳо аз деҳаи Кӯҳдомани ноҳияи Рашт ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ аз болои дарёи Сорбоғ ба дарозии 38 метр пули мошингузари мошинҳои сабукрав сохта, ба истифода доданд. Соҳибкор Олим Низомов дар деҳаи Шулеи ин ноҳия ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ соҳилҳои ин дарёро мустаҳкам намудааст.
Соҳибкор Ширмоҳӣ Сироҷова дар шаҳраки Навобод бинои дуошёна сохта, ошёнаи дуюмро бо 20 мошинаи дӯзандагӣ таъмин ва барои 25 нафар занону духтарон ҷои нави корӣ муҳайё сохт.
Соҳибкор Мурод Ҳакимов аз деҳаи Шули Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсум аз ҳисоби маблағҳои шахсиаш ду синфхонаи иловагӣ бо таҷҳизотҳояш сохтааст, ки онро то рӯзи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ба истифода медиҳанд.
Соҳибкорони маҳаллӣ дар деҳаи Тагоба барои ҷавонон як толори варзишӣ ва дар деҳаи Белгӣ  чор синфхонаи иловагӣ сохта ба истифода доданд. Дар ноҳияи Нуробод низ ин иқдом ба ҳукми анъана даромадааст.
Соҳибкорони Ҷамоати деҳоти Иззатулло Ҳалимов дар болои дарёи Вахш бо маблағи беш аз 850 ҳазор сомонӣ пули 110 - метра сохтанд, ки онро дар арафаи Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ба истифода хоҳанд дод. Пули сохташуда имкон медиҳад, сокинони деҳаҳои Роғуни Боло, Роғуни Таг, Хоҷа Айнӣ, Кумбак, Беди хоҳ ва дигар деҳаҳо тавассути мошинҳои сабукрав рафтуомади доимӣ дошта бошанд.
Кароматулло Саидов дар деҳаи Тутхор пуле сохт, ки деҳаҳои Қалъанак, Шашволон, Туғак, Сайдонро мепайвандад.
Аз суҳбат бо сокинони ин деҳаҳои ҷамоат маълум гардид, ки то соли 2007 барои шахси фавтида маъракаҳои “оши саритахта”, “се”, “ҳафт”, “чил”, “сол” бо забҳи чорвои калон барои аҳли деҳа ва “ҷумъагӣ”-ҳо дар давоми 52 ҳафта барои то 40 нафар баргузор мегардиданд. Баъзеҳо дар маросими дафну азодорӣ маблағи хайротро қарз мегирифтанд. Онҳо зикр намуданд, ки маъракаҳои дафну азодорӣ баъд аз қабули қонуни танзим даҳчанд осон гардидааст.
Сокини ноҳияи Нуробод Давлат Ҳасанов иброз дошт, ки баъд аз се соли муҳоҷирати меҳнатӣ бо сабаби беқурбшавии пул аз Русия ба Ватан баргаштам. Дар қатораи Москва – Душанбе шаҳрвандони дигар миллату халқиятҳо, ки анъанаҳои серхароҷот дар тӯйи домодиву арӯсӣ ва дафну азодорӣ доранд, такрор ба такрор таъкид мекарданд, ки Худо бо лутфу инояти хеш ба халқи тоҷик Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмонро додааст. Тавассути қабули қонуни мазкур миллати тоҷик аз сарбориҳои маъракаҳои миёншикан озод гардида, фақат талош барои сохтмону ободкориҳо доранд. 
Ҳоҷӣ Абдуҷаббор Каримов дар деҳаи Юсти Ҷамоати деҳоти И. Ҳалимов аз ҳисоби маблағҳои шахсиаш бинои бунгоҳи тиббии дуҳуҷрадор сохта, ба истифода дод. Соҳибкорон дар деҳаҳои Сари Заков, Таги Камар, Оби Борик ду синфхонаи иловагӣ, дар деҳаҳои Тегирмӣ, Оби Лурд толорҳои варзишӣ сохта, ба истифода доданд ва қисмати дигар дар арафаи анҷомёбист.
Собиқадори соҳаи маориф Пирмаҳмад Исломӣ дар деҳаи Сияҳоби Ҷамоати деҳоти Хумдони ноҳияи Нуробод китобхона сохта, онро бо китобҳои бадеӣ таъмин ва мавриди истифода қарор додааст. 
Ин номгӯйи нотамоми дастовардҳо дар ноҳияҳои дурдасти мамлакат якҷо бо беҳтарин суннатҳои миллиамон боиси ифтихори ҳамаи мо - шаҳрвандон мебошад.

Одинашоҳ ВАЛИЗОДА,
мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои
Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Душанбе – Рашт - Нуробод - Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.06.2016    №: 109    Мутолиа карданд: 459

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед