logo

сиёсат

НАБОЯД ҒАФЛАТЗАДА БОШЕМ!

«ТОЛИБОН» САРҲАДРО НАМЕШИНОСАД
Ба назар мерасад, ки баъд аз кушта шудани Мулло Ахтармуҳаммад Мансур, роҳбари ҳаракати «Толибон», аз сӯи ҳавопаймои бесарнишини ИМА, ки 21-уми май дар минтақаи Даҳл Бандини вилояти Балуҷистони Покистон ба вуқӯъ пайваст, саҳифаи нав дар фаъолияти ин ҷунбиши тундгаро боз хоҳад кард, ки аз он ҳам ба вазъияти дохилӣ ва ҳам авзои берунии Афғонистон таъсиргузор хоҳад буд.

Чанд омилро бар пояи таҳлилҳои ояндабинии коршиносони ватанӣ ва хориҷӣ дар ин ҷо перомуни ҳаракати «Толибон» пешниҳод мекунем, зеро афроди огоҳ ҳаргиз қурбони ҳаводис намегарданд. Меҳвари ин таҳлил бар он шаҳодат медиҳад, ки барои рӯёрӯӣ бо ҳаракатҳои қуруни вустои бар асоси нестии дастовардҳои фарҳангӣ ва куштори инсонҳо пойбанд, бояд ҳаргиз ғафлатзада набошем.
Марказҳои тасмимгирии толибон баъди 22 соли таъсиёбиашон марҳалаи буҳрониро дар таъйини толиби № 1 тай мекунанд. Ҳоло толибон иборатанд, аз гурӯҳҳои Сироҷиддин Ҳаққонӣ; писари Мулло Умар – Мулло Яъқуб; Мавлавӣ Ниёзӣ; гурӯҳи Қатар ва боз толибони парокандаи маҳаллӣ, ки бинобар ба вуҷуд омадани таҷаммуъи иқтидори эътирозии мардум нисбат ба баъзе иқдомҳои ғайрианъанавии ниҳодҳои Ҳукумати Афғонистон аз Бодғис то ба Бадахшон фаъолият мебаранд. Чунин ба назар мерасад, ки барои риояи тавозуни қавмӣ тамоюлҳои навтолибон дар Афғонистон ба намоиш гузошта мешаванд, ки муҳтавои он, пеш аз ҳама, идорашаванда гардондани толибон аз ҷониби ҳалқаҳои хориҷию дохилӣ ва таъмини ҳузури намояндагони миллатҳои гуногун, аз ҷумла тоҷикҳо, ӯзбекҳо ва ҳатто новобаста аз зиддиятҳои оштинопазир, ақаллияти ҳазораҳо дар таркиби ҳаракати «Толибон» мебошад. Ин гурӯҳҳо ҳарчанд камранг бошанд ҳам, вале фаъолияти онҳо таҳти парчами ягонаи толибӣ аз он далолат мекунад, ки дар зеҳнияти мардуми Афғонистон бинобар сабабу омилҳои гуногун, тағйироти эътиқодӣ нисбат ба шаклу наҳваи мухолифон ба вуҷуд омадааст.
Рақобат сари мансаби роҳбари толибон байни ҷиноҳҳои дар боло ёдоваршуда сурат хоҳад гирифт, ҳарчанд ба майдон омадани даъвогарони дигари маснаду мансаби курсии роҳбари ҳаракати «Толибон» аз эҳтимол дур нест. Яъне, бо назардошти идеологияи қавии тахрибкор, ки дар раъси тарҳҳои он ҷалби фарогири қишрҳои ифротгаро дар минтақа қарор доранд, аз омилҳое мебошанд, ки нодида гирифтани ҳаракати «Толибон» хатои маҳз аст. Идеологияи толибӣ сарҳадро намешиносад ва робитаи тӯлонӣ бо ҳаракатҳои тундгарои Осиёи Марказӣ ба роҳбарони он имконият даст додааст, ки дар ояндаи миёнамуддат ба ҳарими кишварҳои ҳамсоя дахолат намоянд. Аз ҷониби дигар, ҳолатҳои фаъолият кардани собиқ шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳайати ҳаракати «Толибон» бояд мавриди назари на танҳо коршиносон, балки ниҳодҳои қудратӣ низ бошад. Бо вуҷуди ин, хотираҳои ноҳамвори толибон аз ҳимояи Тоҷикистон ба «Ҷабҳаи муттаҳиди Шимол» наметавонад бар мавқеъгирии ин ҳаракати террористӣ таъсир нагузорад.
Набудани роҳбари дорои нуфузу эътибори маънавӣ барои ҳаракати «Толибон» пеш аз ҳама сарнавишти идомаи ҷангро дар Афғонистон торик мекунад ва суқути гуфтушуниди мусолиҳаи миллиро ба бунбаст мекашонад. Хатари пур кардани ин халогоҳ аз ҷониби дигар ҳаракатҳои тундгаро, аз ҷумла «Давлати исломӣ» дар дарозмуддат мумкин аст.
Аз ин рӯ,  барои Тоҷикистон гузинае беҳтар аз салоҳдиди амниятӣ дар ин мақтаи замонӣ мавҷуд нест, ки аз тақвияти сарҳади давлатӣ бо неруи инсонӣ ва ҷангӣ, таҳқиқи мӯшикофона ва коршиносонаи ҳаракати «Толибон» ва андешидани тадбирҳои дастаҷамъонаи боло бурдани фарҳанги мудирият иборат мебошад.

Фурқат НОСИРОВ,
коршиноси умури сиёсӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.06.2016    №: 110    Мутолиа карданд: 473

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед