logo

иқтисод

НАЗОРАТ ҲАСТ, ВАЛЕ…

Бо мақсади ҳифз ва нигаҳдории захираи моҳии дар обанборҳои шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоби  вилояти Хатлон тибқи супориши раиси вилоят ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи апрел то  моҳи июл дар обанборҳо сайди моҳӣ аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ мамнӯъ эълон шудааст. Аз ин сабаб, оид ба ҳифзи захираи моҳӣ дар обанборҳои вилоят чорабиниҳои муштарак гузаронда мешаванд. 
Ба гурӯҳҳои корӣ  мутахассисони Бозрасии ҳифзи муҳити зисти шаҳри Кӯлоб ва мутахассисони раёсати  ҳифзи муҳити зисти вилоят ҷалб гардида, ситоди махсус ташкил ёфтааст. Ба он моҳидорони обанбори Норак, Селбур, дарёҳои Вахш, Панҷ, Сиоб ва нозирони ҷамъиятӣ низ шомиланд.  Обанборҳои вилоят, мавзеи Яхчипуни хатти  сарҳади ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, истгоҳҳои нақлиёти мусофирбар, бозорҳо, нуқтаҳои пухтупази моҳии шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Вахш, Сарбанд, Восеъ, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Данғара, Ховалинг ва дигар минтақаҳо зери назорати қатъӣ қарор доранд.
Ба гуфтаи Абдуваҷоб Миралиев сардори Бозрасии ҳифзи муҳити зисти шаҳри Кӯлоб, дар як моҳи охир дар «Баҳри Норак» ва ҳавзаи обанбори Муъминобод, Селбур, дарёҳои Вахш, Панҷ, Сиоб 29 амалиёти фаврӣ гузаронда шудааст. Дар натиҷа, нисбат ба 29 нафар протоколҳо тартиб дода шуда,  парвандаҳо барои баррасӣ ба шуъбаҳои дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ирсол гардид. Аз шахсони қонуншикан шаш қаиқ, шаш адад либоси махсуси резинӣ ва зиёда аз 1268 метр  тӯри моҳидорӣ мусодира  гашт.
Масъалаи муҳими дигар, фаъолияти дурусти нозирони ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурист. Аммо, онҳо аксар вақт ба хоҷагиҳои деҳқоние, ки ба парваришу истеҳсоли моҳӣ машғуланд, бо пеш овардани баҳонаҳои зиёд, иҷозати фаъолият намедиҳанд. Ба манфиати кор мебуд, агар роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, озмоишгоҳи бойторӣ, Ассотсиатсияи «Моҳии Тоҷик» ва дигар мақомоти дахлдор ба хоҷагиҳои моҳипарвар ёрии амалии хешро расонда, фаъолияти нозиронро  низ ба танзим медароварданд.
 
Шарифхон ТИЛЛОЕВ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.06.2016    №: 110    Мутолиа карданд: 480

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед